Боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кушта шуд

Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад

Ин пешниҳодро иштирокчиёни конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир», ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор шуд, матраҳ кардаанд.

Дар ин конфронс Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ ширкат дошт, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси вилоят.

“Бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории навин, нақши арзанда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат хоҳиш менамоем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дуюм бо унвони олии Ватан – “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонанд”, – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Эмомалӣ Раҳмон айниҳол унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро дорад, ки соли 1999 барои расидан ба ваҳдати миллӣ ба ӯ дода шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дубора ба раисиҷумҳур додани унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” пешниҳод мешавад.

Соли 2019 ҷавонони Кӯлобу Турсунзода бо чунин пешниҳод ба парлумон ва ҳукумат муроҷиат карда буданд.

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кушта шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон  сокини шаҳри Исфара бар асари ҳамлаи мушакӣ ба тарабхонае дар шаҳри Чугуеви вилояти Харкови Украина кушта шудааст.

Ҷасади Измиддин Зайниддинови 38‑сола рӯзи 23‑уми июн пас аз берун овардан аз харобаҳои қаҳвахона дар яке аз қабристонҳои Харков ба хок супурда шудааст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Киев хабари марги ин шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ӯ ду сол пеш аз Русия барои кор ба Украина омада буд.

“Ӯ корҳои гуногунро иҷро мекард ва як шуғли аниқ надошт. Қаҳвахонае, ки ӯ дар он буд, дар канори роҳ ҷойгир аст.”,‑гуфтанд дар сафорати Тоҷикистон дар Украина.

Измиддин зодаи ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, ҳамсар ва ду кӯдак доштааст.

Харков аз ҷониби нерӯҳои Русия мушакборон мешавад, вале дақиқан маълум нест, ки ин мушак аз кадом самт ба ин қаҳвахона афтодааст.

То кунун хабари марги наздик ба 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русия бо Украина расонаӣ шудааст, ки аксари онҳо низомиён мебошанд.

То оғози ҷанг дар Украина тақрибан наздик ба панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарданд, ки аксаран ин кишваро тарк карданд.

Бештар хабари марги тоҷиконе нашр мешавад, ки дар артиши Русия муқобили Украина меҷанганд.

Дар наворҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дида мешавад, ки зодаҳои Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби ҷанг ба асорат афтодаанд. Тасдиқу тафтиши дурустии ин навору хабарҳо дар шароити ҷанг номумкин аст.

Ҷанги Русия бо Украина, ки Кремлин «амалиёти махсус», вале Киев таҷовуз ба қаламраваш меномад, тақрибан чаҳор моҳ боз давом дорад.

Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон вохӯрии муовии вазири ин ниҳод Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC”-Дубай Маҳмуд Роҳпаймо доир гардид.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкати атриётӣ бо ширкатҳои маъруфи атриёти ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар он шаҳрвандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон кор мекунанд ва роҳбарияти ширкат аз фаъолияти тоҷикон қаноатманд буда, омодаи ҷалби бештари кормандон аз Тоҷикистон мебошад.

“Айни замон тасмим гирифта шудааст, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда  ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд, – омадааст дар хабар. – Яке аз талаботи асосӣ донистани забони англисӣ мебошад”.

Гуфта мешавад, ичунин, зимни мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷом тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати сафарбар намудани довталабон ба Аморати Муттаҳидаи Араб байни ширкати мазкур ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи ғарқшавии наврасон ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Як ҷавони 18-солаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара,  ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш  аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ ба аёдати хешу табораш ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш рафта будааст.

“Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ соати 18:30 дақиқа ҷасади номбурда 5 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд”, – омадааст дар хабарнома.

“Як навраси 16-сола ҳам рӯзи 21-уми июни соли равон дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст”, – илова намудааст дафтари матбуотии КҲФ.

Гуфта мешавад ӯ сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷекат будааст. Сабаби ғарқ шуданаш маълум нест.

“Рӯзи 23-уми июни соли 2022 наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ҷасади ноболиғро дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, – зикр шудааст дар хабар.

Тибқи маълумоти КҲФ, аз оғози соли равон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 67 нафар ғарқ шудаанд, ки 40 нафарашон кӯдакону наврасони аз 4 то 16-сола мебошанд.

Skip to toolbar