fbpx

Баррасии парвандаи 5 сарбоз ва як афсар дар робита ба навори латукӯби сарбозон

Панҷ сарбозро тибқи Кодекси ҷиноятӣ аз панҷ то даҳ сол ва подполковник Нузҳат Лазуриевро аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.


0
Латукӯби сарбозон дар Тоҷикистон
Намогирифт аз навори латукӯби сарбозон

Баррасии парвандаи панҷ сарбоз ва афсаре, ки дар робита ба навори латукӯби наваскарон боздошт шуда буданд, оғоз гардидааст. Навори мазкур як моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, вокуниши шадиди шаҳрвандонро ба миён овард. Мақомот баъди чанд соати нашри навор аз боздошти гумонбарон хабар дода буданд.

Тавре Радиои “Озодӣ” иттилоъ медиҳад, муҳокимаи парванда дирӯз, 23-юми май аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Суди олии Тоҷикистон дар бинои Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд шурӯъ шудааст.

Ба курсии ҷавобгарӣ сарбозон Ҷонибек Қосимзода, Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов, Ҳоҷиакбар Сайфуллоев ва подполковник Нузҳат Лазуриев нишастаанд. Ин афсар то лаҳзаи боздошт сардори комендатураи якуми “Ворух” буд.

Панҷ сарбоз ба “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” муттаҳам мешаванд. Қисми 2-и моддаи 373-и Кодекси ҷиноятӣ барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Подполковник Нузҳат Лазуриев ба суистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам аст. Ин банди қонун (моддаи 391, қисми 3, банди “б”)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Гуфта мешавад, панҷ сарбоз муҳлати хидматро ба поён расонда буданд ва дар хонаҳояшон боздошт шуданд. Қазияи онҳоро судяи низомии Суғд давоми қариб як моҳ таҳқиқ кардааст.

Назари сарбозону афсари боздоштшуда ва наздиконашон дар робита бо парванда дастрас нест.

Навори латукӯби сарбозон, ки як моҳ пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд, тибқи иттилои мақомот 15-уми декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сабт шудааст.

Онро дар авҷи мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд.

Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон дарди куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend