fbpx

Боз “маршировка”. 19 ҳазор нафар дар Хуҷанд ба барномаи наврӯзӣ омодагӣ мебинанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Маршировка барои Наврӯз дар Хуҷанд
Акс аз "Азия-Плюс"

*Толибон чанд тоҷикистониро дар як амали террористӣ дар Афғонистон гунаҳкор карданд

Сарраёсати истихбороти ҳаракати “Толибон” иддао дорад, ки дар ҳамлаи террористии рӯзи 9 март, ки дар натиҷаи он волии музофоти Балхи Афғонистон Муҳаммад Довуд Музамил кушта шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон даст доштаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба иттилое, ки рӯзи душанбе дар саҳифаи Твиттери ин мақомот нашр шудааст, хабар додааст.

Амали террористӣ дар Афғонистон
Акс аз EPA

“Дар музофоти Форёб як амалиёт баргузор шуд, ки дар натиҷаи он тамоми аъзои гурӯҳе, ки дар ҳамла ба волии Балх даст доштанд, боздошт шуданд. Дар ҷараёни ин амалиёт собит шуд, ки аъзоёни ин гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд ва чанде қабл барои анҷоми ин ҳамла ба Афғонистон фиристода шудаанд»,- омадааст дар иттилоъ.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин амалиёт се ҷангҷӯ, ки аз раҳбарони “ДИ – и Хуросон” (як шохаи “Давлати исломӣ”) буданд, маҳв карда шуданд. Толибон ному насаби онҳоро ошкор карданд: Мавлавӣ Зиёвиддин, шахси дуввуми созмони маҳаллии ДИ, Абу Умар Афридӣ, узви Шӯрои “ДИ –Хуросон” ва Устод Салмони Тоҷикистонӣ, мутахассиси омӯзиши низомӣ.

Муҳаммад Довуд Музамил, волии музофоти Балхи Афғонистонро, ки аз ҷониби “Толибон” таъйин шудааст, дар як бомбгузории маргталабона дар идораи маъмурият кушта шуд. Масъулияти ҳамларо ДИ бар ӯҳда гирифт. Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба идораи амнияти Балх гузориш додаанд, ки дар ин ҳамла ду ғайринизомӣ низ кушта ва ҳудуди 30 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар Русия чанд муҳоҷири тоҷик ба сурхакон гирифтор шудаанд

Дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия чанд муҳоҷири тоҷик ба бемории сурхакон гирифтор шудаанд. Дар ин бора идораи тандурустии Русия хабар додааст.

Бемории сурхакон дар муҳочирони тоҷик дар Русия
Акс: Depositphotos

Ба иттилои ин ниҳод, дар ин шаҳр 11 гирифтори бемории сурхакон ошкор гардидааст, ки ду бемор аз Тоҷикистон ворид шудаанд. Ҳафт бемор кӯдакон будаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам охири моҳи январ аз интиқоли ҷасади як ноболиғе хабар дод, ки аз бемории сурхакон дар вилояти Ленинград ҷон дод. Ба иттилои сафорат, навраси тоҷик рӯзи 25 – уми январ дар пайи гирифторӣ ба ин беморӣ фавтида буд.

Моҳи ҷорӣ Сардухтури давлатии тандурустии Русия қарореро ба имзо расонд, ки тибқи он дар тамоми манотиқи ин кишвар алайҳи бемории сурхакон маъракаи эмкунӣ гузаронида мешавад. Кӯдакону калонсолон, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ, ки зидди сурхча ваксина нагирифтаанд ва қаблан ин бемориро надоштанд бояд эм шаванд.

Бемории сурхакон зуд аз инсон ба инсон сироят мекунад ва дар сурати беэътиноӣ ба муолиҷа метавонад сабаби марг шавад. Дар Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ дар яксолагӣ ва шашсолагӣ кӯдаконро эм мекунанд.

Боз “маршировка”. 19 ҳазор нафар дар Хуҷанд ба барномаи наврӯзӣ омодагӣ мебинанд

Наздики 19 ҳазор нафар дар шаҳри Хуҷанд ба “маршировка” ё  тамрини барномаи фарҳангӣ ҷалб шудаанд. Гуфта мешавад, ин омодагӣ барои таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола аст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон иштирок мекунад.

Азия-плюс” аз қавли як манбааш аз ҳукумати вилояти Суғд менависад, ки барномаи фарҳангӣ ва асосии Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола охири моҳи март дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад ва барои омодагӣ ба он 19 ҳазор нафар, аз ҷумла ҳудуди 12 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони мактаб  ҷалб шудаанд.

“Роҳбари бадеии чорабинии наврӯзӣ Баҳриддин Раҷабов аст ва аз шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Шурӯъ аз моҳи март тамрин оғоз  гашта, дар чорабинии фарҳангӣ ва театрикунонидашуда расму оинҳои наврӯзӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлолият намоиш дода мешаванд. Барои дар сатҳи баланд баргузор гаштани он ситод ҳам таъсис ёфта, ҳамрӯза корбарӣ мекунанд”, – мегӯяд манбаъ.

Ба қавли ин манбаъ, ба “маршировка” донишҷӯёну хонандагон аз донишгоҳҳову мактабҳои маркази вилоят ҷалб гардида, аввал дар 4-5 минтақаи шаҳри Хуҷанд тамрин кардаанд ва наздики як ҳафта мешавад, ки ҳамаи онҳо дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” тамрин мекунанд.

“Қариб се ҳафта мешавад, ки ба варзишгоҳ меоем.  Ин ҳафта аз шаҳру ноҳияҳо низ иштирокчиён омада истодаанд ва ҳоло мо дар ин ҷо аз саҳар то бегоҳ тамрин менамоем.

Моро аз дарс озод кардаанд ва гуфтанд, ки дар вақти санҷишу имтиҳон дастгирӣ мекунем. Аз ҳар факултету мактаб омӯзгорону устодон масъул шудаанд ва онҳо  ҳамроҳи мо омада, назорат мекунанд”, – гуфтааст донишҷӯе, ки дар “маршировка” ширкат дошт.

Ба ғайр аз донишҷӯёну хонандагон дар ин  барномаҳои фарҳангӣ ҳамчунин, кормандони  соҳаи фарҳанги шаҳру ноҳияҳо низ иштирок доранд.

Ин ҳама омодагӣ барои таҷлили Наврӯзи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон аст. Санаи дақиқи баргузории ҷашн гуфта намешавад, аммо тибқи маълумоти Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 29 то 31-уми март ба вилояти Суғд сафар хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки баҳси ҷалби донишҷӯён ба тамринҳои идона ё “маршировка” чандин сол аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Донишҷӯён даъво доранд, ки онҳоро иҷборан ба тамрин меоранд. Дар ҳолати саркашӣ кардан, бо хориҷ кардан аз донишгоҳу мушкил бар супоридани санҷишу имтиҳонот таҳдид мекунанд. Масъулини ташкили ин гуна чорабиниҳо, аз ҷумла вазоратҳои маорифу бошад, ҷалби донишҷӯён ба “маршировка”-ро амали маъмулӣ ва афзояндаи ҳисси ватандӯстии ҷавонон медонанд.

Ду нафар дар Кӯлоб дар натиҷаи садамаи мошини боркаш фатидаанд

Нимаи дуюми рӯзи 25 – уми март ронандаи мошини боркаши «Дулан» таҳти идораи марди 39-солаи сокини деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ш. Шоҳин ба самти шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад ва чаппа мешавад.

Садамаи мошини боркаш дар Кӯлоб
Акс аз КҲФ

“Дар ин садама ду мусофире, ки дар дохили мошин буданд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, — хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Кумита бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади фавтидагонро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи шаҳрӣ интиқол ёфтааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend