“Бокс танҳо барои писарон нест”. Чӣ гуна падар духтарашро ба ринг овард

Сарҳадҷон Фозилов мураббии санъати муҳорибаҳои омехта ва бокси занона аст. Ӯ 20 сол боз барои насли наврас ин намудҳои варзишро ёд медиҳад. Яке аз шогридони пешсафи ӯ духтараш – Фурӯғ аст. Ин боксёри навраси тоҷик то ин дам ҷоизадори Бозиҳои сеюми ИДМ ва дорандаи нишони биринҷии Бозиҳои Осиёӣ байни наврасон мебошад. Имрӯз бо ҳамроҳии  Фурӯғ боз 12 духтараки дигар зери роҳбарии Сарҳадҷон Фозилов  тамрини муштзанӣ доранд.

Муаллифи Your.tj бо Сарҳадҷон Фозилов дар бораи муносибати ҷомеа ба бокси занона, роҳҳои ҷалби духтарон ба ин намуди варзиш, шикасти қолабу тасаввуроти кӯҳна нисбат ба духтарони боксёр ва муҳимияти варзиш дар таҳкими нерӯи ҷисмониву рӯҳии бонувон суҳбат анҷом дод.

Аз орзуҳои кӯдакӣ – то мураббии касбӣ шудан

Сарҳадҷон Фозилҷонов дар ноҳияи Зафаробод аз соли 2006 то соли 2019 дар Мактаби варзишии № 1- и ноҳия ҳамчун мураббии Карате-до фаъолият дошт. Инак 7 сол мешавад, ки ба шаҳри Душанбе кӯчид. Ҳоло ба ҳайси мураббии санъати муҳорибаҳои омехта ва бокси занона дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад.

– Ман ба варзиши намуди  муштзанӣ аз кӯдакӣ ҳавас доштам. Вале имконияти машқу тамрин вуҷуд надошт. Аз рӯйи ҳавас бе ягон устод машқу тамрини шогирдона мекардам. Рақобатҳои Ҷорҷ Формен, Муҳаммад Алӣ, Майк Тайсон, Костя Тсзю, Владимир Кличко, Артур Григорян, Руслан Чагаев ва дигаронро тамошо мекардем.

Ман дар оилаи варзишгар таваллуд шудаам. Падарам Мирзодавлат Фозилов ва тағоям Рамазон Орипов муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ буданд. Ин сабаб шуд, ки меҳри варзиш дар дилам ҷорй гирад. Бо гузашти замон роҳи вразиши касбиро интихоб кардам.

Шукр, ки то ба имрӯз ҳамчун мураббии карате, муҳорибаҳои тан ба тан, муҳорибаҳои омехта ва бокси занона заҳмат мекашам, –  нақл кард ҳамсуҳбати мо.

“Барои духтарам мураббии бокси касбӣ шудам”

Сарҳадҷон аслан мураббии каратэ, қувваозмоии тан ба тан ва муҳорибаҳои омехта мебошад. Вале барои духтараш Фурӯғ тавонист, ки мурабии соҳаи бокс низ шавад. Фурӯғ – фарзандии калонии мураббӣ аст. Вай боз ду писар бо номи Муҳаммадфозилу Муҳаммадфарзон дорад.

Ҳарду писараш низ дар риштаҳои  санъати муҳорибаҳои омехта ва грепплин тамрин мекунанд. Фурӯғ аз 3 солагӣ ҳамроҳи падараш машқу тармин мекунад. Падар ба ӯ барои духтар буданаш монеъа ё маҳдудият нагузошт.  Духтарак дар риштаҳои гуногуни варзиш худро санҷид. Вақте 12 сола шуд, боксро интихоб кард.

“Бе ягон фикри нолозимӣ иҷозат додам, ки  духтарам муштзан бошад. Тӯли солҳои 2012 – 2015  аз шогирдам – Дониёр Шосаидов, ки ба сатҳи мурабби бокс расида буд, қариб ду сол асосҳои муштзании касбиро омӯхт. Усулҳои қоидавии боксро  омӯхта, барои духтари худам ва дигар шогирдон, ки дар  риштаи муҳорибаҳои тан ба тан машқ мекарданд, боксро ҳам омӯзонида истодаам. Ҳамин тариқ, ба дунёӣ бокси ҳирфаӣ ворид шудам”, – қисса кард падари Фурӯғ.

 

Чӣ гуна гурӯҳи духтарони муштзан таъсис ёфт?

Қаҳрамони мо дар зарфи солҳои 2012- 2015 дар ноҳияи Зафаробод ба гурӯҳи духтарон, ки аз  20 нафар иборат буд, машқу тамрини бокс мекард.  Дар натиҷаи дуруст гузаронидани машҳо бархеи онҳо ба дараҷаи НУВ (сатҳи ибтидоии азхудкунӣ ё меъёри устувории ибтидоӣ) расида буданд.

Баъдан ба гурӯҳи онҳо аз деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич Бибисоро Раҷабова ҳамроҳ шуд. Дере нагузашта Фирӯза Фозилова ва Музаяна Элназарова аз ноҳияи Зафаробод, инчунин Фотима Ҳайдарова аз шаҳри Ваҳдат низ ба тамринҳои бокс ҷалб гардиданд. Ҳамин тавр, гурӯҳи духтарони шавқманд ба бокс тадриҷан ташаккул ёфт.

– Имрӯз мо ҳамчун як даста дар якҷоягӣ машқу тамрин намуда, барои расидан ба натиҷаҳои баланд дар ин намуди варзиш талош мекунем, – бовар дорад мураббӣ.

“Фурӯғ ва дигар духтарони муштзан ифтихор моянд”

Медали биринҷӣ, ки Фурӯғ Сарҳадзода дар 3-юмин Бозиҳои Осиё байни наврасон соли 2025 дар Баҳрайн ба даст овард, барои падараш дастоварди арзишманд ва натиҷаи заҳмати дастаҷамъона мебошад. Барои вай Фурӯғ ва дигар шогирдонаш ифтихор меорад.

“Сипоси махсус ба сармураббии дастаи муштзанбонувони Тоҷикистон устод Рустам Музаффаров, ёварони сармураббӣ  Комил Лашкаров, инчунин ба мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс Мардон Азимов мерасад, ки бо дониш, таҷриба ва роҳнамоии худ дар рушди маҳорати варзишгарон саҳми арзанда доранд”, – бо самимият афзуд ӯ.

Фурӯғ аз чорсолагӣ дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат меварзад. Ӯ қаҳрамони Тоҷикистон оид ба каратэ ва муҳорибаҳои тан ба тан низ мебошад. Вай ҳоло хонандаи синфи 10-уми МТМУ №25-и шаҳри Душанбе буда, таҳсилро бо варзиш якҷоя пеш мебарад. Фурӯғ орзу дорад, ки дар Чемпионати ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ зери Парчами давлатии Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварад.

Набарди Фурӯғ бо Чарос Каюмоваи ӯзбекистонӣ

Яке аз лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда барои Сарҳад он вақт буд, ки Фурӯғ бори аввал дар як мусобиқаи байналмилалӣ бо варзишгаре бо номи Чарос аз Ӯзбекистон нерӯсанҷӣ кард. Ӯ аз Фурӯғ ду-се сол калонтар буд. Ростӣ, каме нигарон будам, зеро ин муштзан аз ҳамсоякишвар таҷрибаи зиёдтар дошт ва эҳтиомли бештари ғолиб шуданро низ.

“Пеш аз оғози рақобат ба Фурӯғ гуфтам: “Каме бокс кун, агар қувваат нарасад, муҳорибаро қатъ мекунем». Аммо ӯ бо оромӣ ва эътимоди комил ҷавоб дод: “Падар, ором бошед. Ман духтари шумо ҳастам. Довар дар майдон ҳаст, вазъиятро назорат мекунад. Шумо кори мураббигии худро кунед”.

Ин суханон маро аз як тараф хурсанд карданд, зеро эътимод ва ҷасорати ӯро медидам, вале аз тарафи дигар, ҳамчун падар аз оқибатҳои эҳтимолии рақобат хавотир будам. Муҳориба оғоз шуд. Се раунд идома кард ва воқеан рақобати ҷолибу диданӣ буд. Гарчанде дар натиҷа мо пирӯз нашудем, маҳз ҳамон нерӯсанҷӣ беҳтарин муҳорибаи мусобиқа арзёбӣ гардид”, – қисса кард падари Фурӯғ.

Пас аз анҷоми рақобат Чарос назди Сарҳадҷон омада мепурсад, ки Фурӯғ чандсола аст. Вақте мефаҳмад, ки ӯ 14-сола аст, ҳайрон шуда мегӯяд: “Ман аз ӯ се сол калон ҳастам?”. Мураббии  Фурӯғ чунин ҷавоб медиҳад: “Медонам. Мо мехостем, ки таҷриба омӯзем ва худро дар сатҳи баландтар бисанҷем”.

– Маҳз баъд аз ҳамин рақобат боварии ман ба шогирдонам боз ҳам бештар шуд. Аз он вақт инҷониб дигар ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода намешавам ва омодаам муштзанбонувонамро бо ҳар рақиби арзанда ба майдон барорам. Онҳо ба ҷуз маҳорати варзишӣ боз ҷасорат, ирода ва боварӣ ба қувваи худро пайдо карда истодаанд, – арз дошт мураббӣ.

Ғалаба дар шаҳри Янгиер ва сайру саёҳат бо шогирдон

Қаҳрамони мо баъзан аз кори шогирдон норозӣ ҳам мешавад. Агар дар тамрин бепарвоӣ кунанд ва ё ба иқтидори худ нобовар шаванд, танбеҳи сахт медиҳад.

“Духтарон баъзан ҳатто ранҷида, аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешавад. Ҳеҷ намехоҳам, ки дили онҳо хапфа шавад. Пас аз ҳар танқид ҷиҳатҳои хубашонро низ ёдовар шавам, то рӯҳафтода нашаванд ва боварии худро аз даст надиҳанд. Вазифаи мураббӣ дар баробари талаб кардан, дастгирӣ намудан ва рӯҳбаланд сохтани шогирдон низ ҳаст”, – изҳор дошт мураббӣ.

Чанде пеш духтарони муштазан дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар дар шаҳри Янгиери Ӯзбекистон доир шуд, ширкат варзиданд. Дар он ҷо Бибисоро ва Музаяна бо варзишгарони пурқувват аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон рақобат карданд. Хушбахтона, онҳо ҳунару маҳорати хуб нишон дода, бар рақибонашон дастболо шуданд.

– Пас аз анҷоми мусобиқа мо тасмим гирифтем, ки каме истироҳат кунем. Ҳамроҳ ба тамошои шаҳр баромадем ва барои моҳидорӣ ҳам вақт ҷудо кардем. Он рӯзҳо барои ҳамаи мо хотираҳои гарму фаромӯшнашаванда боқӣ монданд. Бибисоро то ҳол бо шӯхӣ мегӯяд, ки “устод, мо бо шумо ҳамаҷониба муваффақем, ҳам дар ринг пирӯз мешавем ва ҳам дар сайру тамошо”, – бо лабханд нақл кард Сарҳадҷон.

“Оё бокс барои духтар нест?”

Сарҳадҷон Фозилов аз атрофиён чунин фикри беасосро бисёр мешунид, ки гӯё “бокс барои духтар нест”.Ӯ ба чунин назари бархе шиносҳо чунин ҷавоби возеҳ медиҳад.

– Ба чунин одамон доимо мегӯям, ки Фурӯғ фарзанди ман аст, чӣ чиз барои ӯ беҳтар аст, ман хубтар медонам. Одатан андешаҳои онҳоро бодиққат гӯш мекунам ва баъд савол медиҳам, ки чаро набояд духтар машқ кунад? Ҷавобҳо аксаран яксонанд: «Духтар нозук аст, қаду қоматаш тағйир меёбад, осеб мебинад». Пас ман боз савол медиҳам: «Оё ба шумо зан, духтар ё арӯси бемору нотавон, рӯҳафтода ва камқувват лозим аст?» Табиист, ки ҳама ҷавоб медиҳанд: «Не».

Ба назари ман, бокс пеш аз ҳама ба духтарон саломатӣ, нерӯи ҷисмонӣ, чолокӣ ва ирода мебахшад. Ин навъи варзиш ба онҳо меомӯзонад, ки чӣ гуна душвориҳоро паси сар кунанд, зарбаро қабул намоянд ва ҳатто пас аз лаҳзаҳои вазнин худро зуд ҷамъ карда, муборизаро идома диҳанд, – иброз дошт Сарҳадҷон.

Ба бовари вай, духтарони нозук писанди ҳамагонанд, вале ҳамзамон онҳо бояд иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазир дошта бошанд. Агар бо меъёр машқу тамрин кунанд, боз ҳам нозуктару зеботар ва қавӣ мешаванд. Инсони қавӣ ва пурқувват аз иҷрои ҳамагуна вазифаҳо мебарояд ва сарбаландона зиндагӣ мекунад.

Вақте муштзандухтар толори машқро тарк мекунад…

Як духтараки соҳибистеъдод шогирди қаҳрамони мо буд. Ӯ аз синни шашсолагӣ тамрин мекард ва вақте ба синни 16-солагӣ наздик шуд, ногаҳон толорро тарк кард. Рӯзе назди устодаш омада гуфт, ки амакҳояш дигар иҷозат намедиҳанд, ки ба машқу тамрин идома диҳад.

– Бо яке аз амакҳояш, ки деҳқон аст, суҳбат кардем. Вақте ба заминаш рафтам, дидам, ки  харбузаҳои киштааш дар ҳоли пухта расидан аст.  Ҳангоми суҳбат ногаҳон чанд палаки харбузаро аз реша канда партофтам. Ӯ ба ғазаб омаду гуфт: “Устод, чӣ кор мекунед? Ман як сол заҳмат кашидам, то ин ҳосилро ба даст орам!” Гуфтам, ки “бароятон алам кард? Барои чанд палаки харбуза дилатон сӯхт? Пас тасаввур кунед, ки шумо меҳнати даҳсолаи маро нисбат ба он ҷавон аз байн бурдед. Ман даҳ сол барои тарбияи ӯ вақту нерӯ сарф кардам”. Баъди ин суҳбат ӯ хомӯш монда, ба фикр фурӯ рафт, – нақл кард мураббӣ.

Мутаассифона, ин ягона ҳолат бо Сарҳадҷон набуд. Ду шогирди дигараш низ бо исрори волидону наздикон варзишро тарк карданд. Албатта, чунин воқеаҳо барои ҳар як мураббӣ дардноканд, аммо бояд кор кард.

Чаро ҷомеа баъзан аз духтари қавӣ ҳарос дорад?

Ба боварӣ Сарҳадҷон, духтари солим, соҳибирода ва худбовар метавонад, ки  фарзанди хуб, ҳам ҳамсари меҳрубон ва ҳам шахси муваффақ дар ҷомеа бошад. Варзиш духтаронро на дағал, балки масъулиятшиносу ботаҳаммул тарбия мекунад. Набояд ягон шикастро ҳамчун зарбаи сахти зиндагӣ қабул кард. Дар варзиш меҳнат чизи калидӣ аст, барои ба дараҷаи хуб расидан сабр бояд кард.

– Шикаст додани рақиби даруни ринг он қадар мушкил нест, вале як сухани нешдори хешутабор, ҳамсояҳо ҳар муштзанбонуро ба ҳолати нагдаун ва ё накаут барад. Онҳо то худро шинохтан аз тамрин мемонанд ва ё пурра боксро мепартоянд. Ба духтарон роҳбалад ва мураббии асилу қавӣ лозим аст, ки тавонад ин гуна андешаҳои манфии ҷомеаро радду бадал кунад. Ба андешаи носолими баъзеҳо дода нашуда, бо шогридон сӯйи ҳадафу мақсадҳои пешгузоштаамон раҳсипор шавем, – бо қатъият гуфт қаҳрамони мо.

Бокс ба духтарон чӣ медиҳад?

Бокс яке аз намудҳои варзиши олимпист. Дар Тоҷикистон ба варзишҳои олимпӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад. Мутахассисон мегӯянд, агар духтари тоҷик дар бокс ба қуллаҳои баланд расида, қаҳрамони олимпӣ шавад, дар баробари обрӯву эътибор соҳиби имтиёзҳои муҳим низ мегардад. Стипендия, манзил, воситаи нақлиёт, мукофотпулӣ ва имкони пайдо кардани ҷойи кори муносиб аз ҷумлаи онҳост.

“Моҳияти зиндагӣ низ дар ҳамин аст. Инсон бояд барои худ зиндагии арзанда бунёд кунад ва ҳамзамон ба ҷомеа, миллат ва Ватани худ хизмат расонад. Варзиш ба инсон танҳо маҳорати ҷисмонӣ намедиҳад. Он як мактаби воқеии зиндагист. Муштзан ҳамеша худро ба мушкилтарин ҳолатҳо омода месозад. Зиндагӣ низ чунин аст. Ҳар яки мо бояд барои озмоишҳо ва мушкилоти рӯзгор омода бошем. Муҳим он аст, ки сарфи назар аз душвориҳо умед ва бовариро аз даст надиҳем, ба фардо бо чашми нек нигоҳ кунем ва аз роҳи интихобкардаи худ барнагардем”, – бо зиндадилӣ гуфт мураббии бокс.

“Бар муқобили тарс сӯйи орзуҳо қадам занем”

Сарҳадҷон Фозилов духтаронро ташвиқ мекунад, ки аз қадамҳои аввал натарсанд ва барои расидан ба ҳадафҳои худ пайваста талош намоянд. Шогирдони ӯ имрӯз на танҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ, балки дар кишварҳои гуногун низ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

– Баъзан ба духтарон мегӯям, ки агар муштзан намебудед, шояд имрӯз ҷаҳонро ин қадар намешинохтед. Варзиш шуморо ба кишварҳои гуногун бурд, таҷриба дод ва ҷаҳонбиниатонро васеъ кард. Ин худ як пирӯзии бузург аст, – таъкид дошт вай.

Ба назари қаҳрамони мо, арзиши аслии варзиш танҳо дар медалу ҷоизаҳо нест. Варзиш пеш аз ҳама шахсият месозад, инсонро барои рӯ ба рӯ шудан бо мушкилоти зиндагӣ омода месозад.

Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj

Skip to toolbar