fbpx

Бозӣ муқобили Роналду. Рустам чӣ гуна ба футбол омад?

Рустам дастпарвари дастаи “Нижний Новгород”-и Русия аст ва чанд муддат дар дастаи “Волга” ҳам бозӣ кардааст.


0
Рустам бо Роналду оғӯш мекунад

Номи Рустам Ятимов – дарвозабони дастаи “Истиқлол” баъди бозии ин даста бо “Ал-Наср” машҳур шуд. Ятимов дар ин бозӣ аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дод ва хашми Роналдуро овард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархӯрди Роналду ва Ятимов тамошобинони зиёдеро ҷалб кард ва ҳатто шабакаҳои бонуфуз дар саҳифаҳои иҷтимоии хеш аз навори бархӯрди ин бозигарон истифода бурданд.

Муаллифи Your.tj, Фаридун Сафарзода дар ин бора бо Рустам Ятимов ҳамсуҳбат шуда, матлабе омода кард.

Рустам муқобили Роналду баромада тӯбро мегардонад

Дар доираи бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дастаҳои “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз дар ҳузури 20 ҳазору 770 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати дастаи “Истиқлол” Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум ва аз ҳайати тими “Ал-Наср” Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ва Андерсон Талиска ду маротиба дар дақиқаҳои 72-юм ва 77-ум ба самар расониданд.

Чаро Роналду ва Ятимов ҷанҷол карданд?

“Роналду дар ҷараёни бозӣ каме асабонӣ буд, зеро мо бозиро кашола медодем. Шумо бояд фаҳмед, ки дар ин бозӣ “Ал-Наср” бо суръати хеле баланд бозӣ мекард ва мо бояд тамоми усулҳоро барои паст кардани он истифода мекардем. Ин ҳолати муқаррарӣ аст, ҳамаи дастаҳо ин корро мекунанд. Росташро гӯям, ба якдигар дашном додан гирифтем. Роналду ишора кард ва ман чизе гуфтам ва ҳамин тавр рафт. Гуфтугӯ бо забони русӣ оғоз шуд, аммо ба ёдам омад, ки ӯ намефаҳмад”,- гуфт бо табассум Рустам.

Рустам ҳангоми бозӣ

“Пас аз он бо забонҳои сербӣ ва англисӣ суҳбат кардем. Аммо баъдан мо якдигарро ба оғӯш гирифтем, сӯҳбат кардем ва бозиро идома додем. Ин эҳсосот чизҳои муқаррарӣ мебошанд”,- нақл кард қаҳрамони мо.

Бозӣ бо Роналду ин орзуи ҳар як футболбоз аст

Бозӣ муқобили ситораи футболи ҷаҳонӣ ин орзуи ҳар як футболбоз аст. Дар тасаввури ҳеҷ кас набуд, ки рӯзе Роналду аз Аврупо ба Осиё меояду бо футболбозони тоҷик бозӣ мекунад. Рустам бозӣ муқобили Криштиану Роналдуро аз беҳтарин лаҳзаҳои корномаи варзишиаш медонад.

“Бемуҳобо Криштиану футболбози беҳтарини ҷаҳон аст. Ман фаҳмидам, ки чаро ӯ барандаи панҷ ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” шудааст. Ӯ хеле чусту чолок аст ва бо фикр бозӣ мекунад. Ман инро дар бозии дастаамон муқобили ӯ бо чашми сар дидам. Бубинед, ки ӯ тӯбро дар минтақаи такягоқи мо қабул мекунад, ва ба задани гол даст меёбад, ки касе инро интизор набуд. Ӯ ҳама вақт дар ҷараёни бозӣ кӯшиши голзаданро мекард”,- ёдовар шуд дарвозабони тоҷик.

Рустам дарвозабон

Эҳсоси Рустам дар бозӣ муқобили Роналду

Қаҳрамони мо Рустам Ятимов мегӯяд дар бозӣ муқобили Роналду худро ба даст гирифта, бидуни эҳсосот ба майдон баромад. Ба қавли ӯ бо эҳсос бозӣ кардан шояд таъсири хешро ба ӯ мерасонид.

“Рости гап, ман ягон чизи махсусе надидам. Бозии одӣ. Ҳама мегуфтанд: “Оҳ, Роналду!”, аммо онҳо ҳамон футболбозон ҳастанд, танҳо тезтар, техникӣ ва оқилтар. Ман ин бозиро бесаброна интизор будам, асабӣ ҳам набудам. Ман чун одат ба ин бозӣ омодагии хуб дида будам”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Роналду ба оғӯш гирифт

Фоидаи бозӣ бо Роналду

“Бозии дастаҳои “Ал-Наср” ва “Истиқлол”-ро дар шаҳри Риёз 20 ҳазору 770 нафар мухлис тамошо карданд. Фазо дар варзишгоҳ комилан дигаргун ва он ҷо бозӣ кардан мушкил буд. Муқобили мо ситораҳои футболи ҷаҳонӣ бозӣ мекарданд.

Вақте мо дар қисми аввал дар ҳисоб “Ал-Наср”-ро мағлуб кардем, таваҷҷуҳ ба ин бозӣ зиёд шуд. Ин бозии таърихӣ зиёда аз 200 миллион тамошобинро назди экранҳои телевизор овард. Ин рекорди мутлақ дар Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё буд. Бархӯрди ман бо Роналду дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Саҳифаҳои варзишии аврупову осиёӣ ин бархӯрдро ҳар гуна шарҳу тавзеҳ медоданд”,- мегӯяд Рустам.

Бозӣ бо Роналду қаҳрамони моро боз ҳам маҳбуби дили мухлисон гардонид. Ӯ дар ин бозӣ аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дод ва ҳатто Роналду аз ин қоил шуда, ӯро ба оғуш гирифт. Шумораи обуначиёни Ятимов аз тарафи дигар дар инстаграмм якбора беш аз 15 ҳазор нафар афзуд. Бо ин васила қаҳрамони моро дар ҷаҳон шинохтанд.

Роналду ба Тоҷикистон меояд

Дар оғози моҳи декабр “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе бо “Ал-Наср” бозӣ мекунад. Ҳама интизори онанд, ки Роналду ба Тоҷикистон меояд ва дар ин бозӣ ширкат мекунад. Ба қавле, ин орзуи деринаи мухлисони тоҷик аст.

“Бозӣ бо “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар Душанбе нишон дод, ки бозӣ бо тимҳои қавӣ барои мухлисон ид аст. Мардум инро интизор буданд. Вақте ки мо бо дастаи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бозӣ кардем, трибунаҳо бо 20 ҳазор нафар пур шуданд. Ҳаяҷон дар атрофи бозиҳо бузург буд. Акнун, тасаввур кунед, ки вақте Роналду ва дигар футболбозон меоянд, чӣ мешавад…”,- афзуд қаҳрамони мо.

Бори нахуст дар дастаи Истиқлол

Рустам чӣ хел футболбоз шуд

Рустам Ятимов дар шаҳри Нижний Новгороди Русия таваллуд шудааст. Модараш рус ва падараш тоҷик мебошанд. Ҳоло Рустам 25 сол дошта, айёми хурдиро дар ин шаҳр гузаронидааст. Ба футбол рӯй овардани Рустам аҷиб аст.

“Ман дар хурдсолӣ ҳама корро мекардам. Шиноварӣ ҳам мерафтам, вале бештар дар ҳавлӣ бо бачагон саргарми бозӣ мешудем. Дар оилаи мо кам нафароне буданд, ки ба варзиш меҳр дошта бошанд. Ҳангоме дар синфи дуюм мехондам, “тренер” пурсид, ки ки майли футболбозӣ дорам. Ман ва чанд нафари дигар розӣ шудем. Ҳамин тавр, ман ба ин варзиш ворид шудам”,- ба ёд оварда, гуфт Рустам.

Рустам ҳангоми машқ

Гузариш ба дастаи “Истиқлол”

Рустам дастпарвари тими “Нижний Новгород” аст. Пас аз муддате бозӣ кардан дар ин тим, ӯ дар дастаи “Волга” ҳам бозӣ кард. Он ҷо Рустам бо футболбози тоҷик Искандар Ҷалилов ошно шуд ва ин боис гардид, ки ӯ ба Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” омад.

“Моҳи октябри соли 2016 Искандар Ҷалилов маро таклиф кард, ки ба Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” биёям. Ман ҳам инро пазируфтам ва моҳи январи соли 2017 ба ҳайати дастаи шаҳри Душанбе омадам. Пас аз ду бозии санҷишӣ бозии маро сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев писандид ва ба тамринҳо оғоз кардам, лек бадии кор дар ин буд, ки дар ҳайати тим мавқеъ пайдо накардам.

Пас аз як сол Искандар боз бо ман тамос гирифт ва ҳамин тавр, бо “Истиқлол” шартнома имзо карда, ба ҳайати даста ҳамроҳ шудам. Он ҷо ба ман дарвозабони сербӣ Никола Стошич, ки дар Тоҷикистон ба дунё омада, калон шудааст, бештар кӯмак мекард. Ман ба ҳайати тими то 23 солаи Тоҷикистон даъват шудам ва мавқеъ пайдо кардам. Ҳамин, тавр соли 2019 шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтам ва дар ҳайати “Истиқлол” бо нишон додани ҳунару маҳорати хеш дарвозабони асосӣ шудам. Ҳоло дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳам дарвозабони асосӣ мебошам”,нақл кард Рустам.

Рустам Ятимов дар ҳайати дастаи “Истиқлол” борҳо ба гирифтани ҷоизаҳои инфиродӣ ва даставӣ ноил гардидааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон соли 2022 тавонист, ки ғолиби ҷоми “Kings Cup” гардад.

Ҳоло ҳама ҳаводорони футболи тоҷик Рустамро дӯст медоранд ва ба ҳунару маҳорати волояш дар ҳайати “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон аҳсану офарин хонда, ӯро мухлисӣ мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend