logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

«Бояд донист». Барои иваз кардани насаб дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?

Your tj

18:3622.11.2021

«Бояд донист». Барои иваз кардани насаб дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон иваз кардани насаб назар ба солҳои қаблӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Як қисми аҳолӣ аз пасвандҳои русии насабашон даст мекашанд ва гуруҳи дигар бошанд, баръакс онро барқарор кардан мехоҳанд.

Аммо чун қоида, занон ҳангоми издивоҷ барои иваз намудани насаб ба идораҳои САҲШ муроҷиат мекунанд.

Меҳмони имрӯзаи мо Ифтихор Самадзода, Муовини сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон оиди мавзӯи иваз кардани насаб ва ҳуҷҷатҳои лозима барои он нақл мекунад.

Вай инчунин дар бораи мушкилиҳо ҳангоми иваз кардани насаб ва муҳлати ивази он суҳбат мекунад. Ҳамчунин ӯ ба Шумо маслиҳат медиҳад, ки бо ҳуҷҷатҳое, ки дар он насаби қаблӣ нишон дода шудаанд, “чӣ бояд кард?”

Подкаст ба ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Сари вақт гирифтани ҳуҷҷатҳо барои худ ва фарзандон то чӣ андоза мухим аст. Мо ин ва дигар масъалаҳоро дар подкастҳои худ баррасӣ хоҳем кард.

Силсила подкастҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ "Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо дастгирии Вазорати адлияи кишвар ва иштироки Маркази ҳуқуқи инсон омода карда шудааст.

Дар нашрҳои оянда мо бо мутахассисони САҲШ дар мавзӯи чӣ гуна иваз кардани насаб, сабти ақди никоҳ, ба фарзандхонӣ қабул намудан ва ва ғайраҳо сӯҳбат хоҳем кард.

Инчунин, шумо метавонед, ҳама маълумоти муфид дар бораи хизматрасониҳои САҲШ ва ҳуҷҷатгузориҳоро аз сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон – http://rahsh-adliya.tj/ дастрас намоед.

Лоиҳаи ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 часов назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

4 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

7 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

7 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ