Бекор кардани ақди никоҳ дар Тоҷикистон гаронтар шуд

Дар асоси тағйирот ба қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ», ки рӯзи 1-уми октябр аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба  имзо расид, арзиши бекор кардани ақди никоҳ ду баробар зиёд мегардад.

Қонун пас аз нашр дар матбуот мавриди амал қарор мегирад.

Тибқи тағйироти нав, боҷи давлатӣ барои талоқ чунин муқаррар шудааст:

  • Бо аризаи якҷониба: 2 нишондиҳанда = 150 сомонӣ (қаблан 75 сомонӣ)

  • Бо аризаи якҷояи ҳамсарон: 10 нишондиҳанда = 750 сомонӣ (қаблан 375 сомонӣ)

  • Бо ҳалномаи суд: 14 нишондиҳанда = 1050 сомонӣ (қаблан 525 сомонӣ)

Ин лоиҳа аввал аз ҷониби ҳукумат тасдиқ ва сипас аз сӯи ду палатаи парлумон қабул шуда буд.

Мақомот мегӯянд, ки ин иқдом бо ҳадафи коҳиш додани сатҳи талоқ дар кишвар анҷом дода мешавад.

Ба иттилои расмӣ, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 4117 оила аз ҳам пошидааст, ки нисбат ба соли гузашта 291 адад камтар аст.

Бо вуҷуди ин, мақомоти давлатӣ сатҳи талоқро ҳанӯз нигаронкунанда меноманд. Ба гуфтаи Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, издивоҷи бармаҳал ва омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақил аз омилҳои асосии талоқ мебошанд.

Skip to toolbar