logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Бо фармони Рустами Эмомалӣ. Намоиши такрории шоуи 500 дронҳо дар Душанбе

Дар намоиши беш аз 12-дақиқаина 13 унсури навро нишон медиҳанд.

Your tj

16:4310.09.2021

Бо фармони Рустами Эмомалӣ. Намоиши такрории шоуи 500 дронҳо дар Душанбе

Имрӯз, 10-уми сентябр бори дигар дар майдони Нишони миллӣ намоиши такрории шоуи дронҳо бо унсурҳои нав баргузор мешавад, хабар дод ба Your.tj сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён.

“Бо ташаббуси бевоситаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, имшаб, соати 19:00 дар майдони Нишони миллӣ консерти идона ва намоиши зиёда аз 12-дақиқагии дронҳо баргузор мешавад. Дар ин намоиш бо ёрии дронҳо зиёда аз 13 унсури нав дар осмон муҷалло хоҳанд шуд”,- гуфт Шоҳиён.

Ба гуфтаи Шоҳиён, дар барномаи консертии имшаба сарояндагони ҷавони пойтахт Ҷовидон Нозимов, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фирдавс Ҳошимов, Соҳиб Назриев, гуруҳи рақсии Ҷаҳоноро ва дигарон ширкат мекунанд. “Пас аз барномаи консертӣ ва каме торик шудани ҳаво шоуи дронҳо оғоз мешавад”, - гуфт ӯ.

Шаби гузашта ҳангоми таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли кишвар дар маҷмааи давлатии «Наврӯзгоҳ» дар осмон бо ёрии дронҳо 9 унсури миллӣ намоиш дода шуд.

Акс аз Хадамоти матбуотии президент

Бо ёрии дронҳо рамзҳои Тоҷикистон тасвир карда шуданд: харитаи кишвар, нишони миллӣ, тоҷи нимдоира аз ҳафт ситора, дил — рамзи муҳаббат бо рангҳои парчами миллӣ, обидаи «Истиқлолият ва Озодӣ», инчунин навиштаҷоти «Истиқлолият муборак бод!» бо имзои Президенти Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки шоуи дронҳо бори аввал дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

12 часов назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

14 часов назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

4 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

4 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ