Бе садо ва бе озодӣ. ИМА маблағгузорӣ ба “Радиои Озодӣ” ва “Садои Амрико”-ро қатъ кард

14 марти соли равон Доналд Трамп фармонеро имзо кард, ки коҳиши назарраси кормандон дар ҳафт агентии федеролиро пешбинӣ мекунад.

Ба онҳо Агентии расонаҳои ҷаҳонии ИМА (USAGM) низ шомил аст, ки кори “Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ” (RFE/RL) ва “Садои Амрико” (VOA)-ро назорат мекунад.

Рӯзи дигар Агентии расонаҳои ҷаҳонии ИМА корпоратсияи “Радиои Озодӣ”-ро аз қатъ шудани гранти федеролӣ, ки фаъолияти онро маблағгузорӣ мекард, огоҳ намуд. Дар ин бора дар сомонаи RFE/RL хабар дода шуд.

Зери ҳуҷҷат Кари Лейк, ки мушовири калони раиси USAGM таъин шудааст, имзо гузоштааст. Дар он гуфта мешавад, ки маблағгузорӣ аз 15 март қатъ мегардад.

“Садои Амрико”  хомӯш шуд

“Садои Амрико”  пас аз он ки Трамп фармони коҳиши кормандон дар USAGM-ро имзо кард, фаъолияти худро боздошт. Кормандони “Садои Амрико”  огоҳинома гирифтанд, ки то дастурҳои минбаъда ба рухсатии музднок фиристода мешаванд.

Директори “Садои Амрико”  Майкл Абрамович хабар дод, ки тақрибан 1,3 ҳазор корманд дар бораи рухсатии маъмурӣ огоҳинома гирифтаанд.

“Бори аввал дар 83 сол “Садои Амрико” хомӯш шуд”,- навишт ӯ.

Абрамович инчунин аз ҳамаи кормандон барои корашон сипосгузорӣ карда, қайд намуд, ки бисёре аз журналистони “Садои Амрико”  аз кишварҳои дорои низомҳои худкома омадаанд, ки дар онҳо имкони озодонаи пеш бурдани фаъолияти журналистиро надоштанд.

Оҷонсии Reuters хабар медиҳад, ки дар номаҳои электронии фиристодаи роҳбари шӯъбаи кадрҳои USAGM ба кормандон дастур дода шудааст, ки ба ҷойҳои кори худ ворид нашаванд ва ба низомҳои дохилӣ дастрасӣ надошта бошанд.

Ташкилотҳои байналмилалии журналистӣ, аз ҷумла “Гузоришгарони бидуни марз”, ба ҳимоят аз “Садои Амрико”  баромад карда, таъкид намуданд, ки қарори Трамп “ба озодии матбуот дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад ва кӯшишҳои 80-солаи Амрико барои таъмини ҷараёни озоди иттилоотро барбод медиҳад”.

“Радиои Озодӣ” ҳоло дар Осиёи Марказӣ фаъолият мекунад

Дар лаҳзаи нашри ин мавод, “Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ” расман қатъ шудани фаъолияти худро эълон накардааст. Вале Агентии расонаҳои ҷаҳонии ИМА онро дар бораи қатъ шудани маблағгузорӣ огоҳ намудааст. Ҳамзамон президенти радиостансия ва директори генералии он Стивен Капус дар бораи қатъ шудани маблағгузорӣ бо шеваи эҳтимолӣ ҳарф зада, онро “тӯҳфаи бузург барои душманони Амрико” номидааст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони се бахши Осиёи Марказии “Радиои Озодӣ” — бахши тоҷикӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ — изҳор доштанд, ки хадамоти онҳо фаъолияти худро идома медиҳанд.

Роҳбари бахши қазоқии “Радиои Озодӣ” — “Радиои Азаттик” Торокул Дооров хабар дод, ки новобаста ба қатъ шудани маблағгузорӣ аз ҷониби Агентии расонаҳои ҷаҳонии ИМА (USAGM), ба фаъолияти худ идома медиҳад.

“Радио Азаттик ба ҳама гуна душвориҳо ва фишори низомҳои тоталитарӣ тоб оварда, рисолати паҳн кардани арзишҳои демократия ва иттилооти дурустро иҷро кардааст. Он барои миллионҳо одамон, ки дар ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд, ягона чароғи ҳақиқат гардид. Ҳоло гуфтан душвор аст, ки вазъияти феълӣ ба мо чӣ гуна таъсир мерасонад. Раҳбарияти мо изҳори назар кард, ки мо ҳоло кори худро идома медиҳем”,- навиштааст ӯ дар Facebook.

Бахши қирғизии “Азаттик” низ фаъолияти худро идома медиҳад, хабар дод директори он Венера Ҷуматаева.

“Роҳбарият ба мо гуфтанд: “Ҳоло корро идома диҳед”. Агар ягон хабарҳои дигар пайдо шаванд, ҳатман шуморо огоҳ мекунем”,- навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Изҳороти шабеҳро раҳбари бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ”, Салим Аюбзод низ дар Facebook нашр кардааст.

Шӯъбаҳои “Радиои Озодӣ” дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон фаъолият мекунанд.

Трамп: “Расонаҳое, ки маро танқид мекунанд, бояд ғайриқонунӣ эълон шаванд”

Рӯзи имзои фармон, 14 март, Доналд Трамп шадидан аз расонаҳое, ки ӯро танқиди зиёд мекунанд, интиқод намуд.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар Вазорати адлияи ИМА шабакаҳои телевизионии CNN ва MSNBC-ро айбдор кард, ки 97,6% хабарҳои марбут ба ӯро бо лаҳни манфӣ пахш мекунанд ва илова намуд:

“Ба ин бояд хотима дода шавад, ин бояд ғайриқонунӣ дониста шавад”,- хабар медиҳад оҷонсии AFP.

Президенти ИМА инчунин расонаҳои танқидкунандаро “абзори сиёсӣ”-и Ҳизби демократӣ номида, онҳоро дар фасодкорӣ муттаҳам кард.

Қаблан миллиардер Илон Маск, ки Трамп ӯро раиси Департаменти самаранокии давлатӣ (DOGE) таъин кардааст, пешниҳод намуда буд, ки “Садои Амрико”  ва “Радиои Озодӣ” барҳам дода шаванд, зеро ба гуфтаи ӯ, онҳоро “дигар касе гӯш намекунад” ва онҳо “ҳар сол як миллиард доллари андозсупорандагони амрикоиро талаф медиҳанд”.

Skip to toolbar