Дилором Дадабоева (Закиряева) акушер-гинекологи таҷрибадорест, ки ба одамони зиёде кӯмак кардааст. Ду сол пеш роҳи эҷодии ӯ оғоз ёфт.
Дар Instagram саҳифаи духтареро дид, ки ашёҳоро аз қатрони эпоксидӣ месохт. Он гоҳ Дилором низ ба сохтани чунин ашёи ороишӣ дил баст.
Дар аввал ҷуръат намекард ҷиддӣ ба ин кор даст занад, аммо баъдан дар як курси онлайнӣ омӯзиш гирифт ва имрӯз аз мизи ороишӣ ва зарфҳо то қуттича ва соатҳо месозад.
Дар бораи шиносоӣ бо устое, ки ба ӯ боварӣ бахшид ва роҳи эҷодаш, Дилором ба муаллифи Your.tj нақл кард.
“Фикр мекардам, ки наметавонам эҷодкорӣ кунам”
Дилором дар Душанбе, дар оилаи омӯзгорон таваллуд шудааст. Соли 1992 бо баҳои аъло факултети табобатии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.
Азбаски аз хурдӣ ба кӯдакон меҳр дошт, аввал мехост неонатолог шавад, аммо дар ниҳоят акушерӣ ва гинекологияро интихоб кард.
Имрӯз ӯ дар клиникаи хусусии “Промомед” дар Душанбе кор мекунад. Ҳамчунин, Дилором духтури ташхиси ултрасадо ва духтури колпоскопия аст.
“Ду бародари ман ҳам табиб ҳастанд. Падару модарам, махсусан падарам, орзу доштанд, ки фарзандонашон дар ҳифзи саломатии мардум хизмат кунанд.
Ман аз волидайнам хеле миннатдорам, ки ҳамеша моро дастгирӣ мекарданд”, – мегӯяд Дилором.
Чанд сол қабл Дилором тасодуфан дар Instagram ба саҳифаи духтаре бо номи Екатерина аз шаҳри Екатеринбург ворид шуд, ки мизи ороишӣ ва ашёи дигарро аз қатрон месохт.
Корҳои ин духтар, хусусан мизҳои бо гулҳо ороёфта, он қадар ба дили Дилором нишаст, ки саҳифаашро ба худ сабт кард ва гоҳ-гоҳ ба он даромада аз корҳои ӯ лаззат мебурд.
Рӯзе худ аз худ пурсид: оё ӯ низ метавонад ба ин кор шурӯъ кунад ва чунин мизҳо созад?
“Ба ин савол дарҳол худам хаёлан ҷавоб додам: не, наметавонам. Бовар доштам, ки ман танҳо як духтурам ва дар олами эҷод ҷой ёфта наметавонам, фикр мекардам танҳо табобати одамон вазифаи ман аст ва ҳамин тавр метавонам ба ҷомеа фоида расонам.
Аммо фикри эҷод маро тарк намекард”,- нақл мекунад ӯ.
Баъди чанде, ба шарофати алгоритмҳои Instagram, ки ба корбар чизҳои мушобеҳ ба он чизҳои тамошо мекардаашро нишон медиҳанд, Дилором бо дигар устоҳои қатронкор низ ошно шуд.
Дилором ҳамчунин фаҳмид, ки Екатерина, ҳамон духтаре, ки корҳои ӯ ба дилаш нишаста буданд, курсҳои омӯзиши онлайнӣ мегузаронад.
“Зуд ба Катя навиштам, гуфтам, ки ман духтур ҳастам, синну солам аз 50 боло аст ва пурсидaм: оё ман бо қатрони эпоксидӣ кор карда метавонам?
Аз ӯ хеле миннатдорам, ки маро дастгирӣ кард ва гуфт, ки ҳатман муваффақ мешавам. Худаш ҳам чанд сол пеш ин машғулиятро оғоз карда будааст”, – ба ёд меорад қаҳрамони мо.
“Чанд моҳ метарсидам ба дастгоҳ наздик шавам”
Ба гуфтаи Дилором, қарори ӯ барои оғози эҷодкориро, аҳли оилааш дастгирӣ карданд, махсусан писари дуюмаш, ки тарроҳ аст.
Ҳамин тавр, Дилором курси онлайнро харид ва 3-4 моҳ ҷиддӣ машқ мекард, то ки тавонад маҳсули дастони худро эҷод намояд.
Пас аз анҷоми қисми назариявӣ, аз хориҷи кишвар масолеҳ ва асбобҳои зарурӣ фармоиш дод.
“Вақте тамоми дастгоҳҳо расиданд, 3-4 қуттии калон қариб ду моҳ дар анбор хоб мерафтанд, ман аз онҳо метарсидам.
Як рӯз писарам пурсид: то кай ин қуттиҳо ҳамин хел мемонанд? Росташ, вақте кушодам, дар дил гуфтам: ман ба чӣ кор даст задам?!
Баъзе дастгоҳҳо, ростӣ маро тарс меоварданд: метарсидам, ки ба ҷои сохтани миз, ангуштамро сайқал диҳам ва ягон осеб бинам.
Барои ҳамин боз чанд моҳи дигар дар худ ҷуръат ҷамъ мекардам”, – нақл мекунад ӯ.
Бо вуҷуди он ки Дилором назарияро хуб омӯхтааст ва ду сол боз мизҳои қатронӣ месозад, ҳар бор чизи наве меомӯзад.
Ӯ ба устоҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна аст ва ҳамеша бо устодаш Екатерина дар тамос мемонад.
“Мизоҷонам одамони наздики мананд”
Аввалин корҳои Дилором қуттичаҳо буданд. Қуттичаҳое, ки то ҳол нигоҳ медорад. Онҳоро таҳти роҳбарии касе месохт, ки таҷрибаи бузурге дар кор бо қатрон дошт.
“Дар аввал бисёр муҳим аст, касе дар паҳлӯят бошад, ки ин корро хуб медонад.
Зеро аз он ки ту қатронро чӣ гуна омехта мекунӣ ва дар ин ҷо даҳҳо нозукиҳои зиёде ҳастанд, бисёр чиз ба ҳам вобаста аст”, – таъкид мекунад қаҳрамони мо.
Аз шаш қуттичае, ки он вақт Дилором қолабрезӣ кард, дутояш хуб баромаданд, аммо боқимонда, мутаассифона, вайрон шуданд.
“Пеш аз қолабрезӣ муҳим аст, ки ҳуҷра намнок созӣ, то чанголуд нашавад. Баъди қолабрезӣ, болои маснуотро бояд пӯшонид, то сатҳаш тоза бимонад.
Баъдтар фаҳмидам, ҳуҷрае, ки қуттичаҳоямро барои хушк шудан монда будам, сард буд, чун моҳи феврал буд.
Азбаски гармкунакро фаъол накарда будам, қуттичаҳо, ғайр аз дутояш хушк нашуданд”, – мегӯяд Дилором дар бораи аввалин корҳои худ.
Имрӯз табиб на танҳо мизҳои қатронӣ месозад, балки зарфҳо, расмҳо, соатҳо, қуттичаҳо, ҳатто ҷилди телефонҳо ва бисёр чизҳои дигарро низ оро медиҳад.
Барои Дилором эҷод дигар танҳо шавқи оддӣ нест, балки касби дуввум ва роҳи изҳори ботинист.
Дар давоми ду соли эҷод, ӯ тавонист доираи муштариёни худро пайдо кунад ва бисёри онҳо боз ба назди ӯ бармегарданд, то маснуоти нав фармоиш диҳанд.
“Бароям бисёр гуворо аст, ки як порчаи рӯҳи ман ва меҳнати ман, бовар кунед, кори осон нест ва қувваи ҷисмонӣ бисёр мехоҳад, дар ҳар маснуоте ҳаст, ки одамон аз ман харидорӣ мекунанд.
Ҳар касе, ки аз ман чизе фармоиш медиҳад, танҳо мизоҷ нест, ӯ барои ман як инсони ба дилам наздик аст.
Чун қисме аз манро дар хонаи худ ҷой медиҳад”, – таъкид мекунад қаҳрамони мо.
“Замоне ки шаҳр ба хоб меравад, эҷоди ман бедор мешавад”
Дилором эътироф мекунад, ки якҷоя кардани кори тиббӣ ва эҷодкорӣ осон нест.
Аммо ӯ бовар дорад, ки хоҳиш зояндаи имкониятҳои нав аст ва агар хоҳиш набошад, ҳазор баҳона пайдо мешавад.
Ба реҷаи мушкили кор ва мушкилиҳои рӯзгор нигоҳ накарда, Дилором ҳамеша вақт меёбад бо эҷод машғул шавад.
Одатан ӯ ба сохтани маснуоти нав шабона, пас аз соати 20:00 оғоз мекунад.
“Замоне ки шаҳр ба хоб меравад, эҷоди ман бедор мешавад”,- мегӯяд Дилором бо табассум.
Гоҳе ӯ фикр мекард, ки аз тибб комилан даст кашида, худро пурра ба эҷод бахшад.
Чун табиб, Дилором ҳар мушкили беморонро ба дил мегирад, ба ҳар касе, ки наздаш меояд, бо эҳтирому ғамхории зиёд муносибат мекунад.
Аз ҳамин сабаб, мегӯяд ӯ, баъзан ба хастагии шадид ва хоҳиши эҷодӣ дучор мешавад.
Нахустин касе, ки Дилором бо ӯ дар бораи эҳтимоли тарки кори тиббӣ суҳбат кард, шавҳараш буд, ки худ низ духтур аст.
Гарчанде он вақт Дилором ҳанӯз ҷуръате надошт, ки воқеан аз кор равад, шавҳараш ӯро аз ин қадам боздошт, ба он далел, ки ӯ ба одамони зиёде кумак кардааст ва кори ӯ дар тибб арзиши бузург дорад.
Ғайр аз ин, бисёре аз бемороне, ки аксарияташон ба саҳифаи эҷодии Дилором ҳам обунаанд, низ намехоҳанд, табиби дӯстдоштаашон онҳоро тарк кунад.
Якҷо бо роҳи эҷодӣ, Дилором роҳи блогериро ҳам оғоз кард. Ӯ хеле фаъолона саҳифаи Instagram-и худро пеш мебарад: сториз мегузорад, пахши зинда мекунад, раванди сохтани маснуотро ба обуначиёнаш нишон медиҳад.
Бо ҳар як маснуоти нав, ӯ мекӯшад маҳорати худро хубтар созад ва ҳамчун устои қатронкор боз ҳам беҳтар гардад.
Аз ҳама бештар Дилором мехоҳад, ки корҳои ӯ дар дили мизоҷонаш ҷой ёбанд, эҳсосот барангезанд ва ба касе шодӣ бахшанд.
“Ҳар як офаридаи ман пур аз ман, пур аз меҳр ба ҳар мизоҷе аст, ки онро ба даст мегирад”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Сомон Комилов, Your.tj
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо
