Артиши Тоҷикистон дар раддабандӣ 21 зина поён рафт.

Бо 27 млн сомонӣ ҳазор ҷавон хидмати пулакӣ анҷом додаанд

Дар Тоҷикистон хавфи офатҳои табиӣ боқӣ мемонад

Дар қаламрави кишвар хавфи фаромадани тармаву сел ва сангреза боқӣ мемонад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки аз сафару сайругашт дар қитъаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Акс аз хазинаи IRS

Бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон Кумита хабар медиҳад, ки муддати чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма, резиши санг ва фаромадани сел боқӣ мемонад.

“Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд ва дар чунин рӯзҳои ҳассос аз рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайра худдорӣ кунанд”, – муроҷиат карда мешавад ба аҳолӣ.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввал дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои муътамад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва БДА маълумот ба даст оварда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятро риоя кунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати рух додани ин ё он ҳодисаи фавқулода бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат кардан зарур аст.

Бо 27 млн сомонӣ ҳазор ҷавон хидмати пулакӣ анҷом додаанд

1 ҳазор ҷавони тоҷик моҳи январи соли равон бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо кардаанд. Барои ин ҳар як ҷавон 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 26 ҳазору 880 сомонӣ аст (як нишондиҳанда дар соли 2022-юм 64 сомонӣ), пардохт намудааст.

Акс аз сомонаи avesta.tj

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ маблағҳо ба буҷет пеш аз соли нав бо меъёри як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар соли гузашта 64 сомонӣ буд, пардохт гардид. Аз 1-уми январи соли 2023 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ муқаррар гардид.

“Ин ҷавонон хидмати ҳарбиро дар марказҳои ҳарбии таълимии “Лоҳур” ва “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Душанбе, пойгоҳи маркази таълимӣ-ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва пойгоҳи таълимӣ – ҳарбии филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд адо карданд”, – гуфт Фаридун Маҳмадализода.

Тибқи муқарароти қонуни нав, ҷавонон барои адои ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб мегарданд.

Ба иттилои ӯ, ин ҷавонон дар ду баст ба хидмат ҷалб гардиданд: як қисм аз охири моҳи декабри соли 2022 то 18-уми январи соли 2023 ва қисми дуввум аз 20-уми январ то 10-уми феврал хидмати ҳарбиро адо карданд ва соҳиби билети ҳарбӣ гардиданд.

Фаридун Маҳмадализода афзуд, маблағи пардохтгардида барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, пардохти маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.

Гуфта мешавад, ки танҳо дар ду ҳолат маблағи пардохтнамудаи даъватшавнада баргардонида мешавад: дар ҳолати ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан ва фавт ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ.

Бояд гуфт, ки дар даъвати баҳории соли гузашта 1 ҳазору 200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо карда буданд.

Ошкори дуздиҳо дар қаламрави кишвар

Шаби 26 ба 27-уми феврали соли 2023 аз хонаи истиқоматии як сокини ноҳияи Синои Душанбе 7 ҳазор доллари амрикоӣ, 2 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳирот гум шудааст. Бо шикояти зани 43-сола, сокини ноҳияи Синои пойтахт, милитсия ба тафтиши ҳодиса оғоз карда, ҳамчун гумонбар фарзанди ноболиғи соҳибхона дастгир шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад.

Ҳамчунин, тибқи иттилои ин ниҳод, 23-юми январи соли 2022, шахси номаълум ба хонаи истиқоматии марди 64-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии Душанбе даромада, 17 ҳазору 800 сомонӣ, 1 телевизори тамғаи “Самсунг” ва 1 матоъи занонаро дуздидааст. Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шудааст. Маълум шудааст, ки ӯ ҷинояти мазкурро якҷо бо сокини дигари пойтахт, марди 36-солаи қаблан судшуда содир намудааст.

Ҳодисаи дигари дуздӣ 16-уми ноябри соли 2022 ба қайд гирифта шудааст. Шахси номаълум дар ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ 1 сар чорвои калони шохдорро дуздидааст. Гуфта мешавад, ки зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, дастгир кардаанд.

Ҳамчунин, як марди 49-солаи дигар, сокини ноҳияи Синои пойтахт, барои дуздии маҳсулоти рӯзгор ба маблағи 10 ҳазору 500 сомонӣ гумонбар дониста шуда, аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардидааст.

Мишустин ба Тоҷикистон омад

Михаил Мишустин, нахуствазир ва раиси ҳукумати Русия, пас аз зуҳри 2-юми март вориди Душанбе шуд.

Ба гуфтаи мақомот, ҳадаф аз сафари дурӯзаи ӯ иштирок дар Нишасти нӯҳуми ҳамкории Тоҷикистон ва Русия аст.

Сафари нахуствазири Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки Маскав ба сабаби таҷовуз ба хоки Украина зери таҳримҳои шадиди Ғарб мондааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи дувуми март баъзе аз соҳибкорони рус дар Душанбе ҷамъ омада, баъд аз таҳримҳо талош доранд, дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистон ҷойи по ёбанд.

Skip to toolbar