fbpx

“Беш аз 90%-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шудааст”. Ҷузъиёти бештари мулоқоти Ятимов ва Тошиев

Ятимов гуфтааст, мо беш аз 120 километр пеш рафтем.


0
Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзро ҳал мекунанд
Вохӯрии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев. Акс: Turmush

Дар мулоқоте, ки дирӯз, 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд бо иштироки раҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди муайянсозӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор гардид, гуфта шудааст, ки то имрӯз 90% корҳо анҷом ёфтаанд.

Дар ин бора расонаи қирғизии “Turmush” бо истинод ба дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Саймумин Ятимов гуфтааст, зимни мулоқот масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ шуданд.

Ятимов ва Тошиев дар мулоқот

“Мо бори дигар таъкид намудем ва боварӣ ҳосил кардем, ки ду давлат манофеъ ва ҳадафҳои муштарак ва ҳамчунин корҳои умумӣ доранд. Хулосаи мантиқӣ дар манфиати халқҳои мо дида мешавад. Ин бехатарӣ ва тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии давлатҳои мост.

Имрӯз миқдори хеле бузурги корҳо анҷом дода шуданд, мо беш аз 120 километр пеш рафтем ва аз рӯи ин масъалаҳо ба таври ниҳоӣ розӣ шудем. Агар дарозии умумии сарҳади давлатиро гирем, ман метавонам ва Қамчибек Кидиршаевич ҳам тасдиқ карда метавонанд, ки беш аз 90 фоизи сарҳади давлатӣ аллакай мувофиқа шудааст. Мо воқеан ба ҳалли ин масъалаҳо наздиктар ҳастем”,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, “комиссия ба ҳалли масъалаҳои муҳим хеле масъулиятшиносона муносибат мекунад, аъзои он супоришҳои сарони давлатҳоро дақиқ иҷро мекунанд”.

Қамчибек Тошиев ҳамчунин гуфт, бар асоси натиҷаҳои кори комиссияи байниҳукуматӣ тавофуқҳо дар мавриди ҳалли қисми зиёди масъалаи марз ба мувофиқа омадаанд.

“Ин зиёда аз 90% аст. Ман фикр мекунам, ки минтақаҳои мувофиқашуда ба зудӣ аломатгзорӣ карда мешаванд. Якчанд минтақаҳо боқӣ мемонад, ки ба наздикӣ кори онҳоро анҷом медиҳем. Инҳо кадом минтақаҳоянд? Аз Қайрағоч, Қулунду, Мақсад, Арқа, Арқа-1, Арқа-2, Яни-Жер сар карда, то Жиделик. Гурӯҳи корӣ розигии дуҷонибаро пурра ба охир расонд. Илова бар ин, мо дар хусуси Қара-Боку, Лаккон (деҳаи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон) ба мувофиқа расидем”, – гуфт ӯ.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир корҳо дар самтҳои баҳсбарангез тақрибан анҷом шудааст.

“Барои анҷоми демаркатсия ва делимитатсия дар тамоми сарҳади давлатӣ чанд мулоқот боқӣ мондааст. Ман ба комиссияҳои ду давлат барои якҷоя хеле хуб анҷом додани ин кор миннатдорам”, – гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ятимов.

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дирӯз дар хусуси мулоқоти Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев АМИТ “Ховар” низ хабар дода буд, вале дар он ҷузъиёти вохӯрӣ шарҳ дода намешуд.

Ёдовар мешавем, ки Содир Жапаров, президенти Қирғизистон зимни мулоқот бо мардуми вилояти Ботканд гуфта буд, эҳтимол то баҳори соли оянда масъалаи марз бо Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд.

Дар охирин нишасти гурӯҳҳои кории ду кишвар, аз 29-уми ноябр то 5-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ду ҷониб дар мавриди 24,01 километр марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend