fbpx

Бастрикин гуфт, 20 ҳазор муҳоҷири дорои шаҳрвандӣ дар “хати пеши ҷанг”-и зидди Украина қарор доранд

Ба гуфтаи Бастрикин, кормандони Кумита барои ошкор намудани муҳоҷирони саркаш дар якҷоягӣ бо ВКД ва Росгвардия рейдҳо мегузаронанд.


0

Кумитаи тафтишотии Русия беш аз 80 ҳазор муҳоҷиреро ошкор кардааст, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, аммо худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштанд.

20 ҳазор нафари онҳо ба ҷанги зидди Украина фиристода шуданд, изҳор дошт раиси КТ ФР Александр Бастрикин дар Форуми ҳуқуқии байналмилалии Петербург, менависанд расонаҳои Русия.

Ба гуфтаи Бастрикин, кормандони Кумита барои ошкор намудани муҳоҷирони саркаш дар якҷоягӣ бо ВКД ва Росгвардия рейдҳо мегузаронанд.

“Мо шаҳрвандони Русия – хориҷиёнеро “меқапем”, ки шаҳрвандӣ гирифтаанд, аммо худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, ҳарчанд онҳо вазифадоранд, ки ин корро анҷом диҳанд. Аллакай 80 ҳазор чунин шаҳрвандро ошкор кардаем, ки на танҳо ба хати пеши ҷанг намераванд, ҳатто ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудан намехоҳанд.

Аллакай 20 ҳазор шаҳрванди ҷавони Русия, ки аз чӣ бошад, дар Узбекистон, Тоҷикистон ё Қирғизистон зиндагӣ кардан намехоҳанд, имрӯз дар хати пеши ҷанг қарор доранд. Шояд касе метавонад шарҳ диҳад, ки чаро онҳо дар ватани худ зиндагӣ карда наметавонанд?” – гуфт Бастрикин зимни суханрониаш.

Лоиҳаи давлатии Украина “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”), то имрӯз номи 931 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Русия дар ҷанг бар зидди Украина иштирок кардаанд ё мекунанд, нашр намудааст.

Аз миёни онҳо 196 нафар ҳалок шудаанд. Тибқи иттилои манбаъ, мӯҳлати миёнаи зиндагии сарбози шартномавӣ тақрибан 140 рӯз аст, ва кӯтоҳтарин давраи хизмат аз рӯзи имзои шартнома то марг ҳамагӣ ҳафт рӯз будааст.

Дар Тоҷикистон иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар тибқи моддаи “Зархаридӣ” ҷиноят дониста шуда, бо муҳлати аз 12 то 20 соли маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо дода мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend