logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Бо Чин мушкили надорем бо Қирғизистон корҳои аломатгузорӣ идома дорад. Вазъияти сарҳадҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Дар шаш моҳи охир бо Қирғизистон оиди аломатгузории марз се маротиба мулоқот баргузор шудааст.

Your tj

17:5620.07.2022

Бо Чин мушкили надорем бо Қирғизистон корҳои аломатгузорӣ идома дорад. Вазъияти сарҳадҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода  вазъияти сарҳадҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояро шарҳ дод, хабар медиҳад Азия плюс.

Қирғизистон

Бино ба маълумоти ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2022 Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ се вохӯрӣ гузарониданд.

“То имрӯз 519,9 километри сарҳад бо Қирғизистон муайян карда шуд. Барои ҳалли ҳамаи мушкилоти марбут ба ин масъала минбаъд мунтазам корҳо бурда мешаванд”, - зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Хоҷазода, ки ҳамзамон комиссия типографиро сарварӣ мекунад, илова намуд, ки дар кори комиссия манфиатҳои ҳар ду ҷониб - ҳам Тоҷикистону ҳам Қирғизистон ба инобат гирифта хоҳанд шуд.

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 987,6 километрро ташкил медиҳад. Дар манбаъҳои гуногун ин масофа гуногун зикр мешавад - аз 970 то 987,6 километр. Ба гуфтаи Хоҷазода,  то пурра муайян шудани хати сарҳад, рақами дақиқро номбар кардан имкон надорад.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон айни замон 5 постгоҳи назоратии автомобилӣ амал мекунанд: Гулистон (Исфара), Овчӣ-Қалъача (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Маданият (ноҳияи Ҷаббор Расулов), Қарамик (Лахш) ва Қизил-Арт (Мурғоб.

Ӯзбекистон

Дар ин давра оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон чор ҷаласаи ҳайатҳои ҳукумат ва ҳафт ҷаласаи гуруҳҳои кории сайёр гузаронида шуд.

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 1332 километрро ташкил дода, ҳудуди 1320 километри он таъйину аломатгузорӣ ва танҳо 12 километр боқӣ мондааст.

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 5 постгоҳи байнулмилалии автомобилӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан ва 8 постгоҳи назоратии дуҷониба амал мекунанд.

Чин

Масъалаи сарҳад байни кишварҳо пурра ҳаллу фасл шудааст. Масофаи умумии сарҳад байни давлатҳо 494,4 километрро ташкил медиҳад.

Дар марзи байни Тоҷикистону Чин як гузаргоҳи автомобилгард - Қулма дар ноҳияи Мурғоб фаъолият дорад.

Афғонистон

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 1374 километрро ташкил медиҳад, ки 1184 киломтераш сарҳади обӣ ва 189,8 километраш сарҳади заминӣ аст.

Ҳарчанд масъалаҳои таъйин ва аломатгузории сарҳад байни кишварҳо ҳал шуда бошад ҳам, лекин хати марзи обӣ баъзан бар асари тағйири маҷрои оби дарёи Панҷ бозбиниро тақозо мекунад. Дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 7 постгоҳи назорати автомобилӣ амал мекунанд. Пас аз сари ҳокимият омадани толибон дар кишвари ҳамсоя, ин гузаргоҳҳо бастаанд. Ҳамлу нақли молу маҳсулот танҳо тариқи пули Шерхон Бандар дар Панҷи Поён сурат мегирад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

1 часов назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

7 часов назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

3 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

3 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ