fbpx

Бо барномаи “Ausbildung”. Чӣ тавр ҷавонони тоҷик дар Олмон таҳсил ва кор мекунанд

“Ausbildung” барномаи омӯзишиест,ки шаҳрвандони ИДМ метавонанд тавассути он дар Олмон ҳам таҳсил ва ҳам кор кунанд.


-1
-1 points
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии Баҳрулло Зубонқулов.

Якчанд соли охир тоҷикистониён натанҳо ба Русия, балки тавассути барномаҳои гуногун ба Амрикову Аврупо низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта истодаанд. Қаҳрамони мо Баҳрулло Зубонқулов, тӯли 8 моҳ мешавад, ки дар Олмон ҳам касб меомӯзад ва ҳам кор мекунад.

Ӯ ба Your.tj тавассути кадом барнома рафтан ва кору зиндагиаш дар Олмон қисса кард.

Ҳам кору ҳам таҳсил…

Баҳрулло тавассути барномаи омӯзишии “Ausbildung” ба шаҳри Норден Вестфалени (Nordrhein-Westfalen) Олмон сафар кардааст ва ҳоло дар баробари таҳсил кор ҳам мекунад. Ду сол қабл ӯ ба як барномаи дигар дархост медиҳад, аммо қабул намешавад. Сипас як дӯсташ, ки дар Олмон будааст ба ӯ тавсия медиҳад, ки ба барномаи “Ausbildung” дархост бидиҳад ва худро бисанҷад.

“Ман ба чандин барномаҳо ҳуҷҷат супоридам, аммо нагузаштам. Дӯстам Шоҳин ба ман тавсия дод, ки  як бор ба барномаи “Ausbildung” ҳуҷҷатҳоямро супорам. Ман ҳамин корро кардам ва аввалин ҷавоб мусбат буд. Инак 8 моҳ мешавад, ки ман дар Олмон қарор дорам. Умедворам, ки баъди 3 сол, яъне хатми коллеҷ устои моҳир мешавам. Он ҳам агар аз имтиҳон гузарам”,- мегӯяд, Баҳрулло.

Баҳрулло айни ҳол ҳамроҳи дӯсташ Шоҳин дар коллеҷи касбии Berefskolleng Meschede ҳунари устогӣ меомӯзад ва дар баробари ин устои бомпӯш шуда кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки аз омаданаш то имрӯз боре бекор намондааст ва ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки онҳо дар як вақт дар ду ҷой кор мекунанд.

Баҳрулло  мегӯяд, ки гарчанде, ки кори бомпӯшӣ барояш хатарнок бошад ҳам, ӯ одат кардааст ва аз ин кор лаззат мебарад.

“Ману Шоҳин айни ҳол боми як мағозаро дар шаҳри Марбурги Олмон пӯшида истодаем. Ҳамин тавр аз ҳар куҷое дархост шавад, мо меравему кор мекунем. Корамро хеле дӯст медорам, аз ин рӯ хатарнок буданашро фикр намекунам, баръакс болои бомҳои кушода баромада аз манзараҳои зебо ва ҳавои тоза лаззат мебарам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Баҳрулло мегӯяд, ки тибқи қоидаҳои барнома онҳо як моҳ дарс мехонанд ва як моҳи дигар кор мекунанд, ки ин барои зудтару хубтар омӯхтани касб ва пешбурди зиндагӣ мусоидат мекунад.

Ausbildung чӣ гуна барнома аст?

Dual Ausbildung як барномаи сесолаи (таҳсили миёна 3 сол давом мекунад) духура, яъне кор + таҳсил мебошад, ки дар он шумо омӯзиши назариявӣ ва амалӣ мегиред. Ба шумо ҳар моҳ стипендия – маош дода, дар анҷоми таҳсил соҳиби дипломи олмонӣ оиди гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ мешавед. Ҳаҷми маош вобаста аз соли таҳсил, шартнома бо корфармо ва ихтисос аз 600 то 1300 евроро ташкил медиҳад.

Ин барнома барномаи омӯзиши хориҷиён ё муҳоҷирон нест. Дар ин барнома худи олмониҳо низ иштирок карда метавонанд. Хориҷиёнро дар ин барнома танҳо ба касбҳое ҷалб мекунанд, ки айни замон дар Олмон норасоии кадрҳо ба назар расида истода бошад.

Ҳамчунин, Шумо бояд ихтисосҳоеро интихоб кунед, ки дар Олмон серталаб ва қобили таваҷҷуҳ бошанд. Ба ғайр аз ин Шумо бояд дар як моҳ музди ҳадди ақалро дар ҳаҷми на камтар аз 850 евро кор кунед.

Дар бисери ҳолатҳо ҷои зистро худи коргарон бояд дарёфт кунанд. Баъзан вақт корфармо метавонад ба Шумо ҷои зисти пулакӣ ё ройгон пешниҳод кунад. Дар сурати ғайр Шумо бояд худатон хона ба иҷора гиред.

Масалан, Баҳрулло мегӯяд, ки худаш бо дӯсташ хонаи иҷора гирифтаанд ва ҳар моҳ 720 евро ё 9 ҳазору 734 сомонӣ барои як ҳуҷра иҷорапулӣ медиҳанд,  ки нисфашро корфармо медиҳад.

Ба ғайр аз ин барнома боз талаботҳои дигаре ба монади : синну соли довталаб аз 18 – 40, доштани аттестати маълумоти миёнаи умумӣ ва донистани забони олмонӣ дар марҳилаи В1, дорад.

Ба ин барнома шаҳрвандони ИДМ метавонанд ҳуҷҷат супоранд. Он соле ду маротиба бахору тирамоҳ довталабонро қабул мекунад. Дархостро шумо дар сомонаи расмии Ausbildung пур карда, фиристед.

Ба барнома бояд 6 моҳ пеш аз шурӯъи он дархост фиристед. Пас аз оне, ки бо Шумо шартнома мебанданд, метавонед ба ҷамъвораи  ҳуҷҷатҳо оғоз кунед.

Баҳрулло барои гирифтани раводид (виза) 75 евро  ва харҷи роҳкиро 8 ҳазору 500 сомонӣ сарф кардааст.

Пеш аз сафар ба Олмон

Баҳрулло зодаи шаҳри Панҷакент аст ӯ  аз хурди мехост тарҷумон шавад ва барои ин ӯ забони олмониро интихоб кард. Ӯ пеш аз сафар ба Олмон тӯли 4 сол дар  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Ӯлуғзодаро дар ихтисоси забони олмонӣ – минтақашинос хатм намудааст.

Дар баробари таҳсил ӯ як маротиба ба муҳоҷирати меҳантӣ ба Русия сафар намудааст. Ӯ он ҷо низ мудате бо кори бомпӯшӣ машғул мешавад ва баъдан барои идомаи таҳсил бармегардад. Шароити муҳоҷирони корӣ барои Баҳрулло дар Русия писанд наомад, аз ин рӯ ӯ дар ҷустуҷӯи имкониятҳои хубтаре шуд.

Баҳрулло баъд аз хатми донишгоҳ мехост, тавассути барномаи “FSJ” ба Олмон равад, аммо ҳуҷҷатҳояш қабул намешванд ва маҷбур мешавад, ки як соли дигар интизор шавад, то аз нав ҳуҷҷат супорад.

“Вақте ки аз сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба ман занг зада гуфтанд, ки имсол наметавонам сафар кунам. Дар аввал сахт андуҳгин шудам, баътар фикр кардам, ки дар маркази забономӯзӣ муаллим шуда кор кунам. Ҳамин тавр ҳам шуд, чун мехостам ҳам даромаде дошта бошам ва ҳам забонро фаромӯш накунам. Як муддат дар маркази забономӯзӣ дарс гуфтам, ки дархостам дар барномаи “Ausbildung” корро қатъ кардам ва ба ин ҷо омадам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Дар вақтҳои холигӣ Баҳрулло бо дӯстонаш аз Тоҷикистон, Афғонистон ва Олмон ба футболбозӣ машғул мешавад. Ҳамчунин сайру гашт карданро дӯст медорад, чунки ҳангоми сайру гашт ба бомҳо зиёд аҳамият медиҳад.

Баҳрулло ба нафароне, ки мехоҳанд ба Олмон сафар кунанд, якчанд барномаро тавсия медиҳад: “FSJ”, “BFD”. “Ausbildung”. “Auper”, “Studium”, “Ferienjob”, ва “Praktikum”.

Аминҷон Раҳматзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
8
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend