Муовини вазири меҳнати Тоҷикистон гуфт, тоҷикистониёне, ки дар феҳристи шахсони назоратшаванда дар Федератсияи Русия қарор доранд, бояд саривақт ба мақомоти муҳоҷират муроҷиат кунанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ному насаб ва маълумоташон ба феҳристи шахсони назоратшаванда дар Федератсияи Русия ворид шудааст, бояд то 30-юми апрел ба шуъбаи полиси муҳоҷират дар маҳалли будубоши худ дар Русия ҳозир шаванд.
Тавре муовини вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ дар нишасти матбуотии 11-уми феврал хабар дод, аз 28 то 31 январи соли ҷорӣ ҳайати 13 нафараи намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо супориши президент ба Федератсияи Русия фиристода шуд.
Масъалаи асосие, ки дар рафти гуфтушунидҳо нигаронии роҳбарияти Тоҷикистон оид ба вазъи 124 ҳазор шаҳрванди дар рӯйхати шахсони назоратшаванда дар Федератсияи Русия қарордошта баррасӣ шуд.
Шаҳноза Нодирӣ таъкид кард, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, бояд ба идораи полиси муҳоҷират дар маҳалли будубоши худ дар Русия ҳозир шаванд.
“Полиси муҳоҷират вазифадор аст, ки ӯро [шаҳрванди Тоҷикистон] пас аз тафтиши ҳама маълумот сабтином карда, ба қайд гирад.
Агар шаҳрванд ягон қонунвайронкунӣ надошта бошад, агар тибқи фармон санҷиши биометриро гузашта бошад, имтиҳони забони русиро супорад, арзиши патентро пардохт кунад, пас мақоми қонунӣ пайдо мекунад ва аз рӯйхати шахсони назоратшаванда хориҷ карда мешавад”,- гуфт муовини вазири меҳнати Тоҷикистон.
Шахсоне, ки саривақт ба мақомоти муҳоҷират муроҷиат кардаанд, то 30-юми апрел аз қаламрави Федератсияи Русия ихроҷ карда намешаванд, илова намуд ӯ.
Дар охири моҳи декабри соли 2024, президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷиие, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд қаламрави онро тарк кунанд ё вазъи ҳуқуқии худро то 30-юми апрели соли 2025 ба тартиб оранд.
Аз 5-уми феврал дар Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвар ғайриқонунӣ ҳастанд низоми ихроҷ ба иҷро даромад. Онҳо ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешаванд, ки пеш аз ихроҷ шудан як қатор маҳдудиятҳо ва манъкуниҳоро пешбинӣ мекунад.
Феҳрист дар сомонаи расмии ВКД нашр шудааст ва ба ҳама дастрас аст. Шаҳрванди хориҷӣ аз лаҳзаи интишори маълумот дар бораи дохил шудан ба рӯйхат огоҳ карда мешавад.
Шахсоне, ки ба феҳрист дохил шудаанд, бе иҷозати Вазорати корҳои дохилӣ наметавонанд ҷои зисташонро иваз кунанд, берун аз минтақа сафар кунанд, нақлиёт ронанд, амвол бихаранд, амволи ғайриманқулро ба қайди кадастрӣ гузоранд, суратҳисобҳои бонкӣ кушоянд ва амалиёти молиявӣ анҷом диҳанд.