fbpx

Бо гумони рабудани бонкдор чор нафар боздошт шудааст

Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо собиқ афсарони ниҳодҳои интизомӣ мебошанд.


0
Муовини раиси Ориёнбонк ки рабуда шуд
Шуҳрат Исматуллоев

Чор нафар бо гумони даст доштан дар рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев боздошт шудааст. “Радиои Озодӣ” бо такя ба иттилои манобеъи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар ин бора хабар дод.

Исми боздоштшудаҳо ифшо нашудааст. Ба гуфтаи манобеъ, ҳамаи боздоштшудагон собиқ афсарони ниҳодҳои интизомӣ ҳастанд, ки якҷоя бо ҷинояткорон корманди бонкро рабудаанд.

Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 2-юми июл ба Озодӣ гуфт, ки яке аз боздоштшудаҳо корманди собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар будааст.

Ҳамчунин як корманди собиқи прокуратура низ бо гумони рабудани бонкдор боздошт шудааст, гуфт як манбаи наздик ба хонаводаи Шуҳрат Исматуллоев.

Манбаи дигар қайд кард, ки одамрабоён аз мошини рақами махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода кардаанд: ин ба ронанда имкон дод, ки бо суръати баланд ҳаракат кунад ва ба талаботи нозирони роҳ итоат накунад.

“Одамрабоён чор нафар буданд, вале дар чанд нафари дигар дар амалиёти он иштирок доштанд. Онҳо барои мошини Hyundai Sonata бо тирезаҳои сиёҳшуда, ки бонкдорро бо он рабуданд, 11-то рақами давлатӣ омода кардаанд. Инҳо асосан рақамҳои давлатии мошинҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд, ки нозирони роҳ, чун қоида, онҳоро манъ намекунанд. Ин аст, ки дар посгоҳи БДА, ки дар баромадгоҳи Душанбе дар самти вилояти Суғд ҷойгир аст, мошини сиёҳшишаро барои санҷиш боздошта накардаанд”,- афзуд манбаъ.

Сарнавишти бонкдор номаълум боқӣ мемонад.

Муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев, тибқи иттилои расмӣ, рӯзи 23-юми июн аз кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби афроди ношинос рабуда шуда, ба самти ноҳияи Айнӣ бурда шудааст.

Сарнавишти ӯ номаълум боқӣ мемонад. Дар ҳоли ҳозир наҷотдиҳандагони КҲФ дар обҳои дарёи Зарафшон мошинеро, ки бонкдор дар он рабуда шудааст, ҷустуҷӯ доранд.

Ҷустуҷӯи муовини раиси Ориёнбонк
Акс аз КҲФ

Ду манбаъ – дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва РВКД дар шаҳри Душанбе  изҳор доштанд, ки гурӯҳи ҷиноятӣ одамрабоиро моҳирона тарҳрезӣ карда, аз нимаи моҳи июн ҳар як қадами Шуҳрат Исматуллоевро пайгирӣ мекардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30-юми июн аз боздошти яке аз гумонбарон дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев дар Молдова хабар доданд. Ба иттилои Прокуратураи генералӣ, Рустам Ашӯров, узви як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ пас аз рабуда шудани Шӯҳрат Исматуллоев “бо мақсади пинҳон шудан дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тавассути Туркия ба Молдова парвоз кард”.

Мақомоти Молдова рӯзи 30-юми июн гуфтанд, ки як марди 43-солаи тоҷик ду нафар – як афсари пулиси марзӣ ва як афсари амнияти фурудгоҳро ҳадафи тир қарор додааст.

Маҷрӯҳ аст, зинда монданаш дар гумон

Бахши молдовии “Радиои Озодӣ” мегӯяд, Рустам Ашӯров дар ҷараёни амалиёти вижаи пулис дар фурудгоҳи Кишинёв сахт захмӣ шуда, то ҳол дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Табибон ба зинда мондани ӯ бовар надоранд, гуфта мешавад дар гузориш.

“Радиои Озодӣ”, ҳамчунин хабар медиҳад, ки соли 2012 Рустам Ашӯров ҳамроҳ бо Қутбиддин Содиқов ба кормандони як нуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода, 100 ҳазор долларро аз худ кардааст.

Моҳи ноябри соли 2018 суди ноҳияи И.Сомонӣ ҳар кадомро ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Як манбаи наздик ба мақомоти прокуратураи Душанбе гуфт, муҳлати ҳукми Рустам Ашӯров то 9,5 сол кам карда шуд ва ӯ тақрибан ду сол пеш раҳо шуд.

Як манбаъ дар РВКД дар шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, онҳое, ки Шуҳрат Исматуллоевро рабуданд, барои парвозҳо ба Туркия ва Русия чиптаҳои ҳавопайморо пешакӣ харидаанд. Манбаъ афзуд, ки яке аз иштирокчиёни одамрабоӣ аллакай дар Русия боздошт шудааст.

Оё ному насаби нафароне, ки фармони рабудани бонки маъруфро додаанд, аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ном бурда мешавад ё на, маълум нест. Дар гузашта дар Тоҷикистон куштор ва одамрабоиҳои бисёр пурсарусадо ба қайд гирифта шудааст, аммо омилони ин ҷиноятҳо ҳеҷ гоҳ эълон нашудаанд,- қайд мекунад “Озодӣ”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend