Бег Сабур ба нафақа рафт. Умед барои беҳбуди сифати алоқа?

Имрӯз, 23-уми январи соли 2025 Бег Сабур бо як фармони президент аз вазифаи раиси Хадамоти алоқа барканор шуд.

Хадамоти матбуоти президенти кишвар сабаби аз вазифа рафтани ӯро “баромадан ба синни нафақа” навиштааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ӯ Исфандиёри Саъдуллоро таъйин кардааст.

Бег Сабур аз соли 2011 – 14 сол раиси Хадамоти алоқаи кишвар буд. Ӯ борҳо барои сифати паст ва нархи гарони интернет ва тиҷорат танқид шуда, дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.

Исфандиёри Саъдулло раиси нави Хадамоти алоқа аз соли 2015 то ин замон дар мансаби муовини раиси ширкати “Телерадиоком” кор кардааст.

Skip to toolbar