Қариб 4 миллион сомонӣ. Зиёни тахминии сӯхтор дар бозори Бохтарро гуфтанд
Ба ҳисоби ибтидоӣ, зарари сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и Бохтарро тақрибан чаҳор миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд. Як мансабдори баландпояи Бохтар ва узви Ситоди зидди сӯхтор, рӯзи 9-уми июн гуфт, “рақами ниҳоӣ баъди чанд рӯз эълон хоҳад шуд.”
Нашрияи маҳаллии “Набзи Бохтар” аз қавли раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода ин рақамро 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ навиштааст.
Бозор шаби 1-уми июни имсол оташ гирифт ва дар натиҷа як нафар ҷон бохта, ёздаҳ каси дигар осеб диданд. Соҳибкорони зиёде мегӯянд, ки пулу дӯкону маҳсулоти худро аз даст доданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки сӯхтор ба сабаби “расидани ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои бозор” сар зад. Қаблан баъзе аз шоҳидон фарзияи “оташ гирифтани балонҳои гази моеъ”-ро гуфта буданд.
Бозори “Фаровон” дар маркази Бохтар бори аввал нест, ки оташ мегирад. Дар гузашта ҳам ин бозор ба сабаби риоят нашудани меъёрҳои амниятӣ як дафъа сӯхт ва садҳо соҳибкору тоҷир зиён дидаву муфлис шуданд.
Ҳоло ҳам ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки соҳибкорону тоҷирон бо мушкилоту қарзҳое, ки барои тиҷорат гирифтаанд, танҳо мемонанд.
Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.
Боз як зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст
Ҷасади боз як сарбози тоҷики артиши Русияро, ки ба қавли наздиконаш дар Украина кушта шудааст, ба Тоҷикистон меоранд. Пайвандони Сулаймонхӯҷа Набиеви 22-сола аз ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара гуфтанд, ҷасади ӯро рӯзи 8-уми июн аз сардхонае дар Вилояти Ростов гирифтанд.
Бародараш Меъроҷ Солиев рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи кушта шудани ӯ ду рӯз қабл хабардор шуданд.
Ба нақли пайвандон, Сулаймонхӯҷа Набиев соли 2017 ба муҳоҷират рафта, дар Русия кору зиндагӣ мекард, аммо ду моҳ пеш соҳиби шиносномаи русӣ шуда, баъди сабтином дар Санкт-Петербург ба хидмат даъват шуд.
“Сулаймонхӯҷа дар Грознийи Чеченистон хидмат мекард, вале дар бораи кай ва чӣ тавр ба ҷанги Украина рафтани ӯ маълумот надорем,” — афзуд Меъроҷ Солиев.
Ҳамчунин, дақиқ нест, Сулаймонхӯҷа Набиев дар кадом минтақаи Украина ва дар чӣ шароите ҳалок шудааст.
Меъроҷ Солиев, бародари сарбози кушташуда, мегӯяд, ду рӯз пеш як масъули қисми ҳарбие, ки Сулаймонхӯҷа дар он хидмат мекард, ба ҷойи кораш занг зада, хабари марги ӯро расонд.
“Ба сардхона (морг) рафтем. Ба ғайр аз як сарбоз каси дигар ба назди мо наомад. Ҷасадро барои дору кардан ба оромгоҳи Ростов бурдем. Гуфтанд, ҳақ надорем, ки инро кушоем. Ин мурдаи терминал аст. Дар сардхона (морг) ҷасад хеле зиёд буд, мурдаро мисли тарбуз кофта мегирӣ,” – нақл кард ӯ.
Ҷасади сарбози кушташудаи тоҷикро бо ёрии муҳоҷирон ба Тоҷикистон мефиристанд. Тобути ӯ шаби 9-уми июн аз Маскав ба Хуҷанд хоҳад расид.
Аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари марги тақрибан даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расида ё матбуот тасдиқи онро ёфтааст. Пайвандони ин ҷавонони тоҷик, ки ҳама сарбози Русия будаанд, кушта шудани онҳоро тасдиқ мекунанд.
Дар бораи талафоти тоҷикон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳанӯз иттилое нест. Дар наворҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дида мешавад, ки зодаҳои Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби ҷанг ба асорат афтодаанд. Тасдиқу тафтиши дурустии ин навору хабарҳо дар шароити ҷанг номумкин аст.
Ҷанги Русия бо Украина, ки Кремлин «амалиёти махсус», вале Киев таҷовуз ба қаламраваш меномад, тақрибан чаҳор моҳ боз давом дорад.
Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд.
Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.
Аз рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд
Дар рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ба иттилои манбаъ, пас аз зуҳри 8 июн навбатдори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати минтақаи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт намудор шудааст.
Зимнан бо дарёфти ин хабар дастаи зудамали КҲФ ба ҷойи ҳодиса равон шуда, ҷасадро аз об баровард ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд.
Манбаъ меафзояд, ғарқшуда духтари тахминан 18-20-сола буда, феълан ҳувияти ӯ номаълум аст.
Зикр гардид, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввали дарёйфти ыасад дар соли равон дар рӯди Душанбе нест.
Қаблан ни мақомот дар ин дарё ҷасади марди тахминан 45-50-соларо пайдо карда буданд, ки ҳуввияти ӯ низ номаълум буд. Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.
Инчунин дар оғози моҳи ҷорӣ дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ҷасади ҷавондухтари 22-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе пайдо шуда буд.
Захираҳои тиллои Тоҷикистон дар семоҳаи 2-юм ҳудуди 17,2 тоннаро ташкил доданд
Ҳаҷми умумии захираҳои давлатии тиллои пулии Тоҷикистон ба аввали семоҳаи дуюми соли равон 17,19 тонна ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд долларро ташкил доданд.
Тиллои пулӣ — ин тиллои ҷисмонӣ дар шакли тангаҳо, сабикаҳо ё табақчаҳоест, ки поккорӣ шуда, тозагии аз 995 то 1000 доранд. Металл бояд ба талаботи стандарти ҷаҳонии Delivery Gold ҷавобгӯ бошанд. Он одатан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ва ё вазоратҳои молияи ҷаҳон мебошад.
Захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон дар Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Бино ба маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло, то аввали моҳи май захираҳои асъори Тоҷикистон зиёда аз 758 млн доллар ва ҳаҷми умумии тиллову асъори кишвар – беш аз 1,8 млрд долларро ташкил додаанд.
Захираҳои бештари тиллоро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон – 368,12 тонна дар ихтиёр дорад. Зхираҳои Ӯзбекистон ба 337,47 тонна ва Қирғизистон – ба 10,19 тонна баробар аст. Дар бораи чунин захираҳои Турманистон маълумот дастрас нест.
Дар панҷгонаи кишварҳои пешсаф дар ин самт ИМА (зиёда аз 8,1 ҳазор тонна), Олмон ( 3,4 ҳазор тонна), Италия (2,5 ҳазор тонна), Фаронса (2,4 ҳазор тонна) ва Русия (2,3 ҳазор тонна) қарор доранд.
Зимни таҳияи гузориш таҳлилгарони Шӯрои ҷаҳонии тилло аз омори Хазинаи байнулмилалии асъор, ки ба маълумоти бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон асос ёфтааст, истифода мекунанд.