logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Болоравии сатҳи дарёҳои Тоҷикистон эҳтимол дорад

"Дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоед".

Your tj

17:1414.07.2023

Болоравии сатҳи дарёҳои Тоҷикистон эҳтимол дорад

Рӯзҳои 15-17-уми июл эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки дар натиҷаи болоравии дамои ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баланд шудани сатҳи об эҳтимол дорад.

Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Ба сайёҳон тавсия дода мешавад, ки хати ҳаракати худро пеш аз сафар ба гӯшаҳоии кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони КҲФ таҳия намоянд.

“Бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ки хатари баногаҳ омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад”,- қайд мекунад манбаъ.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.

Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.

Ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ аҳолиро зарур аст, ки сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, қайд мекунад КҲФ.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ