fbpx

Боз аз дуди ангишт. Дар Душанбе модар бо се фарзандаш заҳролуд шуданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сабаби ин ҳодисаро ба "риоя накардани қоидаҳои бехатарии истифода аз ангишт барои гарм кардани хона" рабт додааст.


0
Чор узви як оила дар Душанбе аз дуди ангишт заҳролуд шуданд

Дар Душанбе модари 33-сола бо се кӯдаки ноболиғаш аз дуди ангишт заҳролуд шуда ба шуъбаи наҷоти беморхона бистарӣ карда шуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 24-уми декабр маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст.

Зани 33-сола ҳамроҳи се фарзандаш – яке 13, дуюмӣ 10 ва сеюмӣ 4-сола аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шуда, ба Марказии саломатии №3-и шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд.

Гуфта мешавад, беморон дар ҳуҷраи наҷоти шуъбаи заҳролудшудагон таҳти назорати табибон қарор доранд.

КҲФ сабаби ин ҳодисаро ба “риоя накардани қоидаҳои бехатарии истифода аз ангишт барои гарм кардани хона” рабт додааст.

Ин аллакай ҳодисаи дуюми заҳролудшавии аъзоёни як оила аз дуди ангишт мебошад. Як ҳафта пеш, шаби 17-уми декабр дар ноҳияи Шаҳристон чор кӯдак аз як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ду нафари онҳо ба ҳалокат расида буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфта буд, ду кӯдаки дигар дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Кӯдакон фавтида яке 6-сола ва дуюмӣ 13-сола буданд.

Бо омадани фасли сармо ва ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар Тоҷикистон аҳолии ноҳия ва деҳаҳо аз сӯзишворӣ ва усулҳои гуногуни гармкунии хонаҳо истифода мебаранд.

Баъзан ин ба фоҷиа, аз ҷумла сӯхтор ва заҳролудшавӣ оварда мерасонад. Соли гузашта низ чандин ҳолати фоҷиабори сӯхтор ва заҳролудшавӣ рух дода буд, ки бар асари он даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷони худро аз даст доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар фасли сармо эҳтиёт кунанд.

“Лимит” дар Душанбе

Дар Тоҷикистон  аз 22-юми сентябр маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, сабаби ин камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ аст.

Вақтҳои охир ҳатто сокинони маҳаллаҳои атрофи Душанбе низ аз қатъи интиқоли барқ барои чанд соат шикоят мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз танзим шудани реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқ хабар дод.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аллакай реҷаи интиқоли барқро ба танзим даровардааст ва мувофиқи он ба аҳолӣ дар як шабонарӯз бояд 10 соат: субҳ 3 соат (5:00 то 8:00) ва шом 7 соат (аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад.

Сокинони баъзе манотиқи кишвар аз он шикоят доранд, ки реҷаи маҳдуди интиқоли барқ на ҳамеша риоя мешаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend