Боз ҷасади 4 нафар дар Ваҳдату Варзоб пайдо шуд. Шумораи қурбониёни сел дар Тоҷикистон ба 21 нафар расид

Дар миёни онҳо кӯдаки навзод низ ҳаст.


Шумораи ҳалокшудагон аз сел дар Тоҷикистон ба 21 нафар расид.

Акс аз IRS

Ҷасади 4 нафари дигар зимни бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар манотиқи осебдидаи Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳамин тариқ, шумораи ҳалокшудагон аз 17 ба 21 нафар расид.

Ба иттилои сухангӯи КҲФ Умеда дар давоми рӯз ҷасади ду нафари дигар дар Ваҳдат ва ду нафар дар Варзоб пайдо шуд, ки дар миёни онҳо кӯдаки 40-рӯза низ ҳаст.

Дар маҷмӯъ дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар, ноҳияи Рӯдакӣ 2 нафар ва ноҳияи Варзоб 2 нафар дар натиҷаи офати табиӣ ҷон бохтаанд.

Гуфта мешавад, ҷасадҳо барои муайян кардани шахсият ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.

Субҳи рӯзи 28-уми август КҲФ дар бораи ҳалокати 13 нафар – 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва ду нафари дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ гузориш дода буд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷои ҳодиса комиссияҳои изтирории маҳаллӣ кор мекунанд ва ҳаҷми хисорот муайян карда мешавад.

Дар натиҷаи бориши зиёди борон 27-уми август дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон селу ярч фаромад. Офати табиӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод  хисороти ҷиддӣ ба бор овардааст.