logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

БАТР барои низоми гармидиҳии Душанбе $6 млн. ҷудо мекунад

Интизор меравад, ки бо амалисозии лоиҳаи мазкур беш аз 500 ҳазор сокини Душанбе дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин карда шаванд.

Your tj

16:1424.12.2025

БАТР барои низоми гармидиҳии Душанбе $6 млн. ҷудо мекунад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои татбиқи лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 6 миллион доллар қарзу грант ҷудо менамояд.

Лоиҳа 12-уми декабр дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда, ба тасвиб расидааст.

Ба гуфтаи вакили парлумон Нигина Шарифзод, аз маблағи умумӣ 3 миллион доллар грант ва 3 миллион доллар қарз мебошад. Дар доираи ин тарҳ таҷдид ва тавсеаи шабакаҳои гармидиҳии пойтахт пешбинӣ шуда, 193 биною иншоот ва 8 бунгоҳи насосӣ ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст хоҳанд шуд.

Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон, таъкид кард, ки лоиҳа барои коҳиши талафоти қувваи гармӣ, кам кардани садамаҳо дар шабакаҳо ва паст намудани арзиши истеҳсоли гармӣ равона шудааст. Ба гуфтаи ӯ, давраи татбиқи созишномаи қарзии иловагӣ аз соли 2025 оғоз шуда, то соли 2028 идома меёбад.

Интизор меравад, ки бо амалисозии лоиҳа беш аз 500 ҳазор сокини Душанбе дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин гардида, ҳамзамон ҳаҷми партови гази карбон (CO₂) коҳиш ёбад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ