fbpx

Боз муҳоҷирати омӯзгорон. Зиёда аз 200 омӯзгорони Шаҳринав ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд

Дар минтақаҳои Тоҷикистон муҳоҷирати омӯзгорон бо шиддат идома дорад.


0
Омӯзгорон дар Тоҷикистон
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Аз соли гузашта то моҳи феврали соли 2022 дар ноҳияи Шаҳринав 322 нафар омӯзгорон тарки пеша кардаанд, ки 214 нафарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтаанд, менависад, нашрияи Садои мардум.

“Аз моҳҳои апрел ва майи соли 2021 то аввали моҳи феврали соли 2022, дар маҷмӯъ, 322 омӯзгор бо сабабҳои гуногун тарки кор карданд. Аз рӯи таҳлилҳо 214 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд”, – шарҳ додааст, масъули бахши кадрии шуъбаи маорифи ноҳия, Шаҳло Юлдошева.

Ба гуфти масъулони шӯъбаи маорифи ин ноҳия, бештари омӯзгорон бо ҳадафи соҳиб шудани шаҳрвандии Федератсияи Россия кӯч мебанданд. Ҳатто омӯзгорони ҷавоне, ки баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба кор қабул мешаванд, баъди як-ду моҳи фаъолият, ба муҳоҷират мераванд.

Сабаби тарки пеша карданро ба паст будани музди меҳнат низ рабт медиҳанд.

Чанде пеш аз вилояти Хатлон низ беш аз 2000 омӯзгор тарки пеша карда ба муҳоҷирати меҳнати рафта буданд.

Собиқ вазири маориф Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфта буд, ки аз кор рафтани омӯзгорон падидаи нав нест ва аз он фоҷиа насозед.

Ҳамчунин вазир қайд кард, ки соли гузашта аз миёни 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бемор шуда ё фавтиданд, 2228 нафар ҷойи зисташонро иваз карданд ва 1031 нафар ба нафақа баромаданд. Аммо ӯ нагуфт, ки шумораи умумии муаллимони аз кор рафта дар соли 2021 чӣ қадар аст.

Мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар Тоҷикистон 129 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад. Маоши омӯзгорони нав ба кор қабулшуда ҳамагӣ 500-700 сомониро ташкил медиҳад. Маоши як омӯзгор бо маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ то 1030 сомонӣ мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend