fbpx

Блогерони тоҷик дар се моҳ беш аз 100 ҳазор сомонӣ андоз супоридаанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

То охири сол ҳаракати нақлиёт дар яке аз кучаҳои Душанбе қатъ мегардад

Шурӯъ аз имрӯз, 15 апрел то 30 декабри соли 2022 дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Нусратулло Махсум то кӯчаи Алишер Навоӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад.

Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 апрели соли 2022 ба имзо расид, хабар медиҳад шаҳрдории Душанбе.

Мақомот қатъшавии роҳро бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ гуфтаанд ва сохторҳои марбутаи шаҳрро вазифадор кардаанд, ки “самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз иншооти таъмири асосии кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Нусратулло Махсум то кӯчаи Алишер Навоӣ мегузарад, тавасути кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд”.

Блогерони тоҷик дар се моҳ беш аз 100 ҳазор сомонӣ андоз супоридаанд

Ба иттилоъи Кумитаи андози Тоҷикистон дар се моҳи охир 32 нафар блогерони тоҷик, ки расман фаъолияташонро ба қайд гирифтаанд, ба буҷети давлат 112, 4 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд.

Корманди Кумитаи андоз Собирҷон Исоев мегӯяд, ки айни ҳол на ҳама нафароне, ки бо истифода аз интернет фаъолияти соҳибкории худро пеш бурда истодаанд, ба давалат андоз месупоранд.

Ба иттиллои Собирҷон Исоев, ба ҳолати 1 – уми апрели соли 2022 дар мақомоти ҳудудии андоз 725 адад субъектҳои дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолияткунанда ба қайди давлатӣ гирифта шуда, маблағҳои ҳисобшудаи субъектҳои мазкур давоми се моҳи аввали сол 3,8 млн. сомониро ташкил додааст.

“Новобаста аз чораҷуҳио ва корҳои фаҳмондади миёни шаҳрвандон ва андозсупорандагон мутаасифона ҳастанд қисман шахсоне, ки бо истифода аз шабакаи интернетӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ намуда истодаанд, бидуни бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд”, – мегӯяд Собирҷон Исоев.

Ӯ афзудааст, ки ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ тавасути шабакаи Интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин шахсони воқеӣ тибқи талаботи моддаи 34 Кодекси андоз уҳдадор мебошанд, ки худро ба сифати соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба қайд гирифта, оид ба ҳаҷми муомилот ва даромадҳои тавассути шабакаи Интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтаашон ба ҳисобот пешниҳод ва андозро пардохт намоянд.

Дар баробари андозбандии субъектҳои соҳибкорие, ки ба тиҷорати электронию дигар хизматрасониҳо тавассути интернет дар дохили кишвар машғуланд, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ низ андозбандӣ карда шудаанд.

Тавре корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Исоев мегӯяд, айни замон 21 ширкати бонуфузи хориҷӣ дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд, ки дар як соли охир ба буҷети ҷумҳурӣ бештар аз 2 миллион сомонӣ маблағ андоз супоридаанд.

Аз ҷумла ширкати “Google Comerce Limited”, ки YouTobe яке аз зерширктаҳои он аст, беш аз 800 ҳазор сомонӣ, ширкати “Meta Platforms Ireland Limited”, ки шабакаҳои иҷтимоии “Facebook”, “Instagram” ва “WhatsApp” тобеи он мебошад, беш аз 690 ҳазор сомонӣ, ширкати маъруфи “Apple” 462 ҳазор, “Netflix” 43 ҳазор, “Amazon” қариб 19 ҳазор ва “Microsoft” 18 ҳазор сомонӣ ба буҷети Тоҷикистон андоз пардохт намудаанд.

64 хайма барои паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ҷануби кишвар дар як урдугоҳ барои паноҳҷӯёни эҳтимолии афғонистонӣ 64 хаймаи чӯбӣ сохтаанд.

Ба иттилои хабаргузории расмии “Ховар”, урдугоҳи муваққатӣ дар ҳудуди деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгир буда, хаймаҳои сохташуда бо “нерӯи барқ, хатти оби ошомиданӣ, ошхона ва ҳаммом таъмин карда шудаанд”.

Ин урдугоҳ бо пуштибонии идораи Созмони Милал оид ба умури кӯдакон, хазинаи Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Раёсати СММ дар умури паноҳандагон сохта шудааст.

Моҳи августи соли гузашта Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд ва гуруҳи зиёди мардуми норозӣ ватани худро тарк карданд. Ба иттилои расмӣ, 15 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ ҳам, ки ҷӯёи сарпаноҳ ва зиндагии осоишта буданд, ба Тоҷикистон гузаштанд.

Мақомот дар Душанбе дар муроҷиат ба созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ ва ҳам кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ки батанҳоӣ аз уҳдаи ёрӣ ба паноҳандаҳои афғонистонӣ намебароянд.

Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, ки паноҳандаҳои афғонистониро дар минтақаҳои дуртар аз марз – ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат нигоҳ медоранд ва бо ёриҳои башарӣ таъмин кардаанд.

То ҳол сохторҳои мухталифи СММ, Иттиҳоди Аврупо ва чанд давлати ғарбӣ ба фирориёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон ёрӣ мекунанд.

Идомаи сафари президент. Дар “Суғдпак” хатҳои нави истеҳсолӣ боз шуданд

Сафари президенти Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома ёфта, сарвари давлат имрӯз дар маросими ифтитоҳи ду корхонаи саноатӣ иштирок кард.

Нахуст президент ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм дар ҶДММ “Суғдпак” оғоз бахшид. Корхонаи нави “Суғдпак” аз коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ иборат буда, марҳилаи сеюми истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ маҳсуб меёбад.

Сипас сарвари давлат ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор шуд. Дар фурудгоҳи шаҳр Эмомалӣ Раҳмонро бо консерт пешвоз гирифтанд.

Дар идома дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон корхонаи асфалтбарории ҶДММ “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ” мавриди баҳрабардорӣ гирифт.

Он дар мавзеи Рухаки ҷамоати Ғозиён аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов сохта шудааст. Барои сохтмон ва насби таҷҳизоту технологияи муосир дар ин корхона ӯ беш аз 3 млн сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.

Коргарони ширкат нақша доранд, ки дар ояндаи наздик хатти нави коркарди регу шағалро мавриди истифода қарор диҳанд. Корхонаи асфалтбарорӣ иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд.

Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шуда, соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз ин шумора 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд. Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Дар вилояти Суғд 14 корхонаи асфалтбарорӣ фаъолият доранд.

Дар деҳоти Ғозиёни ноҳия президент хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ»-ро ифтитоҳ кард. Боғи интенсивӣ дар масоҳати 13 гектар бунёд карда шудааст.

Барои обёрии боғ бо усули қатрагӣ дар масофаи 800 метр қубурҳои қутрашон 75 миллиметра хобонда шудааст. Дар масоҳати 11 гектар ниҳоли бодом ва дар боқимонда замин ниҳоли зардолу, ки аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ватанӣ дастрас гардидааст, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонида шудааст.

Қирғизистон парванда кушод, тирпарониро дар марз таҳқиқ мекунад

Баъди тирпарронии марзбонон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон додситонии кулли Қирғизистон бо моддаи “Ҷинояти зидди сулҳ” парванда боз кардааст. Додситонии Қирғизистон рӯзи 15-уми апрел гуфт, гуруҳи байниидоравӣ ба таҳқиқи қазия машғул аст.

Рӯзи 12-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд. Дар натиҷа, як сарбози тоҷик кушта, аз ду тараф чанд каси дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар сар задани ҳодиса нерӯҳои Қирғизистонро айбдор карданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон амалкарди марзбонони Қирғизистонро маҳкум кард ва хоҳони “тафтиши воқеӣ” ва “ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон” шуд.

Бишкек масъулиятро ба дӯши марзбонҳои тоҷик гузошт.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва то ҳол беш аз нисфи он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Даҳҳо километр хатти марз мавриди баҳс қарор дорад ва ҳар чанд вақт боиси сар задани низоъ ва задухӯрдҳо мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend