fbpx

Бо Чин мушкили надорем бо Қирғизистон корҳои аломатгузорӣ идома дорад. Вазъияти сарҳадҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Дар шаш моҳи охир бо Қирғизистон оиди аломатгузории марз се маротиба мулоқот баргузор шудааст.


0
Сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон
Акс аз dw.com

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода  вазъияти сарҳадҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояро шарҳ дод, хабар медиҳад Азия плюс.

Қирғизистон

Бино ба маълумоти ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2022 Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ се вохӯрӣ гузарониданд.

“То имрӯз 519,9 километри сарҳад бо Қирғизистон муайян карда шуд. Барои ҳалли ҳамаи мушкилоти марбут ба ин масъала минбаъд мунтазам корҳо бурда мешаванд”, – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Хоҷазода, ки ҳамзамон комиссия типографиро сарварӣ мекунад, илова намуд, ки дар кори комиссия манфиатҳои ҳар ду ҷониб – ҳам Тоҷикистону ҳам Қирғизистон ба инобат гирифта хоҳанд шуд.

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 987,6 километрро ташкил медиҳад. Дар манбаъҳои гуногун ин масофа гуногун зикр мешавад – аз 970 то 987,6 километр. Ба гуфтаи Хоҷазода,  то пурра муайян шудани хати сарҳад, рақами дақиқро номбар кардан имкон надорад.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон айни замон 5 постгоҳи назоратии автомобилӣ амал мекунанд: Гулистон (Исфара), Овчӣ-Қалъача (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Маданият (ноҳияи Ҷаббор Расулов), Қарамик (Лахш) ва Қизил-Арт (Мурғоб.

Ӯзбекистон

Дар ин давра оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон чор ҷаласаи ҳайатҳои ҳукумат ва ҳафт ҷаласаи гуруҳҳои кории сайёр гузаронида шуд.

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 1332 километрро ташкил дода, ҳудуди 1320 километри он таъйину аломатгузорӣ ва танҳо 12 километр боқӣ мондааст.

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 5 постгоҳи байнулмилалии автомобилӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан ва 8 постгоҳи назоратии дуҷониба амал мекунанд.

Чин

Масъалаи сарҳад байни кишварҳо пурра ҳаллу фасл шудааст. Масофаи умумии сарҳад байни давлатҳо 494,4 километрро ташкил медиҳад.

Дар марзи байни Тоҷикистону Чин як гузаргоҳи автомобилгард – Қулма дар ноҳияи Мурғоб фаъолият дорад.

Афғонистон

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 1374 километрро ташкил медиҳад, ки 1184 киломтераш сарҳади обӣ ва 189,8 километраш сарҳади заминӣ аст.

Ҳарчанд масъалаҳои таъйин ва аломатгузории сарҳад байни кишварҳо ҳал шуда бошад ҳам, лекин хати марзи обӣ баъзан бар асари тағйири маҷрои оби дарёи Панҷ бозбиниро тақозо мекунад. Дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 7 постгоҳи назорати автомобилӣ амал мекунанд. Пас аз сари ҳокимият омадани толибон дар кишвари ҳамсоя, ин гузаргоҳҳо бастаанд. Ҳамлу нақли молу маҳсулот танҳо тариқи пули Шерхон Бандар дар Панҷи Поён сурат мегирад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend