fbpx

Баста шудани “Макдоналдс” савдои шаурмапазонро тезонд. Чӣ тавр муҳоҷирони тоҷик дар Русия шаурмапазӣ мекунанд?

Кори муҳоҷирони тоҷик дар дӯконҳои шаурмапазии Русия хубтар шудааст.   


1
1 point

Баъди оғози ҷанг дар Украина қаҳвахонаҳои “McDonald,s” фаъолиятро дар Русия қатъ карданд. Расонаҳои русӣ менависанд, ки ин кори дӯконҳои шаурмапазиро беҳтар намудааст. Ин ҳолатро муҳоҷирони тоҷике, ки дар дӯконҳои шаурмапазии Русия фаъолият мекунанд, низ тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ҳоло ҳатто барои як лаҳза истироҳат кардан низ вақт намеёбанд.

Сомонаи русии Москвичмаг менависад, ки пас аз баста шудани Макдоландсҳо фурӯши шаурма 23 маротиба зиёд шудааст, ки ин шаурмачиёнро хеле шод кардааст.

Гуфта мешавад, ки харидорони шаурма асосан донишҷӯён, таксиронҳо, сайёҳон ва дигарон ҳастанд.

Муаллифи Your.tj  бо чанд нафар муҳоҷирони тоҷик, ки дар русия шаурмапаз ҳастанд суҳбат кард.

Талабот ба шаурма зиёд шудааст!

Ҳусниддин Шаҳобиддинов муҳоҷири  24 солаи тоҷик аст. Ӯ зодаи деҳаи Боғистони шаҳри Исфара мебошад, соли 2016 пас аз хатми мактаб барои кор ба Русия сафар мекунад. Ӯ иқрор мешавад, ки дар аввал барояш ёфтани кори муносиб осон набуд. Баъдан бо кӯмаки як дӯсташ дар дӯкони шаурмапазӣ ба кор медарояд.

“Ман ба як нуқтаи шарумафурӯшӣ, ки дар пеши Донишгоҳи шаҳри Новочеркасск аст, ба кор даромадам. Аслан, то ин вақт ман бо кори шаурмапазӣ машғул нашуда будам. Бо ёрии яке аз шаурмапазҳои таҷрибадори ин дӯкон, ки шиноси наздикам аст, давоми  1 моҳ шаурмапазиро  ёд гирифтам”, – нақл мекунад, Ҳусниддин.

Қаҳрамони мо давоми 6 сол аст, ки дар ҳамин нуқтаи  шаурмафурӯшӣ шаурмапаз шуда кор мекунад. Ӯ тасдиқ кард, ки сар аз моҳи марти соли ҷорӣ харидори шаурма зиёд шудааст.

“Албтта, ширкати “Макдоналдс” як бренди машҳур аст. Ҷавонон маҳсулоти ин ширкатро дӯст медоранд. Лекин ҳозир дари нуқтаҳои фурӯши ин ширкат маҳкам аст. Дар наздикии дӯкони мо қаҳвахонаи калони “КФС” буд, ду  моҳ шуд, ки он ҳам кор намекунад. Аз ин рӯ  мизоҷони мо аз пештара дида зиёд шуда, савдоямон хуб шудааст. Аз мушоҳидаҳои худам мегӯям, дар вақти кор кардани “КФС” – ю “Макдоландс”  ҳам талабгорони шаурма кам набуданд”, – мегӯяд,  шаурмапази ҷавон.

Ҳусниддин мегӯяд, ки  шарумапазӣ кори осон нест, чунки вай  аз саҳар то бегоҳ рост меистад, вале чун зимистону тобистон мардум онро истеъмол мекунанд барои як муҳоҷир кори хуб аст, дар ҳар мавсиме кору савдо ҳаст.

“Ҳозир баъзе аз шаурмапазҳо бо фоиз кор мекунанд, бархе бо маоши муайян. Аз ҷумла, ман аз рӯйи корам ба ҳисоби миёна дар як моҳ 60-70 ҳазор рубл маош мегирам. Аз рӯйи шунидаам дигар бачаҳое, ки дар дӯконҳои шарума кор мекунанд, онҳо низ аз 50 то 90 ҳазор рубл дар як моҳ кор мекунанд”, – мегӯяд, Ҳусниддин.

Барои дигар истироҳат вақт намеёбем

Абдураҳмон Тағоймуродзода донишҷӯӣ 19 солаи тоҷик аст. Ӯ низ дар баробари хондан дар дӯкони шаурмапазие кор мекунад. Абдураҳмон донишҷӯи соли аввали  Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибириск аст. Ӯ дар Донишгоҳ ройгон таҳсил мекунад, вале  аз рӯзҳои авввали донишҷӯӣ барои бароварда кардани хароҷот ва ёрии моддӣ расондан ба хонавода кори иловагӣ ҷустуҷӯ карду дар як дӯкони шаурма кор ёфт.

“Дӯконе, ки ман дар он ҷо  кор мекунам, дар наздикии ҷойи истиқомам аст. Ман ҳар рӯз пас аз дарс ҷойи кор омода, то бегоҳ бо шарумапазӣ машғул мешавам. Ин корро ман дар шаҳри Ваҳдат низ мекардам. Аммо шароити корӣ ва тарзи  омода кардани шаурма дар ин ҷо душвортар будааст. Барои ҳамин ман  ин ҷо беш  як ҳафта коромӯз шудам ва баъдан коргар. Ман ба ҳисоби миёна  дар як рӯз аз 900 рубл то 1300 рубл кор мекунам, ки барои як донишҷӯ бад нест”, – нақл мекунад, Абдураҳмон.

Абдураҳмон низ ба монанди Ҳусниддин тасдиқ кард, ки чанд моҳ боз харидорони шаурма зиёд шудааст ва ӯ ҳатто барои нишастан вақт намеёбад.

“Ҳар вақте ки  харидор набуд дар роҳаткурсии дӯкон нишаста, 4-5 бор дам мегирифтам. Имрӯзҳо як ё ду бор дам мегирам, тамом.  Бо нимбасти корӣ дар як моҳ  аз 25 ҳазор то 40 ҳазор рубл маош мегирам ин ҳам ба хубтар шудани савдоямон вобастагӣ дарад”, – мегӯяд, Абдураҳмон.

Ҳусниддин ва Абдураҳмон нияти ба дигар кор гузаштан надоранд, чунки шароити корӣ ва музди моаши шаурмапазӣ дар Русия онҳоро қонеъ мекунад.

Файзуллохон Обидов 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend