Баъди амали террористии рӯзи 22 март дар толори корсертии “Крокус Сити Холл”, воқеъ дар шаҳри Москва, ки тибқи иттилои охир бар асари он 139 нафар кушта шуда, 180 нафари дигар маҷруҳ гардидаанд, ба гуфтаи муҳоҷирон, муносибат бо зодагони Осиёи Марказӣ, алалхусус тоҷикистониён дар Русия тағйир ёфт.
Мақомоти Русия 11 нафарро дар ин амали террористӣ гумонбар медонанд. То ин вақт 8 нафар боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Мо бо чанде аз муҳоҷирони тоҷик ҳамсуҳбат шуда, аз вазъияти онҳо пурсон шудем.
“Дар ташвиш ҳастем,ки “депорт” мекунанд”
Фирдавс Займуддинов, муҳоҷири дигари тоҷик дар яке аз сохтмонҳои вилояти Самара кор мекунад. Ӯ рӯзи 25-уми март гуфт, ки ҳоло вазъ дар он ҷо хуб аст. Вале чанде аз дӯстонаш ба вай гуфтанд, ки аз рӯзи 26 ё 27 дар ин вилоят низ рейдҳо барои санҷиши муҳоҷирон оғоз хоҳанд шуд.
“Дар ташвиш ҳастем, ки “депорт”-амон накунанд. Воқеае, ки дар Москва рух дод, моро сахт нигарон кард. Солҳои охир вазъият чандон хуб набуд. Худо кунад, ки ҳолат хуб шаваду кор кунем, то зиндагиамонро пеш барем”, – бо нигаронӣ гуфт Фирдавс.
“То ором шудани вазъ ба мо истироҳати корӣ эълон карданд”
Мерган Абдурауфов, муҳоҷири тоҷик, ки феълан дар шаҳри Москваи Русия қарор дорад, мегӯяд, баъди ҳамлаи террористӣ вазъияташон бад шудааст. Ӯ дар яке аз бозорҳои Москва фурӯшанда аст. Мегӯяд, аллакай бар зидди онҳо аз ҷониби мақомоти Русия рейдҳо оғоз шудааст.
Ин муҳоҷири тоҷик беш аз 5 сол аст, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ фаъолият мекунад. Бо оилааш дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд.
“Ҳарчанд ҳуҷҷатҳои будубоши ман пурра дуруст ҳастанд, вале аз ҷониби роҳбарияти бозор бароям огоҳинома доданд, ки давоми як ҳафта ба кор наравем. То беҳтар шудани вазъ, мунтазир бимонем”, -нақл мекунад Мерган.
Ӯ мегӯяд, ин танаффуси корӣ боиси мушкилиҳое мисли пардохти иҷорапулӣ ва дастрасӣ ба маводи ғизоӣ хоҳад шуд.
“Барои тоҷик будан аз хона пеш карданд”
Маҳмадулло, муҳоҷири ҷавони тоҷик аст, ки дар шаҳри Москва ба ҳайси сантехник кор мекунад. Ӯ мегӯяд, вақте бори аввал ин хабарро шунид, ҳуш аз сараш парид.
“Дар метро ҳамарӯза милитсия дида намешуд. Аммо баъди ҳодисаи тирпаронӣ имрӯз як-як сумкаҳои одамонро кофтукоб мекарданд. То имрӯз одамони масъул сумкаҳоро тафтиш мекарданд. Чанде пеш як дӯстам занг заду гуфт, ки ба хотири тоҷик буданаш соҳибхона ӯро аз хонаи иҷора пеш кардааст. Аз тарафи мақомот бошад то ҳоло ягон санҷишу рейд гузаронида нашудааст ва вазъият мисли пештара аст”, – мегӯяд ӯ.
Муносибати корфармоён ва рустаборон нисбати тоҷикон
Муҳоҷири дигари тоҷик Фарҳоди Дилфигор мебошад, ки беш аз 20 сол аст ба Русия барои кор меравад. Ӯ дар Митишии вилояти Москва ҳамчун сохмончӣ машғули кор аст. Қаҳрамони мо мегӯяд, баъди амали терористӣ муносибати корфармоён ва шаҳрвандони рус сард шудааст.
“Корфармоён шахсан ба мо нагуфтаанд. Аммо шунидам, ки мегуфтанд, ин ғайрирусҳоро ҳамаашонро ба ватанашон фиристодан лозим аст. Ҳоло баъди ин воқеа мо кам ба кӯча мебароем, эҳтиёт мекунем. Бо муҳоҷироне вохӯрдам, ки гуфтанд, “вақте ба мағоза барои харидани хӯрока рафтем, дар кӯча шахсони номаълум ба мо таҳдид намуданд ва фирор намудем”.
Фарҳод ягона таъминкунандаи хонавода мебошад. Ӯ нигарон аст, ки бо сабаби тоҷик будан агар онҳоро аз кор пеш кунанд, ба мушкилоти молӣ дучор хоҳанд шуд.
Тибқи хабарҳои охире, ки тариқи расонаҳои русӣ паҳн гашт, “рейд”-ҳои санҷишӣ нисбати муҳоҷирон оғоз гаштааст. Муҳоҷирони тоҷикро ин вазъият нигарон намудааст.
“Албатта нигарон ҳастам. Ба мушоҳида мерасад, ки баъзан дар ҳолати дуруст будани ҳуҷҷатҳои расмӣ низ дар рейдҳо муҳоҷиронро боздошт мекунанду соатҳо вақташонро талаф медиҳанд. Ба фикрам агар байни намояндагони ҳукумати Русия ва Тоҷикистон оид ба бегуноҳ будани миллати тоҷик ҳамоишҳо баргузор бигардад, тариқи расмӣ дар садою симои Русия тарғиб шавад, ки тоҷикон миллати бад нестанд, терорист миллат надорад, вазъи ояндаи муҳоҷирони тоҷик хубтар хоҳад шуд”, – иброз дошт ӯ.
Вазъ дар Екатеренбург чӣ гуна аст?
Дар шаҳри Екатеренбург низ вазъиятро муҳоҷирон мухталиф шарҳ медиҳанд. Муҳоҷире, ки дар ин шаҳр кор мекунад, аз ифшои номаш худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки пулис дар шаҳр мошинҳоро боздошта, тафтиш мекунад. Аммо онҳо ҳолати рейдро дар кӯчаҳо мушоҳида накардаанд.
Вале мегӯяд, чанде аз дӯстонаш, ки дар бозор фурӯшандагӣ мекунанд, гуфтанд, ки аллакай мавриди санҷиши мақомоти пулиси Русия қарор гирифтаанд. Вале дақиқ нест, ки баъди ду рӯзи дигар чӣ вазъияте онҳоро интизор аст.
Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки нахост номашро ошкор кунем, мегӯяд, ки вазъият дар Екатеренбург айни ҳол нисбатан мӯътадил аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳолати баамаломада дар оянда ба кору зиндагии муҳоҷирон шояд зарар расонад.
“Баъди воқеаи тирпаронӣ муносибати насли калонсоли рус тағйир наёфтааст, ҳоло ҳам бо мо гуфтугӯ мекунанд. Аммо вақте дар берун ба марказҳои харид меравем, насли ҷавон бо нигоҳи таҳқиромез менигаранд”, – мегӯяд ӯ.
Муҳоҷир илова намуд, ки агар рейдҳо сар шаванд наметавонанд саривақт ба кор раванд ва ҳам ин санҷишҳо мисли пешин нахоҳанд буд.
“Тавре мебинем, ҳатто муҳоҷиронеро, ки ҳуҷҷатҳояшон комил аст, мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд. Пештар корхона то омода шудани патент ҳам моро ба кор қабул мекард. Аммо ҳоло ҳеҷ нафареро бидуни патент ба кор намегиранд. Онҳо бояд аз 15 то 30 рӯз мунтазири омода шудани патентҳояшон бошанд. Таъсири ин фоҷиа дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд”, -иброз дошт ӯ.
Your.tj