Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз номусоид шудани вазъи обу ҳаво дар кишвар рӯзҳои 15–18 апрел ҳушдор медиҳад. Ба гуфтаи мақомот, то18-уми апрел дар минтақаҳои Тоҷикистон вазъи номусоиди ҳаво, бориши борону барф ва омадани сел пешбинӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ боришоти борон пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва минтақаҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон боронҳои пуршиддат дар назар аст. Дар манотиқи кӯҳӣ, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр боридани барф дар назар аст.
Ба иттилои мақомот, рӯзи 16-уми апрел дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин, рӯзҳои 17–18-уми апрел дар минтақаҳои шимолӣ ва марказии вилояти Суғд, хокбориш рух дода, дар пайи он ҳаво олуда мешавад.
Илова бар ин, рӯзҳои 16–18 апрел дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ эҳтимоли сар задани сел вуҷуд дорад. Ҳамчунин, рӯзҳои 16–17 апрел дар дарёҳои Вахш, Ёхсӯ ва Қизилсӯ, инчунин дигар дарёҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор баланд шудани сатҳи об эҳтимол дорад.









