Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Бе миёнарав ва фиреби қаллобон. Чӣ тавр ба Британияи Кабир ба кори мавсимӣ рафтан мумкин
Дата публикации: 18:2113.01.2025
Шаҳрвандони Тоҷикистон роҳҳои расидан ба Аврупо, махсусан Британияи Кабирро меҷӯянд, вале мутаассифона бархеи онҳо ба доми ширкатҳо ва миёнаравҳои қаллоб меафтанд, ки шумораашон ниҳоят зиёд аст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанде пеш шаҳрвандонро ба эҳтиёт аз қаллобон даъват кард. Мо дар ин матлаб роҳҳои бехатари дарёфти кор ва сафар ба Бритнияи Кабирро пешниҳод мекунем.
Сомонаҳои расмие, ки дар онҳо худро барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир номнависӣ кардан мумкин аст, инҳоянд:
Қабули дархостҳо дар ин сомонаҳоро хоҳишмандон метавонанд мустақилона тафтиш намуда, худро сабтином кунанд.
Тибқи иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон хароҷот аз лаҳзаи бақайдгирӣ то рафтан ба Британияи Кабир аз инҳо иборат аст:
Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Айнӣ 121; дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавси 118; дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 24-б ва дар шаҳри Хоруғ кӯчаи Азизбек 4 ҷойгир аст.
Нафароне, ки ба кори мавсимӣ ба Британияи Кабир ва дигар каишварҳои аврупоӣ таваҷҷуҳ доранд, бояд донанд, ки ягон ташкилоти бакоргиранда бо Шумо тариқи Whats App ё Telegram ба алоқа намебароянд.
Рекламаҳои зиёде, ки дар Facebook ва Instagtam дида мешаванд ва ба кор дар Британияи Кабир даъват мекунанд, қаллобӣ аст.
Нафаре худро корманди ягон ширкати корфармо муаррифӣ мекунад, ба воситаи Whats App ё Telegram бо шумо суҳбат мекунад ва бароятон кор дар Британияи Кабирро ваъда медиҳад, қаллоб аст.
Тариқи WhatsApp ё Telegram ба шумо ҳуҷҷатҳои зиёде фиристода, исбот карданӣ мешавад, ки дар ширкати расмӣ ва ҳақиқӣ фаъолият мекунад, қаллоб аст.
Бо пешниҳоди шартномаи қалбакӣ ба шумо омода кардани “виза”-ро ваъда медиҳад, қаллоб аст.
Ба шумо корҳои берун аз барномаи мавсимӣ ва маоши беш аз 11.44 фунт, ҷойи кори ғайри кишоварзӣ, ҷойи хоби бепул, пардохти билети ҳавопаймо ва ғайраро пешниҳод мекунад, қаллоб аст.
Ба шумо реквизитҳои бонкии худ ва ё ягон нафар аз шариконашро пешниҳод кунад ва гӯяд, ки ба он маблағ гузаронед, қаллоб аст.
741 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
22 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
23 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад