fbpx

Бидуни номнавис ва бо нархи 395 евро: Билетҳо аз Русия ба Тоҷикистон ба фурӯши озод баромаданд


-1
-1 points

Сар аз 16-уми ноябри соли равон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоии хатсайрҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад, гуфта мешавад дар баёнияи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.

Дар баёния гуфта мешавад, ки шаҳрвандон метавонанд барои бозгашт аз Русия ба ватан мустақиман, бе сабти ном дар намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Россия, чипта харидорӣ намуда, озими Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд.

Парвозҳо аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои гуногуни Русия – Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск, Сургут амалӣ карда шуда, фурӯши чиптаҳо дар асоси ҷадвали мувофиқашудаи парвозҳо тавассути нуқтаҳои расмии фурӯш дар шаҳрҳои Россия, ки дар зер оварда мешавад, ба роҳ монда мешавад:

ш. Москва – Фурудгоҳи байналмилалии “Домодедово” хазинаи чиптафурӯшии №88 тел: 89295994541

ш. Москва – Фурудгоҳи байналмилалии “Домодедово” хазинаи чиптафурӯшии № 40 тел: 89295994541

Вилояти Москва, ҳавзаи шаҳрии Домодедово, километри 40-ум А-105, бинои 3, меҳмонхонаи Ибис 8 4956400451

ш. Москва, к. 2-юми Тверская-Ямская, хонаи 40/3 бинои 1 Меҳмонхонаи (гостевой дом) “Тоҷикистон” тел: 89264550055

ш. Москва, гузаргоҳи Скатертний, хонаи 19 Консулгарии ҶТ.

ш.Санкт-Петербург – Фурудгоҳи Пулково, тел: 89775205886

ш. Санкт-Петербург – Хиёбони Московский, Литер А, хонаи 7, ҳуҷраи 40N 89775205886

ш. Новосибирск – Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево) тел: 891611335998, 89035120420

ш.Екатеринбург – к.Техническая хонаи 35. Тел: 891756811253

ш. Красноярск – Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск. Тел: 891611335998, 89035120420

ш. Иркутск – шаҳраки Ангарск, маҳаллаи 11, хонаи 19, дафтари кории № 4 тел: 891611335998, 89035120420

ш. Қазон – Фурудгоҳи Қазон, тел: 89035120420

ш.Уфа – Фурудгоҳи байналмилалии Уфа, тел: 89035120420

ш. Сургут – к. Георгий Кукуевитский 15/1 тел: 89035120420

ш. Краснодар – Фурудгоҳи байналмилалии Краснодар тел: 89175681253

Дар баёния гуфта мешавад, ки барои дастрасии бештар ва бароҳатии мусофирон теъдоди нуқтаҳои фурӯши чипта дар шаҳрҳои Федератсияи Россия минбаъд зиёд карда мешавад ва оид ба нуқтаҳои нави фурӯш маълумоти иловагӣ пешниҳод хоҳад шуд.

“Барои пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки чиптаҳоро танҳо аз нуқтаҳои дар боло қайдшуда, харидорӣ намуда, аз шахсони сеюм ва дигар нуқтаҳо нагиранд.

Арзиши чипта дар хатсайрҳои таҳлиявӣ бо пуршавии яктарафа 395 евро (эконом-класс) (аз самти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон) муқаррар гардидааст ва дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия) арзиши чипта коҳиш меёбад”,- омадааст дар баёния.

Гуфта мешавад, ки мусофирони таби баланд ё аломатҳои беморӣ дошта ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироят будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва ё мавҷудияти ҳолатҳои фурӯши чипта бо нархи барзиёд лутфан бо рақамҳои зер муроҷиат намоед:

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

+992 (37) 222 22 36, +992 (37) 222 22 39, +992 (37) 222 22 43, [email protected]

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”: +992 (93) 777 74 59, +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 (44) 640 40 48, [email protected], [email protected].

Ёдовар мешавем, ки аз ба фурӯши озод баромадани билетҳои парвозҳои чартерӣ аввалин шуда Your.tj бо такя ба манбаи мӯътамади худ хабар дода буд.

Манбаъ гуфта буд: “Дигар шаҳрвандони моро лозим намеояд, ки ба сафорати Тоҷикистон дар Русия барои бозгашт ба ватан ва номнавис кардани худ ба парвозҳои чартерӣ муроҷиат намоянд. Шаҳрвандони кишвар рӯзҳои наздик метавонанд билетҳои чартериро аз авикассаҳо дастрас намоянд”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend