Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Боз ҷасади 4 нафар дар Ваҳдату Варзоб пайдо шуд. Шумораи қурбониёни сел дар Тоҷикистон ба 21 нафар расид
Дата публикации: 13:0530.08.2023
Ҷасади 4 нафари дигар зимни бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар манотиқи осебдидаи Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳамин тариқ, шумораи ҳалокшудагон аз 17 ба 21 нафар расид.
Ба иттилои сухангӯи КҲФ Умеда дар давоми рӯз ҷасади ду нафари дигар дар Ваҳдат ва ду нафар дар Варзоб пайдо шуд, ки дар миёни онҳо кӯдаки 40-рӯза низ ҳаст.
Дар маҷмӯъ дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар, ноҳияи Рӯдакӣ 2 нафар ва ноҳияи Варзоб 2 нафар дар натиҷаи офати табиӣ ҷон бохтаанд.
Гуфта мешавад, ҷасадҳо барои муайян кардани шахсият ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.
Субҳи рӯзи 28-уми август КҲФ дар бораи ҳалокати 13 нафар – 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва ду нафари дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ гузориш дода буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷои ҳодиса комиссияҳои изтирории маҳаллӣ кор мекунанд ва ҳаҷми хисорот муайян карда мешавад.
Дар натиҷаи бориши зиёди борон 27-уми август дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон селу ярч фаромад. Офати табиӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод хисороти ҷиддӣ ба бор овардааст.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад