Бо фармони президент дар Турсунзода мактаберо ба номи афсари шаҳиди даргириҳои марзӣ гузоштанд

“Мехоҳам, ки набераи калониям дар оянда мисли падараш афсари ҳарбӣ гардад”,- мегӯяд модари афсари шаҳидшуда


Дар шаҳри Турсунзода мактаберо ба номи афсари дар муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳалокшуда гузоштанд. Капитан Некрӯз Ғафурзода рӯзи 29-уми апрел дар маҳалли муноқиша, “Головной” аз ҷониби муқобил се тир мехурад ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ӯ замони муноқиша дар ноҳияи Спитамен дар қисми ҳарбии таъиноти махсус ба ҳайси сардори шӯъбаи кадрҳо кор мекард. Некрӯз ҳамагӣ 28 сол дошт ва соҳиби зану ду фарзанд буд. Ҷасади сарбози қаҳрамонро пас аз як рӯз ба зодгоҳаш меоранд.

Муаллифи Your.tj Аминҷон Раҳматзода ба хонаи ин қаҳрамони шаҳид рафта, бо холаи Ҳабиба, модари Некрӯз ҳамсуҳбат шуд.

Боварнокарданӣ буд…

“Вақте ин хабари шумро ба ман соати 4-и субҳ расониданд, бовар накардам. Зеро ин боварнокарданӣ буд, замонек, ки ҷасадашро оварданд, лол мондам…”, бо гиря гуфт, модари Некрӯз.

Ӯро ҳамчун қаҳрамонони муҳофизи Ватан ба хок супориданд ва дар ҷанозааш зиёда аз 5 ҳазор нафар ҳамватанон аз гушаву канори ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Баъд аз шаш моҳи вафот мактаби Некрӯз Ғафурзода таҳсилкадаро, ба хотири пос доштани қаҳрамониву ҷоннисорияш ба номаш гузоштанд. Ин мактаб соли 1992 ҳамчун боғчаи бачагона таъсис ёфта, аз соли 1993 баъдан фаъолияташро чун мактаб идома дод. То ин вақт мактабро ба номи касе нагузошта буданд.

модари Некрӯз

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 9- уми октябри соли 2021, МТМУ №37 ба номи Некрӯз Ғаффурзода гузошта шуд. Дар маросими номгузорӣ хонандагони мактаби мазкур аз ҳаёти муборизи Ватан саҳначаҳо ба намоиш гузоштанд.

Фарзанди қаҳрамон дар хотираи модар

Вақте мо ба ҳавлӣ ворид шудем, модари Некрӯз дар сар рӯймоли сафеддошт ва моро бо чашми гирён пешвоз гирифт. Ӯ хонаеро барои сӯҳбат интихоб кард, ки дар он аксу орденҳои писараш болои миз гузошта шуда буданд. Некрӯз дорандаи нишони “Аълочии қӯшунҳои сарҳадӣ”- и дараҷаи I ва нишони ҷашнии “15- солагии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон” будааст.

“Ман бо писарам фахр мекунам, ки дар роҳи ҳимояи Ватан ҷони худро дод”, – бо ашки шашқатор сухан оғоз кард модари Некрӯз.

Некрӯз, ки фарзанди калонии хонадон буд, бисёр эркагӣ намуда, зуд- зуд қаҳр мекард. Модар аз хурдиҳои писараш ёдовар шуда, чунин нақл кард.

“Замони хурд буданаш, вақте ягон гуноҳ мекард ҷангаш мекардам. Ӯ дарҳол либосҳояшро ҷамъ карда, бо қаҳр ба хонаи бибияш мерафт. Вале пас аз дақиқа ҳамаро фаромӯш карда, ба хона бармегашт”, – нақл кард модар.

Некрӯз пас аз бузург шудан бачаи қобилу кордон мегардад ва ҳама корҳои хонаро дар набуди модар иҷро мекард.

“Ҳар вақте ки ба меҳмонӣ мерафтам, дилам пур буд, чун Некрӯзам аз ӯҳдаи ҳамаи кор ба хубӣ мебаромад. Додару хоҳаронашро хуб парасторӣ мекард. Хонаҳоро рубӯчин менамуд. Вақте аз меҳмонӣ меомадам, хонаамро тозаву озода дида, дилам равшан мешуд. Шукри Худо мекардам, ки ба ман ин қадар бачаи гапдароро насиб гардондааст”,- бо гиря нақл кард модари Некрӯз.

Писарам ба хотирам меояд

Некрӯз то синфи 7- ум мехост, ки мисли падар муҳандис шавад. Аммо вақте амакашро мебинад, ки аз кор бо либосҳои ҳарбӣ бармегардад, дар дили ӯ ҳам орзуи хизматчии ҳарбӣ шудан пайдо мегардад.

Ҳангоми дар синфи 8 таҳсил карданаш, аз тарафи мактаб дар озмуни “Ихтироъкорони ҷавон” ширкат мекунад. Ӯ дар вақтҳои холигӣ аз ашёҳои нолозим барои худ амсилаи кран ва комбайнро омода мекунад. Дар ин озмун ба Некрӯз дарзмол тӯҳфа мекунанд, ки то ҳол ин дарзмол дар хонаашон хизмат мекунад.

Некрӯз Ғафурзода

“Писари ман доим дар ҷустуҷӯ буд. Ӯ мехост, ки ягон навоварӣ кунад. Ашёҳои нолозимаи хонаро дар халтаҳо ҷамъ мекардам. Некрӯз онҳоро тагу рӯ карда, барои худ ашёҳои даркорияшро мегирифт. Дар озмун иштирок карду як дарзмолро гирифта ба хона овард. То ҳол ман аз ин дарзмол истифода мекунам. Ҳар гоҳе ки ягон либосро дарзмол кунам, писарам ба хотирам меояд”,- мегӯяд бо оби дида модари Некрӯз.

Либоси падар дар тани фарзандон

Некрӯз баъд аз хатми мактаб ба Донишкадаи олии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо сари баланд хатм мекунад. Баъд аз хатми ин даргоҳ як муддат дар ВМКБ кор мекунад. Ӯ ба хона дер- дер меомад.

“Некрӯз ба хона дер – дер меомад, чунки доим дар кор буд. Бениҳоят касбашро дӯст медошт. Ба Ватан содиқ буд. Вақте ба хона омаданӣ мешуд, ману ҳамсарашро хабардор намекард. Ногаҳон аз дар медаромаду ман омадам мегуфт. Намехост, ки ман хавотир шавам.”-, ба ёд овард, холаи Ҳабиба.

“Ман либоси ҳарбиро зиёд дӯст медорам. Доим ба писарам таъкид мекардам, ки бо либоси ҳарбӣ ба хона биё, ки ман туро дидам ҳавасамро шиканам. Аз ҳамин хотир либоси Некрӯзро пора карда, ба фарзандонаш либоса дӯхтам. Акнун дар тани намебараҳоям либоси писарамро мебинаму дилам ором мешавад”,- бо як оҳи сард мегӯяд, холаи Ҳабиба.

 

Аз тарафи ҳукумати кишвар ба муносибати 30- солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаи онҳо як хонаи ду ҳуҷрагӣ дар шаҳри Турсунзода тӯҳфа карданд. Ҳамчунин писари калонии Некрӯз – Акмалҷонро дар боғча ройгон ба таҳсил фаро гирифтанд. Модари Некрӯз мегӯяд, ба мо ваъда доданд, ки фарзандони Некрӯз дар оянда ба кадом донишгоҳе, ки хоҳанд ройгон дохил мешаванд. Дар баробари ин маоши Некрӯзро ба номи ҳамсараш гузарониданд.

Некрӯз соҳиби зан ва ду фарзани ширинак, ки яке 4- сола ва дигари 1- солаву 6- моҳа мебошад. Ҳамсари Некрӯз муаллимаи забони англисӣ мебошад.

Аминҷон Раҳматзода