“Диссернет” Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд (Мутиева Саодат Журажоновна), муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистонро ба асардуздӣ муттаҳам кардааст. Пойгоҳ навиштааст, ки Ҷӯрахонзода ҳангоми навиштани рисолаи илмияш ба плагиат даст задааст. Ин маълумотро пойгоҳи мазкур имрӯз, 5 апрели соли равон нашр кардааст.
Ҷӯрахонзода то моҳи феврали соли 2020 дар мақоми директори Институти тадқиқотии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнати Тоҷикистон кор мекард.
Пойгоҳ навиштааст, ки Ҷурахонзода Саодат (Мутиева) ҳангоми навиштани рисолаи номзадияш дар мавзӯи “Такмили системаи хидматрасонии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Совершенствование системы оказания услуг служб занятости в Республике Таджикистан) бахши зиёди кори худро аз аз рисолаи илмии Елена Мелнова “Услуги службы занятости на рынке труда” (Хидматрасонии шуғли аҳолӣ дар бозори меҳнат), ки соли 2002 дифоъ шудааст, рӯйбардор кардааст.
“Диссернет” навиштааст, ки Ҷурахонзода (Мутиева) аз 149 саҳифаи кори докториаш 115 саҳифаашро аз рисолаи илмии Елена Мелнова саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.
Гуфта мешавад, ки Саодат Мутиева (Ҷурахонзода) 14 майи соли соли 2011 рисолаи доктории худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон зери роҳбарии муовини собиқи вазири маориф ва илм ва раиси собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, Диловар Қодирзода дифоъ кардааст.
Ҷӯрахонзода кори илмияшро дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳқиқ кардааст.
Мутиева Саодат Журажоновна, Ҷурахонзода Саодати Хурсанд аст, ки соли 2011 ҳангоми дифои рисолаи номзадӣ ҳанӯз ному насабашро тоҷикӣ накарда буд. Ҳамин тариқ, ҳуҷҷатҳои расмӣ низ тасдиқ мекунанд, ки ӯ то замони тоҷикӣ намудани ному насабаш Мутиева Саодат будааст.
Тавре “Диссернет” менависад, 20 январи соли 2022 Шӯрои ҳимояи рисолаҳои D310.001.03 дар Академияи гумруки Русия тавсия додааст, ки хонум Мутиева аз дараҷаи илмии номазади илмҳои иқтисодӣ маҳрум карда шавад.
Саодат Ҷурахонзода соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ба ҳайси устод дар Донишгоҳи технологӣ ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ дарс додааст.
Ҷӯрахонзода моҳи феврали соли 2020 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси МТС-и назди президент таъин шуд.
Пойгоҳи “Диссернет” як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд, месанҷад.
Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард.