logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Бохтар аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ хабар дод

Раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзода гуфт, шумораи хоҳишмандони хизмат сол то сол меафзояд.

Your tj

15:2731.03.2026

Бохтар аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ хабар дод

Шаҳри Бохтар аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки пагоҳ, 1 апрел оғоз мешавад, хабар дод.

Раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзода бо даъватшавандагон ва волидони онҳо мулоқот баргузор карда, барои омодагии ихтиёрии онҳо ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ изҳори сипос намудааст.

Ба гуфтаи Муминзода, "ба шарофати дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон, наврасон ва аҳолӣ дар маҷмуъ, шумораи хоҳишмандони хизмат сол то сол меафзояд".

Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон фардо, 1 апрел оғоз шуда, то 31 май идома меёбад. Ба даъват шаҳрвандони марди солҳои таваллудашон 1999–2008, ки ҳуқуқи ба таъхир гузоштан ё озод шудан аз хизмати ҳарбиро надоранд, ҷалб карда мешаванд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

17 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ