fbpx

Бемории сил дар кӯдакон. Нишонаҳо, ташхис ва табобат

Чаро кӯдакон баъди гирифтани ваксина ҳам метавонанд ба сил гирифтор шаванд?


0

Нишонаҳои бемории сил дар кӯдакон ва калонсолон фарқ намекунад. Сулфаи дарозмуддат (зиёда аз 2 ҳафта), табъи баланд, арақкунии шабона ва дар ҳолати дер муроҷиат кардан дард дар қафаси сина ва туф кардани хун аз аломатҳои асосии ин беморӣ мебошанд.

Дар нашри шашуми силсилаи подкастҳои “Аз сил ҳарфе бигӯ!” дар бораи бемории сили миёни кӯдакон бо Аслиддин Раҷабзода, мутахассиси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” суҳбат кардем.

Ёдовар мешавем, ки бемории сил ирсӣ нест, ҳангоми ташхиси саривақтӣ ва табобат бемор метавонад аз он комилан раҳо ёбад. Дар Тоҷикистон муоина ва табобати бемории сил ройгон аст.

Усулҳои маъмулии ташхис ва муайянсозии бемории сил – акси рейнтгении қафаси сина ва таҳлили балғам дар кӯдакон низ истифода бурда мешавад.

“Аз кӯдакони хурдсол гирифтани балғам душвор аст. Аз ин лиҳоз, ҳоло ба Тоҷикистон дастгоҳҳои индуксионӣ ворид шудааст, ки бо истифода аз он таҳлил балғами кӯдакони хурдсолро гузаронем. Инчунин, аз таҳлили наҷосати кӯдак низ муайян кардани бемории сил имконпазир аст, ки ин усул низ дар Тоҷикистон нав таҷриба мешавад”,- гуфт Аслиддин Раҷабзода.

Ба гуфтаи мутахассис, ҳоло ваксина бар зидди бемории сил вуҷуд надорад, вале ваксина барои пешгирии ҳолатҳои вазнини сил барои кӯдакон ҳастанд.

“Ин ҳамон ваксинае ҳаст, ки дар серӯзагии кӯдак дар таваллудхонаҳо гузаронида мешавад. Он кӯдакро дар давоми ҳаёт аз оризаҳои бемории сил, ба монанди сили майнаи сар, минингит эмин медорад”,- афзуд Раҷабзода.

Ӯ шарҳ дод, ки ин ваксина барои пешгирии оризаҳои бемории сил гузаронида мешавад, на барои пегирии бемории сил. Ба ин беморӣ дар давоми ҳаёт гирифтор шудан ё нашудани шахс кафолат дода намешавад, зеро ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо аз чор як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон аллакай сироятёфта ба ҳисоб мераванд.

“Омилҳо лозиманд, ки нафарони сироятёфта ба бемории сил гирифтор шаванд, хоҳ кӯдак бошад, хоҳ шахси калонсол. Омилҳо ҳамин аст, ки масъунияти бадан паст мегардад ва боиси гирифторшавии шахси сироятёта ба сил мегардад”,- афзуд мутахассис.

Ҷавоб ба саволҳои дигар ва шарҳи бештари мавзӯро дар шакли пурраи подкаст тамошо карда метавонед.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.

Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ “Аломат” буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend