Дарси забони тоҷикӣ дар мактаби миёна

Бе забон. Дар Тоҷикистон онҳое, ки мехоҳанд забони тоҷикиро омӯзанд, ба кадом мушкилиҳо дучор мешаванд?

35 сол муқаддам дар Тоҷикистон, он замон дар ҶШС Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро гирифт, забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо эътироф гардид. Барои инкишоф ва ташаккули забони миллӣ тамоми шароити табиӣ мавҷуд буд, вале пешравии назаррасе ба амал наомад.

Гарчанде дар ҷумҳурӣ қариб ҳама ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд, шароите муҳайё карда нашудааст, ки барои аз тарафи намояндагони миллатҳои дигар омӯхтани он мусоидат кунад. Барои худи тоҷиконе, ки дар муҳити русзабон ба воя расидаанд, шароити омӯзиши забони адабии тоҷикӣ муҳайё нест.

Пас аз оғози ҷанг дар Украина ин бештар эҳсос шуд, зеро намояндагони миллатҳои дигар, ки дар кишвар боқӣ мондаанд, худро бештар бо номи Тоҷикистон муаррифӣ намуда, дар бораи зарурати омӯзиши забони давлатӣ андеша карданд.

Лилия Гайсина, рӯзноманигор аз Тоҷикистон, солҳои ахир бештар дар бораи омӯзиши забони тоҷикӣ фикр мекунад. Пас аз таваллуди писараш, ки ӯро Румӣ ном гузошт, омӯхтани забони тоҷикӣ ба яке аз ҳадафҳои аслияш табдил ёфт, то ӯ ва писараш якпорчагии худро дар баробари Ватан эҳсос кунанд.

Бо вуҷуди он ки Лилия дар Тоҷикистон ба дунё омада, ба воя расид ва кор мекунад, мушкили надонистани забони давлатиро бартараф карда натавонист.

Вай барои надонистани забон баҳона надорад, аммо мегӯяд, дар роҳи омӯзиши забон як қатор монеаҳо вуҷуд доранд.

Лилия Гайсина, рӯзноманигор аз Тоҷикистон, ки мақсад гузоштааст, ба фарзандаш забони тоҷикиро омӯзонад

Ба гуфтаи вай, Андрей Волос дар китоби “Хуррамобод” дарси забони тоҷикиро дар мактабҳои русзабони шӯравӣ хеле хуб тавсиф кардааст.

“Ҳоло ёдоварӣ аз ин тасвир бароям аламовар аст, аммо ин воқеияти мактаби ман буд. Синфхонахои вайрона, китобхои дарсии фарсуда, дилгиркунанда ва мураккаб, муаллимони хастаю асабонӣ, ки бояд доимо талабагони бетартибро ором мекарданд, дарсҳои забони тоҷикӣ ҳамин тавр мегузашт. Афсӯс, ки онҳо дар назари мактаббачагон дӯстдоштанӣ набуданд, забони тоҷикӣ барои мо ҷолиб набуд”, – мегӯяд рӯзноманигор.

Ба гуфтаи вай, ин ба дарсҳои забони тоҷикӣ дар донишгоҳ низ дахл дошт. Он дар барномаи таълимӣ низ буд, аммо дарсҳо натиҷа надоданд.

“Ман дар ин бора муддати тӯлонӣ фикр намудам, дар аввал муаллимонамро айбдор кардам, баъд худамро, аммо ҳоло ба андешаи ман ҳам муаллимонам ва ҳам худам дар низоме қарор доштем, ки омӯзиши забон умуман имконнопазир буд ё ниҳоят душвор даст медод”, – мегӯяд Гайсина.

Забони тоҷикӣ ҳанӯз соли 1989, қабл аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон мақоми забони давлатиро гирифтааст.

Дар ин қонун аҳамияти забони тоҷикӣ дар бахшҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла дар маориф, асноди расмӣ ва расонаҳо таъкид шудааст.

Тибқи моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст забони давлатиро донад ва идораҳои дахлдор вазифадоранд, ки истифода, ҳифз ва рушди забони давлатиро таъмин намоянд.

Дар муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзиши забони давлатӣ ҳатмист, ки ба ин бояд сохторҳои дахлдор мусоидат кунанд.

Аммо дар амал ҳанӯз душвориҳо чун пештара бисёранд.

Тибқи барномаи таълимӣ, забони давлатӣ дар мактабҳои тоҷикӣ аз синфҳои 1 то 11, забони русӣ аз синфҳои 2 то 11 ва яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ) аз синфҳои 3 то 11 омӯзонида мешавад. Дар синфҳои русзабон, ки танҳо дар мактабҳои шаҳрҳои калон, аз ҷумла пойтахт вуҷуд доранд, омӯзиши забони тоҷикӣ аз синфи дуюм оғоз мешавад.

Дар натиҷа, ба истиснои шумораи ками кӯдакон, хатмкунандагон бо забонҳои омӯхтаашон озодона ҳарф зада наметавонанд.

Аксари хатмкунандагон, аз ҷумла онҳое, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони модарӣ меомӯзанд, ба гуфтаи коршиносон, дар захираи луғавиашон ҳудуди 1000 вожа мавҷуд аст, ки танҳо барои сӯҳбатҳои умумӣ ва ҳамарӯза басанда аст. Аммо ин барои омӯзиши илмҳо, бахусус илмҳои дақиқ кофӣ нест.

Барои Лилия ва дигар шаҳрвандони кишвар, ки натавонистаанд забони тоҷикиро дар сатҳи касбӣ аз худ кунанд, дар бораи сабабҳои нокомии забони кишваре, ки дар он зода шудаву зиндагӣ мекунанд, ҳарф задан душвор аст.

Вай мисол меорад, ки соли 2005 як соати академии омӯзиши забони тоҷикӣ 10 доллар арзиш дошт. Барои муқоиса, он замон дарси забони англисӣ аз мураббӣ 4 доллар арзиш дошт.

Дар соли 2023 курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ангуштшумор аст. Як соати дарс тақрибан 20 доллар арзиш дорад. Агар шумо якбора 50 соати машғулиятҳоро банд кардан хоҳед, тахфиф 50%-ро ташкил медиҳад, аммо ҳатто дар он сурат шумо бояд қариб 500 доллар супоред.

Ғайр аз ин, барномаи таълимӣ аз грамматикаи эронӣ гирифта шудааст.

Муайян кардани дараҷаи дониши забон низ мушкил аст. Масалан, дар забони англисӣ якчанд сатҳҳо мавҷуданд – Beginner, Elementary, Pre-Intermediate, Intermediate, Upper-Intermediate, Advance.

Сатҳи дониши забони олмонӣ аз рӯи A1, A2, B1, B2, C1 ва C2 муайян карда мешавад. Маълум нест, ки сатҳи дониши забони тоҷикӣ чӣ гуна муайян мешавад.

Нархи омӯзиш дар назди омӯзгорони хусусӣ аз 8 доллар барои як соати таълимӣ оғоз мешавад. Барои хориҷиёне, ки мехоҳанд забон омӯзанд, арзиши он аз 15 то 25 доллар аст.

Тарҷумонҳо ба забони тоҷикӣ низ кори худро бо нархи баланд пешниҳод мекунанд: аз 7 то 20 доллар барои як саҳифаи тарҷума.

Тавре Лилия қайд мекунад, барои омӯзиши забони тоҷикӣ системаи дастраси омӯзиш (махсусан онлайнӣ) вуҷуд надорад, курсҳо дастрас нестанд ва муҳтавои ҷолиб кам аст.

Дар баробари ин, аксарият, мисли Лайли зарурати донистани забонро дарк мекунанд. Вай мегӯяд, ки барои матолиби рӯзноманигорӣ мавзӯъҳои ҷолиберо меёбад, ки метавонанд ба аудиторияи расонаҳои хориҷӣ низ пешниҳод шаванд, аммо барои ин вай бояд бо мардум бо забони онҳо сӯҳбат кунад.

“Ман ба саросари ҷумҳурӣ сафар кардам, дурдасттарин деҳаҳои Тоҷикистонро дидам ва бо занони ин деҳаҳо наздик будам. Онҳо манбаи нодири иттилоот ҳастанд ва ҳамзамон медонам, ки агар бо ҳар яке аз ин мусоҳибон бо забони онҳо ҳарф зада метавонистам, чӣ қадар қиссаҳоро метавонистам бидонам!” – мегӯяд ӯ.

Забони русӣ чун сафедие дар поёни шаби сияҳ

Забони русӣ дар Тоҷикистон, асосан дар шаҳрҳо, ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо нақши муҳим дорад.

Аммо сабабҳои дигаре ҳам ҳаст, ки тоҷикон забони русиро забони ояндадор медонанд. Дар Тоҷикистон беш аз як миллион нафар ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам Русияро доранд. Созишномаи байни кишварҳо аз соли 1996 ба онҳо имкон медиҳад, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Алӣ ва Заррина, волидони ҷавон аз Душанбе, муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯи мактаби русӣ барои фарзандашон буданд. Бо вуҷуди он ки модар ҳанӯз дар моҳи май дар мактаб ҷой “банд” карда буд, то оғози соли хониш ба мактаб ҷалб шудани кӯдак номаълум боқӣ монд.

“Хоҳишмандон барои таълим гирифтани кӯдаконашон дар мактабҳои русӣ хеле зиёданд. Дар синфҳои мо то 50 нафар кӯдакон буданд. Кӯдаконе, ки умуман забони русиро намедонанд бисёранд, вале волидонашон онҳоро ба синфҳои русӣ шомил кардаанд”, – мегӯяд Заррина.

Ба гуфтаи вай, хонаводаи онҳо шаҳрвандии Русияро доранд ва таҳсил ба забони русӣ дар сурати тасмими кӯчидан ба Русия ба онҳо барои мутобиқшавӣ ба муҳити русзабон кумак мекунад.

Ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар Русия ба сар мебаранд. Надонистани забони русӣ барои онҳо дар пайдо кардани кор, қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳо ва мутобиқ шудан ба ҷамъият монеаҳои зиёде эҷод мекунад.

Акс аз “Азия-Плюс”

Гулбаҳор имсол фарзандашро ба синфи якум дод. Ҳарчанд писараш забони русиро намедонад, ӯро ба мактаби русӣ шомил кардааст.

“Шавҳарам муҳоҷир аст ва вақте бори аввал дар Русия ба кор шурӯъ кард, барои ӯ хеле душвор буд, зеро забонро намедонист. Дар ҳар қадам мушкилот пайдо мешуд, аз пурсишҳои марзбонон сар карда то ҳуҷҷатгузорӣ ва сафар дар метро, ​​ки дар онҷо кормандони милитсия пайваста фишор меоранд ва савол медиҳанд”, – мегӯяд ҳамсари муҳоҷир.

Набудани адабиёти босифат ба сатҳи омӯзиш таъсир мерасонад

Азиз Нақибзод дар Душанбе мағозаи шахсии китоб дорад, ки дар он асосан адабиёт ба забони русӣ фурӯхта мешавад. Ба гуфтаи ӯ, муштариёнаш ба забони тоҷикӣ тақрибан таваҷҷӯҳ надоранд.

“Сокинони Душанбе талош доранд, фарзандони худро ба синфу мактабҳои русӣ дохил кунанд. Ба мактаб ва маълумоти олии маҳаллӣ бовар намекунанд. Ба эътиқоди онҳо, донистани забони русӣ ба кӯдакон имкон медиҳад, ки ба донишгоҳҳои Русия, ки сифати таҳсил дар он ҷо беҳтар аст, дохил шаванд”, – мегӯяд ӯ.

Ба андешаи ӯ, бо вуҷуди он ки беш аз 90 дарсади мардуми Тоҷикистон ба тоҷикӣ ҳарф мезананд, на ҳама адабиёти тоҷикро дарк мекунанд.

“Адабиёти кӯдакона ва умуман адабиёт бо забони тоҷикӣ то панҷ соли пеш боқӣ мондааст, ҳоло қариб ҳеҷ чизи наве нест. Аммо ба онҳо ҳам талабот нест, қариб ки харидор надоранд. Мо дар арҷгузорӣ ва оммавӣ кардани забони модариамон аз ҳамсоягон хеле ақиб мондаем”, – мегӯяд Накибзод.

Азиз Нақибзод мегӯяд, талабот ба дабиёт бо забони тоҷикӣ ниҳоят кам аст

Ба эътиқоди ӯ, ба ҷавонон бояд дар амал нишон дода шавад, ки донистани забони модарии худ то чӣ андоза муҳим аст ва дар кишвар онҳо метавонанд бо донистани забони тоҷикӣ кори муносиб пайдо кунанд.

“Охир, аксари ҷавонон ҳадафмандона дигар забонҳои хориҷиро меомӯзанд, зеро мутмаин нестанд, ки дар Тоҷикистон кори муносиб пайдо карда метавонанд”, – мегӯяд ӯ.

Тарзи таълим дар мактабҳоро тағйир додан лозим аст

Ба гуфтаи Азим Байзоев, мутахассиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дар замони шӯравӣ дар ҷумҳурӣ мактабҳои русӣ, қазоқӣ, узбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ вуҷуд доштанд.

Аммо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бисёре аз намояндагони мардуми русзабон рафтанд, теъдоди онҳо аз 500 ҳазор нафари соли 1989 ба 50 ҳазор нафар дар соли 2010 коҳиш ёфт. Аммо, пас аз соли 2010 талабот ба мактабҳо бо забони русӣ ва солҳои ахир ба забони англисӣ зиёд шуд.

Забоншинос Азим Байзоев пешниҳод дора, ки усули таълим дар мактабҳо тағйир дода шавад

“Ин ду категорияи мактабҳо ҳоло мактабҳо барои ақаллиятҳои миллӣ нестанд. Дар ин мактабхо намояндагони ахолии маҳаллӣ, асосан тоҷикон таҳсил мекунанд. Бинобар ин мо бояд барномаи таълимро ба куллӣ тағйир диҳем.

Бо дарназардошти он ки толибилмони ин мактабҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва бо вуҷуди он ки таҳсил ба забони русӣ ё англисӣ сурат мегирад, донишҷӯён бояд забони давлатиро дар сатҳи зарурӣ донанд. Ва на танҳо забон, балки фарҳангу таърих ва адабиёти тоҷикиро низ”, – мегӯяд коршинос.

Ӯ пешниҳод дорад фаннҳое, ки бевосита ба миллат ва кишвар марбутанд, ба забони тоҷикӣ омӯзонида шаванд.

Масалан, дар синфҳои русӣ забони тоҷикиро бо забони русӣ, адабиёти тоҷик, таърих ва географияи Точикистон баробар омӯзонанд. Донишҷӯён метавонанд фаннҳои дигарро бо забони русӣ ё англисӣ омӯзанд.

Барои вазорат қонеъкунанда аст

Дар ҳоле ки иддае аз калонсолон барои ояндаи неки фарзандашон муассисаҳои таълимӣ меҷӯянду бархеи дигар дар андешаи он ҳастанд, ки забони давлатиро дар куҷо омӯзанд, ниҳодҳои марбута дар ин ҳеҷ мушкилеро намебинанд.

Мақомоти давлатӣ надонистани забони давлатиро дурӣ аз Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” медонанд, ки ҳар як шаҳрванди кишварро муваззаф кардааст, забонро донад.

Вазорати маорифи Тоҷикистон ифтитоҳи курсҳои ҷудогонаи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистонро ғайримантиқӣ медонад, зеро ба ақидаи онҳо, дар мактабҳои миёна барои пурра аз худ кардани он соатҳои академии забон ва адабиёти тоҷик кофӣ аст.

Вазири маориф ва илм дар нашрияи “Нашриёти муосир”. Акс: Вазорати маориф

“Ҳамчунин, бо фармони вазир дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, новобаста аз шакли моликият ва забон, маҳфилҳои омӯзиши забони давлатӣ таъсис дода шудааст, ки кӯдакон дар онҳо нозукиҳои забони адабии тоҷикиро аз худ мекунанд”, – гуфта мешавад дар ҷавоби расмӣ.

Вазорат муътақид аст, ки сатҳи таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои русӣ ё русӣ-тоҷикӣ қонеъкунанда аст.

Вазорати маориф инчунин иддао дорад, ки ҳамасола бо дастгирии шарикон дар кишвар 20 номгӯи китоби кӯдакона ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр шуда, ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ тақсим мешаванд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон зикр кард, ки масъалаи омӯзиши забони тоҷикӣ дар мактабҳо салоҳияти Академияи таҳсилот ва Вазорати маориф ва илм буда, нашри китобҳо бар дӯши Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг ва Академияи таҳсилот аст.

Дар мавриди курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ Кумита пешниҳод кард, ки дар курсҳои ДСРТ, Донишкадаи байналмилалии забонҳо, ДМТ ва Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки ин гуна курсҳоро доранд, иштирок намоем.

“Нашриёти муосир”, ки дар он китобҳо ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд. Акс: Вазорати маориф

Имкониятҳои истифоданашуда

Ба гуфтаи Рустам Гулов, коршиноси расонаҳои тоҷик, мушкили ӯ то андозае чуқуртар аст: кӯдакони синни томактабӣ танҳо бо забони русӣ ҳарф мезананд ва тоҷикӣ барои онҳо мисли забони хориҷӣ аст.

Сабаб дар он аст, ки кӯдакон муҳтаворо аз интернет танҳо бо забони русӣ истифода мекунанд, ки хеле фаровон аст.

Ӯ мегӯяд, дар Душанбе адабиёти бачагона пайдо карда натавонист, ки бо мундариҷа ва рангорангиаш шавқи кӯдакони синни томактабиро оварад. Дар мағозаҳои китоб асосан китобҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ ҳастанд.

Ба забони тоҷикӣ танҳо афсонаҳои кӯҳна бо сифати паст ҳастанд ва онҳо наметавонанд диққати кӯдаконеро, ки ба дидани суратҳои рангаи ламсшаванда, ки садо медиҳанд, одат кардаанд, ҷалб намоянд.

“Забони тоҷикӣ бояд дар интернет бошад, зеро дар ҷое, ки интернет рушд кардааст, кӯдакон бо забони русӣ ҳарф мезананд. Имрӯз онҳо забонро на дар кӯчаву оила, балки аз тариқи интернет меомӯзанд.

Ба забони модарии онҳо муҳтавои мувофиқ барои кӯдакон комилан вуҷуд надорад. Подкастҳо ва гузоришҳо ҳастанд, аммо онҳо ҳатто барои мактаббачагон нестанд”, – мегӯяд Гулов.

Коршиноси расонаҳо Рустам Гулов мегӯяд, бояд бештар муҳтавои кӯдакона ба забони тоҷикӣ таҳия шаванд

Дар соли 2014 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқоти солона бо намояндагони зиёиёни тоҷик ёдовар шуда буд, ки гузинаи тоҷикии Википедияро ҷавонони ватандӯст сохтаанд. Сипас президент ваъда дод, ки “ин иқдоми нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт”.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба идораи Энсиклопедияи миллии тоҷик дастур дод, ки “маълумотҳои худро ба ин шабакаи электронии байналмилалӣ ворид кунанд ва ҳамчунин сомонаи худро таҳия намоянд”.

Аммо бо гузашти тақрибан 10 сол мушкили мавҷудияти забони тоҷикӣ дар Википедия ҳалношуда боқӣ мемонад. Сарфи назар аз он, ки тамоми донишгоҳҳо, Академияи илмҳо, идораи Энсиклопедияи миллии тоҷик ва дигар шӯъбаҳои илмию фарҳангӣ муваззаф шудаанд, ки донишномаи озодро таҳия кунанд, рушди Википедия ба забони тоҷикӣ суст аст.

Барои муқоиса, дар соли 2013 теъдоди саҳифаҳо ба забони тоҷикӣ ҳудуди 10,1 ҳазор мақоларо ташкил медод. Дар соли 2023 – 111 ҳазор мақола, афзоиш ҳамагӣ 10 маротиба.

Википедияи тоҷикӣ корбарон ва ҳаводорони фаъол кам дорад ва низоми қолабҳо ва шаклҳои тайёр чандон таҳия нашудааст.

Дӯстмуроди Саид, яке аз муҳаррирони Википедия аз соли 2016 то кунун беш аз 10 ҳазор мақола навишта ва беш аз 40 ҳазор мақоларо таҳрир кардааст.

Ба гуфтаи Дӯстмуроди Саид, идораи Энсиклопедияи миллии тоҷик ба тамоми корбарони Википедия иҷоза додааст, ки бидуни иҷозаи расмии муаллиф матолиби энсиклопедияро дар Википедия нашр кунанд.

Ӯ худро викихолик мехонад, ки аз шуғли таҳияи Википедия ба забони тоҷикӣ лаззат мебарад. Википедия ҳатто барои одамоне мисли ӯ унвоне сохтааст.

“Ман фикр мекунам, барои коре, ки ҳаловат мебахшад, ҳеҷ гуна ҳавасмандӣ, аз ҷумла молиявӣ зарур нест. Дил худаш шавқ дорад. Ман 12 сол мешавад, ки викихолик ҳастам ва Википедия як ҷузъи ҳаёти ман шудааст”, – мегӯяд Саид.

Ба гуфтаи ӯ, Википедияҳо бо забонҳои русӣ, форсӣ, арабӣ ва англисӣ босуръат рушд мекунанд, зеро дар ин забонҳо донандагони аслӣ бештаранд.

Масалан, сокинони 15 кишвари пасошӯравӣ бо забони русӣ ҳарф мезананд, сокинони 20 кишвар бо забони арабӣ ҳарф мезананд ва дар саросари ҷаҳон донандагони англисӣ зиёданд.

“Бо вуҷуди он ки забони мо ҷузъе аз забони форсӣ аст, эрониён ва афғонҳо алифбои сирилликро намефаҳманд ва мо хатти форсиро намефаҳмем. Аз ин рӯ, танҳо сокинони Тоҷикистон ба тоҷикӣ менависанд”, – мегӯяд ӯ.

Барои муқоиса, қариб 7 миллион мақола ба забони англисӣ, 2 миллион ба забони русӣ ва 1 миллиону 200 ҳазор мақола ба забони арабӣ мавҷуд аст.

Ҳаводорони фаъол, ба мисли Дустмуроди Саид каманд ва на ҳама омодаанд, ки 12 сол бепул нависанд ва кор кунанд.

Нависандагони адабиёти бачагона ва калонсолон осори худро дар интернет намегузоранд, ки ин ҳам ба оммавӣ шудани забон мусоидат намекунад.

Наоиши китобҳои нашрияи “Маориф”. Акс: Вазорати маориф

Донистани забон калиди фарҳангҳои нав аст

Ба ҳамаи душвориҳо нигох накарда, Лилия Гайсина омӯхтани забони тоҷикиро дар назди худ мақсад гузоштааст.

Ӯ мегӯяд, муддати хеле тӯлонӣ аз талаффузаш ба забони тоҷикӣ хиҷолат мекашид ва ҳоло ҳам шарм медорад, метарсад, ки мабодо онро таҳриф кунад, зеро медонад, ки донандагони аслӣ ба он чӣ гуна меҳрубонона муносибат мекунанд.

“Ман ҳамеша аз гуфтани ҳатто як калима ба забони тоҷикӣ шарм медоштам. Ҳоло ман худамро маҷбур мекунам дар такси ва бозорҳои Тоҷикистон ба тоҷикӣ ҳарф занам. Аммо ба ман мегӯянд, бе хиҷолат ба русӣ гап занед, худро азоб надиҳед. Ман мегӯям, не, сабр кунед, ман ба тоҷикӣ ҳарф мезанам, барои ман ин як пешравӣ аст, зеро бартараф кардани монеаи забон хеле душвор аст”, – мегӯяд Гайсина.

Ба ақидаи ӯ, агар ҳоло курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ бо нархи дастрас кушода мешуданд, ҳатто дар миёни тоҷикон низ талабот зиёд мешуд.

“Надонистани забони тоҷикӣ барои ман, барои шахсе, ки миллаташ тоҷик нест, дарднок аст. Барои дӯстону наздиконам, шиносҳоям, ки худ тоҷиканд, вале тоҷикиро намедонанд, ин умуман як фоҷеа аст, барои онҳо хеле душвор аст”, – қайд мекунад ӯ.

Рӯзноманигор инчунин тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, ки писари якунимсолааш забони тоҷикиро аз худ кунад.

“Барои писарам, ки номаш Румӣ аст, ояндаи дигарро орзу мекунам, кӯшиш мекунам, ки ӯ шахсияти дақиқе дошта бошад, ки ман надорам. Аз рӯи миллат ман бошқирдӣ, бо фарҳанги русӣ ва зодаи Тоҷикистон ҳастам. Барои ман фаҳмиши забонҳо ва фарҳанг ниҳоят зарур аст, то худро комил ҳис кунам”, – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи вай, пеш аз ҳама мехоҳад, ки кӯдакаш забони тоҷикиро донад, зеро ӯ дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, падараш тоҷик ва номаш Румӣ аст ва бояд забони тоҷикиро донад, то як ҳиссаи худро аз даст надиҳад.

“Ҳатто агар номи писарам Михаил, вале зодаи Тоҷикистон мебуд, ба ӯ забони тоҷикиро меомӯзондам. Зеро дар ҳар сурат, ин ҷо зодгоҳи ӯст ва кишвареро, ки дар он таваллуд шудааст, бояд донад, сарфи назар аз он ки мо фардо бо ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунем ва миллаташ чист”, – қайд мекунад Гайсина.

Аммо ин ҳам аз мушкилот холӣ нест. Румӣ дояи тоҷикзабон дорад (ҳангоми ҷустуҷӯи доя ин шарти махсус буд), ӯ ба Румӣ ба забони тоҷикӣ афсона мехонад, онҳо ба забони тоҷикӣ мусиқӣ гӯш мекунанд, дар GEM TV (шабакаи телевизионии Эрон) филмҳои тасвирӣ тамошо мекунанд.

“Умедворам, ки вақте Румӣ ба воя мерасад, дар Душанбе кӯдакистонҳо ва мактабҳои сатҳи байналмилалӣ бо забони тоҷикӣ пайдо мешаванд, то ӯ ба он ҷо равад”, – мегӯяд Лилия

Ба гуфтаи ӯ, донистани забон Румиро комил мегардонад ва барои ӯ равзанае ба ҷаҳони тамоман дигар боз мешавад.

“Он дорои таърихи бузург, фарҳанги ғанӣ ва ҷаҳони комилан дигар дар муқоиса бо фарҳанги аврупоӣ аст. Дар оянда вай дар бозор бештар рақобатпазир мешавад, муошират бо одамон осонтар мегардад ва ӯ объекти ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба худ мегардад. Ӯ соҳиби якчанд фарҳанг хоҳад буд. Аз ин рӯ, ман ҳоло тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳам, ки ӯ забони тоҷикиро донад”, – мегӯяд Гайсина.

Skip to toolbar