logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Бориши борон ва омадани сел дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон пешгӯӣ мешавад

Your tj

11:1122.04.2026

Бориши борон ва омадани сел дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон пешгӯӣ мешавад

Бино ба маълумоти ҳавошиносон, аз 22 то 24 апрел дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон хатари омадани сел ва бориши бошиддати борон пешгӯӣ мешавад.

Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ин давра дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои доманакӯҳиву кӯҳии вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ омадани сел эҳтимол дорад. Ҳамзамон, рӯзи 23 апрел дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши бошиддати борон дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад ва эҳтимоли раъду барқ низ вуҷуд дорад. Рӯзҳои 24 ва 26 апрел ҳавои асосан бебориш дар назар аст. Аз 24 то 26 апрел баландшавии ҳарорат то 31 дараҷа пешбинӣ мегардад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва раъду барқ дар назар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда бо бориши борон дар баъзе минтақаҳои водигӣ пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 24 ва 26 апрел ҳавои бебориш дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Рӯзи 26 апрел асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи он шабона 2–7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ