fbpx

“Бисёр мехост ба оилааш ёрӣ диҳад”. Қиссаи тоҷикистоние, ки хост тавассути Мексика ба ИМА равад

Ба умеди он ки ӯро ба зудӣ раҳояш мекунанд, нахост ба худ адвокат гирад ва ҳамин тавр давоми як сол боз дар лагери гурезагон дар ИМА қарор дорад.


1
1 point
Муҳоҷироне, ки хати марзи Мексикаву ИМА-ро дар наздикии дарёи Рио-Гранде убур карданд. (Игл-Пасс, Техас, ИМА, Eric Gay/АР)

Сокини 35-солаи Душанбе, Алишер (насаби қаҳрамонро бо хоҳиши ӯ ифшо намекунем – муҳаррир) барои тағйир додани зиндагии худ ва пайвандонаш ба воситаи Мексика ба ИМА раҳсипор шуд. Ҳангоми гузаштани марз ӯро дастгир карданд ва аллакай як сол мешавад, ки дар лагери гурезагон қарор дорад.

Телефони мобилии Алишерро мусодира карданд ва ба мо имкон надод, ки бо ӯ бевосита суҳбат кунем. Вале мо тавонистем бо дӯсти ӯ, Носир, ки дар Амрико қарор дорад ва ҳамеша бо Алишер иртибот дорад, ба алоқа бароем. Носир нақл кард, ки Алишер ҳоло дар лагери гурезагон чӣ рӯзҳоро паси сар мекунад ва оё барои беҳбудӣ умеде ҳаст.

Миёнаравон пули бисёр талаб карданд

Тавре Носир, дӯсти Алишер нақл мекунад, ин ҷавон вақти зиёде орзуи рафтан ба Иёлоти Муттаҳидаро дошт, аммо миёнаравҳо пули бисёр талаб мекарданд ва рафтан мушкил буд.

Соли гузашта билохира кораш барор гирифт. Алишер одамеро ёфт, ки нисбатан “шартҳои мақбул” пешниҳод кард. Барои сафар ӯ қарор дод, ки аз бонк қарз гирад.

Сарҳади ҷанубии ИМА бо Мексика, Сан Диего, Калифорния, ИМА. Allison Dinner/EPA

“Ӯ хушбахт буд, зеро мехост ба оилааш кӯмак расонад ва зиндагияшро беҳтар созад, – нақл мекунад Носир. – Алишер чанд бор кӯшиш кард миёнараверо пайдо карда, ба Амрико равад, аммо онҳо ҳар дафъа 15 ё 17 ҳазор доллар талаб мекарданд, ки ӯ наметавонист ҳатто аз бонк бигирад. Ниҳоят одамеро ёфт, ки ҳамагӣ 7 ҳазор доллар хост ва ӯ дарҳол аз бонк қарз гирифт. Ҳамин тавр, роҳи Алишер ба Иёлот оғоз ёфт”.

Бо машаққати зиёд, ба воситаи Туркия, Испания ва дигар кишварҳо, Алишер ниҳоят ба марзи Амрико расид.

“Ба худ адвокат нагирифт, ба умеде ки ӯро ба зудӣ аз лагер ҷавоб медиҳанд”

Беш аз як моҳ ҷавон дар Мексика қарор дошт, то мисли дигар муҳоҷирон тариқи барномаи CBP One барои гирифтани мақоми гуреза дархост гузорад.

Дар телефонаш барномаро насб кард ва ҳар рӯз ба тугмаи “Запросить назначение” (дархости таъйинот) пахш менамуд. Баъди якуним моҳ ӯ аз марзи Мексикаву ИМА гузашт, аммо ӯро дастгир карда, ба лагери муҳоҷирон фиристоданд.

Сарҳади ИМА ва Мексика, Игл-Пасс, Техас, ИМА. Eric Gay / AP

Алишер барои гирифтани ҷавоб дар бораи додани паноҳандагӣ хеле зиёд интизор шуд, аммо мақоми ҳуқуқии ӯ дар ИМА номаълум монд, нақл мекунад Носир.

Ба гуфтаи ӯ, аксари ҷавононе, ки дар лагер давоми ду-се моҳ қарор доштанд, ба адвокатҳо муроҷиат карданд, то зудтар аз он ҷо бароянд.

“Алишер намехост адвокат гирад, ӯ фикр мекард, ки ба зудӣ раҳояш мекунанд ва ҳам маблағе надошт, ки ба адвокат диҳад”,- нақл мекунад Носир.

Аз байн 9 моҳ гузашт ва дигар тоҷикистониёне, ки бо ӯ дар лагер қарор доштанд, аллакай ба озодӣ баромада, аз паси ҳуҷҷатҳо ва ҷустуҷӯи кор буданд.

“Алишер ба раҳоӣ умед дошт, аммо ҳар боре ки аз лагер ба ман занг мезад, бисёр нороҳат ва хавотир буд, ки акнун чӣ тавр оилаи ӯ қарзҳои кредитии ӯро пардохт карда метавонад”,- мегӯяд дӯсти муҳоҷири ҷавон.

“Модарам хурсанд хоҳад шуд”

Тавре Носир мегӯяд, интизориҳои беохир, бехобӣ ва ғаму ғусса дар лагер барои Алишер аллакай як амри маъмулӣ шудааст.

“Ман медонам, дар лагер будан чӣ гуна аст, худам се моҳ дар он ҷо будам. Маротибаи охирине, ки ӯ ба ман занг зада буд, гуфт, ҳарчанд ба ин ҳол одат карда бошад ҳам, аммо интизорӣ бемадораш кардааст.

Ҳар бор, вақте ба модар ё дигар аъзоёни оилааш аз телефони лагер занг мезанад, аз ӯ мепурсанд: “Туро раҳо карданд, аллакай дар озодӣ ҳастӣ?”, – ин ӯро андуҳгин месозад. Аслан, дар лагер барои беҳбудии зиндаги оянда тоқат кардан мумкин аст. Он ҷо хӯрок медиҳанд, аммо як сол дар иҳотаи чор девор будан ҳам хеле сахт аст”,- мегӯяд Носир.

Як моҳ пеш Алишер ногаҳон хабар дод, ки мехоҳанд ӯро рост аз лагер ихроҷ кунанд.

“Шумо тасаввур карда наметавонед, ки чӣ тавр дилам пора-пора шуд. Дигар бо телефон гап зада, вазъиятро фаҳмонда наметавонист ва маълум буд, ки гиря мекунад. Ман ваъда додам, ки пул ёфта, ӯро аз он ҷо озод мекунам”,- ба ёд меорад Носир.

Ҳамроҳи дӯстон Носир 3 ҳазор доллар ҷамъ кард, то ба адвокати Алишер пардохт кунад. Ҳамин тавр, ихроҷкунӣ ба таъхир гузошта шуд, аммо ҷавон дар лагер монд.

Чанд рӯз пеш адвокат ба Носир хабар дод, ки суд муқарраркунии мақоми Алишерро ба рӯзи 11 август гузоштааст ва имкон ҳаст, ки ӯро озод кунанд. Аммо барои ин хизматрасониҳо боз 4 ҳазор доллари дигар лозим мешавад.

“Ман ба Алишер ваъда додам, ки бо дӯстон ҳама корро мекунем, то ба ӯ кӯмак расонем ва маблағи заруриро ҷамъ кунем. Тӯли ҳамаи ин вақти интизориҳо бори аввал садои шодии Алишерро шунидам. Ӯ чанд маротиба такрор кард: “Модарам чи қадар хурсанд хоҳад шуд, вақте ин хабарро мешунавад! Чи қадар ӯ хушбахт хоҳад шуд!”,- хулоса кард Носир.

Фируза Наврузова, махсус барои Your.tj

Тарҷума аз русӣ. Матни аслии матлабро ин ҷо хонед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend