Дар шаҳри Конибодом ҷасади 6 узви як оиларо пайдо карданд. Кушташудаҳо зану шавҳар бо чор кӯдакашон мебошанд.
Ба иттилои “Азия-Плюс”, ҳодиса дар деҳаи Шӯробқалъаи ҷамоати Фирӯзаобаи ин шаҳр рух дода, ҷасадҳо шаби 8-9-уми декабр пайдо гардидааст.
Ҷасади сардори оила Наимҷон Неъматови 37-сола дар дарахт овезон пайдо шудааст.
Ҷасади ҳамсари Неъматов, Нафиса Неъматоваи 33-соларо, бо кӯдаконаш – се духтари яке 13-сола, дугоникҳои 10-сола ва писарбачаи 2-сола бо “нишонаҳои буғӣ кардан” пайдо кардаанд.
Мақомот расман ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Навбатдори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, “ин ҳодисаи ҳангома аст, асоси воқеӣ надорад”.
Ин дар ҳолест, ки аз моҳи апрели соли равон кушта шудани камаш аъзоёни панҷ оила дар шаҳри Конибодом расонаӣ шуд.
Баъдан Абдураҳмон Аламшозода муовини якуми вазири корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, кушторҳои Конибодом “муқаррарӣ” аст ва “ягон ҳангомаи зиёдатӣ” нест.
“Шумораи 3-4 кушторе, ки содир шудааст, 3 ҳолаташ ошкор карда шуд. Ду ҳолати куштор вобаста ба муноқишаҳои оилавӣ аст, куштори оилаи Шариповҳо ва Умаровҳо. Инҳо дар доираи оила аст, парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳалаи ба суд ирсол кардан аст,” – гуфта буд ӯ.
Ин мақомдори тоҷик гуфта буд, ки дар хусуси ду куштори дигар бо сабаби сири тафтишот ахборот дода намешавад.