Ҷӯрахон Обидов зиёда аз 40 сол мешавад, ки бо пойафзолдӯзӣ рӯз мегузаронад. Ӯ замони муҳоҷир буданаш низ ба ин кор машғул буд, кашфдӯзӣ ба Ҷӯрахон даромади иловагӣ меовард. Вақте пандемия оғоз шуд, роҳи усто ва тамоми муҳоҷирон ба сӯйи Русия баста шуд. Бинобар ин усто Ҷӯрахон устохонаи кафшдӯзиашро дар шаҳри Хуҷанд аз нав фаъол кард.
Усто Ҷӯрахон ин ҳунарро дар коргоҳи кафшбарории “Базеб” –и шаҳри Хуҷанд, ки дар замони Шӯравӣ хеле машҳур буд, ёд гирифтааст. Пас аз баста шудани корхонаи пойафзолбарории “Базеб” қаҳрамони мо чун дигар устоҳо барои худ дар ҷамаоти деҳоти Ёва дар назди як мағозаи хӯрокворӣ, нуқтаи пойафзолдӯзӣ мекушояду ба таъмири кафшҳои кӯҳна ва дӯхтани пойафзолҳои нави фармоишӣ машғул мешавад.
“Маошамонро кам ва дер-дер медоданд”
Чанде нагузашта соҳибмулки қитъаи замин талаб мекунад, ки усто ҷойро холӣ кунад. Вай аз рӯйи ноилоҷӣ дӯконро баста ба муҳоҷират меравад. Ҷӯрахон-усто аз соли 2006 инҷониб ба шаҳри Красноярски Русия рафта мардикорӣ мекард, вале кори кафшдӯзиро низ идома медод.
Тавре қаҳрамони мо мегӯяд он замонҳо шароити муҳоҷирон вазнин буд, вале онҳо маҷбур буданд, ки кор кунанду зиндагиашонро пеш баранд.
“Он солҳое, ки мо барои кор ба Русия мерафтем, шароит вазнин буд, ҳар коре пеш меомад иҷро мекардам, то ки бе пул намонам. Он замон ҳатто телефон камчин буд. Бо оилаам дар як моҳ як бор бо телефони кӯча гап мезадем. Маошамонро кам ва дер-дер медоданд.
Дар шаҳри мусофирӣ низ кам-кам пойафзолдӯзӣ мекардам. Бо ин ҳунарам нон меёфтаму ба хона низ то гирифтани маош каме ҳам бошад пул мефиристодам”, – нақл мекунад, усто – Ҷӯрахон.
Аз муҳоҷират ба Ватан
Усторо охирҳои соли 2019 фишорбаландӣ азият медиҳад, корфармо ҳолати усторо дида, ба ӯ рухсатӣ медиҳад, то ба ватан баргашта табобат гирад. Пас аз як соли табобат қаҳрамони мо нияти ба Русия рафтан мекунад, аммо аллакай ҷаҳонро воҳимаи коронавирус гирифта буд ва пас аз муддате марзҳо баста шуданду Усто – Ҷурахон дигар ба муҳоҷират рафта натавонист.
Қаҳрамони мо боз рӯй овард ба касби пешинааш. Ӯ ҳоло дар кӯчаи марказии Ёва дӯкони нав кушодааст. Новобаста аз он ки, имрӯз дар бозор номгӯийи пойафзолҳои хушнамуди чинӣ, ки бо нархи арзон дастрас аст, Ҷӯрахон – усто бекор нест. Вай аз рӯйи фармоиши мизоҷон туфлиҳои мардона, пойпӯшҳои занонаю бачагона ва кафшҳои мавсимию ҷашнӣ медӯзад.
“Дидам ки марзҳо баста шудаанду ба ин зудиҳо ба Русия рафтан намешавад. Моҳи июни соли гузашта ҳамин дӯконро фаъол кардам. Шукри Худо, ки бекор нестам ва доимо мошинаам дар кор аст”, – мегӯяд, каҳрамони мо.
“Кафшдӯзӣ – кори ҷуҳуд?”
Ҷӯрахон – усто ҳоло 63 сол дорад ва то ҳол ӯ ресмонро бе айнак ба нӯги дирафш мегузаронад. Аслан, вай бо истодагарии падараш – Файзуллохон устои кафшдӯз шудааст. Замоне падар ӯро маҷбуран барои омӯхтани ин ҳунар бурда буд ва ҳоло усто аз падар ҳазорон бор минатдор асту шукр мекунад, ки ӯро дар вақташ барои омӯхтани касб маҷбур карда буд.
“Ман дар мактаб аълохон набудам. Худ ва падару модар ҳам медонистанд, ки аз ман донишҷӯйи ҳақиқӣ намебарояд. Барои ҳамин аз пайи ёд гирифтани ҳунар шудам. Боре падари раҳматиям гуфтанд, ки “назди устои кафшдӯз ё сартарош шогирд мешавӣ!”. Ман бо он сабаб, ки он замон ин корҳоро бештар яҳудиён мекарданд, амри падарро рад карда будам. “Дадаҷон, ман ҷуҳуд – мӣ, сартарошу кафшдӯз мешавам?”, – ҳар бор бо алам мегуфтам ман”, – бахотир меорад, усто.
Солҳои пеш дар шаҳри Хуҷанд яҳудиён зиёд буданд ва бештари сартарошу кафшдӯзон яҳудиҳо буданд. Ахиран, падар маҷбуран дасти усторо мегираду ба назди як рафиқи кафшдӯзаш Неъматҷон – усто, ки дар корхонаи пойафзолбарории “Базеб” фаъолият мекард, мебарад.
“Истодагирии падар маҷбурам кард, ки назди устои кафшдӯз рафта шогирд шавам. Давоми 6 моҳ шогирдӣ кардам. Ба сехи мо “таг” ва “рӯй” – и тайёри кафшҳоро меоварданд. Устоҳо онро дар қолаби тайёр, ки андозаҳои гуногун дошт, мекашиданд. Устоҳои калонсол ба ман барин шогирдҳо ҳамаи сири корашонро мегуфтанд.
Аз ҳама чизи асосӣ дар омӯхтани кори мо доштани сабру тоқат ва дуруст кор карда тавонистан бо ангуштон буд. Ҳар боре, ки бигиз ё корди махсуси кафшдӯзиро хато кор фармуда монам, банохост, ангуштонам хуншор мешуд. Неъматҷон – усто, ки маро мисли писарашон дӯст медоштанд, мегуфтанд:
“Писарам, ҳеҷ гап не, акнун, устои ҳаққонӣ мешавед!”. Завқу ҳаваси коромӯзиям сабаб шуду баъди 6 моҳ бо дуои устоям – Неъматҷон ман ҳам усто шудам. Баъд аз усто шуданам хато будани гапи як замон машҳур “кафшдӯзӣ кори ҷуҳуд аст” – ро фаҳмидам”, – ба ёд меорад, Ҷӯрахон- усто.
“Дигар Русия намеравам”
Пас аз ин усторо дар корхона чун кафшдӯз расман ба кор қабул мекунанд. Ӯ дигар кафшдӯзиро касби яҳудиён намегуфт ва шарм ҳам намекард, баръакс хушбахт буд, ки ҳунар омӯхту дар зиндагӣ роҳашро ёфт.
Тавре қаҳрамони мо мегӯяд, вақте дар замони Шӯравӣ ба муносибати санаҳои таърихӣ роҳпаймоиҳо мешуд, кори кафшдӯзон ҳам дар қатори дигар ҳунармандону коргарон меафзуд. Ҷӯрахон – усто он шабу рӯзҳо дар хона низ нишаста барои духтарон кафшҳои зардузӣ ва барои мардон бошад чармин медӯхт.
Вале ҳоло ба кафшҳои зардӯзӣ талабот нест ва касе ҳам фармоиш намедиҳад. Аз ин рӯ, усто низ ба мӯдҳои замонавӣ рӯй овардааст. Акнун ӯ ба наварӯсон кафш дӯхта медиҳаду барои мардон аз чарм пойафзол омода мекунад.
Агар як қисмати муҳоҷирони ба Русия рафта натавониста, ба ронандагиву мардикорӣ машғул шуда бошанд, усто – Ҷӯрахон касби пешинаашро эҳё кард. Ӯ ҳоло мизоҷоним доимии худро дорад ва дигар намехоҳад, ки ба муҳоҷират равад. Усто пойафзолҳоро вобаста аз ҳолат бо арзиши аз 5 то 20 сомонӣ таъмир мекунанд. Чун мизоҷонаш зиёданд, маблағи меёфтааш барои зиндагӣ расидагӣ мекунанд.
Ҷӯрахон – усто давоми 2 сол дар ин коргоҳи хурдакак 1 шогирд тайёр кард. Шогирдаш ҳоло мактабхон буда дӯкони алоҳида надорад.
“Завқи шогирдамро дида хушҳол мешавам. Боварӣ дорам, ки дар оянда касе корамро идома медиҳад. Агар ҳамин тавр бачаҳо ҳунар омӯзанд, ҳоҷати ба муҳоҷират рафтан намемонад, агар ба муҳоҷират низ раванд хор намешаванд”, – гуфт дар охир Усто – Ҷӯрахон.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.