fbpx

“Бемории рӯҳӣ”. Сабаби худкушии домоду арӯс дар Вахш маълум шуд

Мо мухтасар аз тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева дар рӯзи тӯй Акс: rus.ozodi.org

Занону кӯдакони аз Сурия баргашта ҳеҷ беморие надоранд – мақомот

Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, кӯдакону наврасоне, ки аз Ироқ оварда шудаанд, ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва Вазорати меҳнат вогузор мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон се сол пеш 84 фарзанди ҷангҷӯёни тоҷикро аз Ироқ оварданд, вале то ҳол онҳоро ба наздиконашон нишон намедиҳанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарии нимсолааш дар посух ба саволи журналистон гуфт, кӯдаконе, ки ба синни 7 мерасанд, барои таҳсил ба ихтиёри Вазорати маориф вогузор мешаванд. Вақте ин наврасон ба 16-солагӣ баробар мешаванд, ба гуфтаи вазири тандурустӣ, барои касбомӯзӣ ба ихтиёри Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳод мешаванд.

Вазири тандурустӣ бо таъкид ба ин ки салоҳияти сӯҳбати бештар дар ин мавзӯъро надорад, танҳо гуфт, 146 зану кӯдаки тоҷикро, ки аз урдугоҳҳои Сурия ба Тоҷикистон оварда шуданд, аз ташхис гузаронданд ва дар бадани онҳо ягон беморӣ сабт нашудааст. Ҷамолиддин Абдуллозода дар робита бо онҳо ҳам нагуфт, ки дар куҷо ва чӣ шароит нигаҳдорӣ мешаванд.

“Домод бемории рӯҳӣ дошт”. Сабаби худкушии домоду арӯс дар Вахш маълум шуд

Қурбон Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи ҳодисаи худкушии ду навхонадор дар ин ноҳия, ки моҳи март сурат гирифта буд гуфт, сабаби марги онҳо бемории рӯҳӣ аст.

“Дар аввал ҳар гуна овоза ва гапҳо карданд, ки гуё ягон ҳодисае шуда бошад. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ карданд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани навхонадорон бемории руҳӣ будааст”,- гуфт раиси ноҳия.

Ин гуфтаҳои раиси ноҳияро додситон Салоҳиддин Исмоилзода, ки дар нишаст ширкат дошт, тасдиқ кардааст.

“Волидони домод гуфтаанд, ки чанд маротиба дуохонӣ карда будаанд. Шабҳо баромада сари заминҳои пахта мерафтааст. Дар бадани ҳарду марҳум осори марги маҷбуриро наёфтем. Эҳтимол ҳарду маслиҳат карданду даст ба худкушӣ задаанд”- гуфт Исмоилзода.

Ҷасади  Гулҳавас Шоева ва Шарифбек Зиёевро рӯзи 27 март баъди чанд рӯзи хонадоршавияшон аз оғилхонаашон овехта пайдо карданд.

Раҳмон ва Жапаров аз зарурати идомаи муколамаи сиёсӣ гуфтанд

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки рӯзи 27-уми июл президентони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров (Ҷабборов) дар як сӯҳбати телефонӣ “масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минтақавиро” баррасӣ карданд. Дар хабарҳои мухтасари дастгоҳҳои ду президент инчунин омадааст, ки дар ин гуфтугӯ масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳам баррасӣ шудаанд.

Сомонаи президенти Тоҷикистон хабар дод, ки “дар рафти суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд”. Сомонаи президенти Қирғизистон навишт, ки раҳбарон “ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи фаъоли сиёсиро, ки ба тақвияти дӯстиву бародарии миёни ду давлат ва мардум равона шудааст, идома хоҳанд дод”.

Ин аввалин сӯҳбати телефонии ду раҳбар баъди дидори 21-уми июл дар Чолпонотаи Қирғизистон буд, ки дар чаҳорчӯби машварати раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо шуд. Ҷузъиёти дигари гуфтугӯи телефонии ду раҳбар нашр нашудааст.

Вазири тандурустӣ гуфт, чаро табибони тоҷик тарки кишвар мекунанд

Тайи 6 моҳи соли равон 674 табиб ва 1 ҳазору 350 ҳамшираи шафқат Тоҷикистонро тарк карда, ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ, имрӯз, 27 июл хабар дод.

– Дар соли 2021 бо сабаби банд будани сарҳадҳо муҳоҷирати меҳнатии табибон ба қайд гирифта нашуд.  Вале дар соли 2022 674 табиб ва 1350 ҳамшираи шафқат ба муҳоҷиарти меҳнатӣ ба дигар давлатҳо рафтанд. Мо наметавонем гуфт, ки дар ин кишварҳо аз рӯи ихтисос кор мекунанд ё ба дигар кор гузаштаанд, – афзуд Абдуллозода.

Ӯ сабаби тарк кардани табибону ҳамшираҳои тиббиро пешниҳод шудани барномаҳои махсус ва имтиёзҳо аз ҷониби кишварҳои дигар, махсусан, ҳамсоя маънидод кард.

Ба иттилои Ҷамолиддин Абдуллозода, айни ҳол, дар вилояти Хатлон 1157 табиб ва 2212 ҳамшираи тиб, дар вилояти Суғд 610 табиб ва 480 ҳамшираи тиб ва дар ВКМБ 58 табиб ва 9 ҳамшираи тиб намерасад.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 20797 табиб ва 60329 корманди миёнаи тиб  кор мекунанд.

“Помидор то 7 сомонӣ баромад”. Гармии шадид ҳосили сабзавотро дар Тоҷикистон талаф мекунад

Гармои тоқатфарсо нархи помидорро дар Тоҷикистон ду баробар боло бурдааст. Нашрияи таҳлилии EastFruit, ки ба таҳлили бозори меваву сабзавот машғул аст, навиштааст, идомаи гармои шадид дар кишвар ба замин ва боғи деҳқонон мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст.

Дар кишвар ҳафтаи гузашта ҳарорати ҳаво аз марзи 40 дараҷа гузашт. Деқонону боғбонон аз талаф ёфтани ҳосили киштукори худ шикоят кардаанд. Ба навиштаи таҳлилгарони нашрия, ҳатто помидор ҳам дар замини кишт вайрон шуда, пешниҳоди он ба бозор кам ва нархаш ду баробар зиёд шудааст. Ҳоло ҳар килои помидор аз 5 то 7 сомонӣ арзиш дорад. Як ҳафта пеш нархи он 3 сомонӣ буд.

Вазири тандурустӣ: Дар Тоҷикистон сурхакони маймун сабт нашудааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба сурхакони маймун сабт нашудааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандуруст ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, барои пешгирӣ аз вуруди ин беморӣ ба кишвар назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр шудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, шахсоне, ки аз кишварҳои мубтало ба сурхакони маймун ба Тоҷикистон меоянд, ҳарораташон санҷида мешавад. Инчунин ба гуфтаи Абдуллозода, ба ҷуз аз санҷидани ҳарорат, Вазорати тандурустӣ тестҳо дорад.

Бемории сурхакони маймун даҳҳо сол боз дар Африқо вуҷуд дошт, аммо аз моҳи майи имсол ба ин сӯ ба суръат дар саросари ҷаҳон густариш ёфт. То кунун ҳазорҳо нафар дар беш аз 70 кишвар ба он мубтало шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend