Барои солимии ҷомеа. Қиссаи ҷавони тоҷик, ки дар Олмон нутритсиология меомӯзад

“Тавозуни ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ, хоби кофӣ ва одатҳои ҳаррӯза – асоси саломатӣ мебошанд. Маҳз ҳамин тарзи фикрро мехоҳам тавассути блоги худ ба ҷомеа расонам”.

Мӯҳсинҷон Ахмедов дар Олмон аз рӯйи ихтисоси «Heilerziehungspflege» таҳсил дошта, ба омӯзиши педагогикаи инклюзивӣ ва дастгирии шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус машғул аст. Ӯ қариб ду сол илми нутритсиологияро дар сатҳи касбӣ омӯхт. Вай имрӯз баъи омӯзише, ки дар ин соҳа гирифт, дар кишварҳои Аврупо ҳамчун нутритсиологи касбӣ фаъолият бурда метавонад.

Ҷавон бо муаллифи Your.tj дар бораи чӣ гуна ба омӯзиши нутрисиолгия таваҷҷуҳ зоҳир сохтан, ба интихоби ғизои солиму тарзи фаъоли зиндагӣ одат кардан ва махсусияти таҳсилу кор дар Олмон суҳбат орост.

Ман кай ба ғизо ва саломатии худ аҳамият додам?”

Мӯҳсинҷон қаблан ба чигунагии ғизо ва вазъи саломатии худ чандон аҳамияти зиёд намедод. Чун вақти зиёдро ба кору таҳсил базшида буд. Ӯ дар Олмон аз рӯйи ихтисоси парастории беморон таҳсил дошт. Аз ин ҷост, ки ба омӯхтани соҳаи тибб шавқи зиёд пайдо кард. Соли 2023 буд, ҷавон дар баробари таҳсил боз дар яке аз беморхонаҳои Олмон кор мекард.

“Пас аз дарсҳои донишгоҳ ҳар рӯз ба кор мерафтам. Аз серкорӣ ба ғизо ва тарзи ҳаёти худ қариб, ки аҳамият намедодам. Бо гузашти вақт вазнам зиёд шуд, дар тан эҳсоси хастагиву камқувватӣ пайдо шуд. Ҳарчанд мо дар беморхона дар бораи саломатӣ ва ғизо доимо суҳбат мекардем. Мисли аксари одамон фикр мекардам, ки ин масъала ба ман чандон дахл надорад”, – ба ёд овард Мӯҳсинҷон.

Вай вақте ба рухсати меҳнатӣ баромад, тасмим гирифт, ки дигар ба чунин тарз кору зиндагиашро пеш намебарад. Ҳаёташро пурра тағйир дод, албатта, бо диққати ҷиддӣ додан ба ғизои солим, варзиш ва реҷаи зиндагӣ.

– Баъди чанд вақт дар саломатиам тағйироти мусбат эҳсос кардам. Ҳамзамон, ба дӯстонам барои зиёд кардани массаи мушакӣ кӯмак мекардам. Вақти холиро бо мутолиаи адабиёти илмӣ дар бораи ғизо, иловаҳои ғизоӣ ва фаъолияти организми инсон мегузаронидам. Тадриҷан фаҳмидам, ки нутритсиология маҳз ҳамон соҳаест, ки ба он ҳаётамро бахшиданиям, – изҳор дошт Мӯҳсинҷон.

Имрӯз муҳимияти илми нутритсиология дар чист?

Аз рӯйи фаҳмиши Мӯҳсинҷон Ахмедов, нутритсиология танҳо омӯзиши ғизо ё ҳисоб кардани калорияҳо нест. Он илмест, ки масъалаҳои махсусияти ғизо, тарзи зиндагӣ, ҳаракати ҷисмонӣ, хоб ва таъсири одатҳои ҳаррӯза ба фаъолияти организми инсонро меомӯзад.

– Нутритсиолог кӯмак мекунад, то ки инсон эҳтиёҷоти бадани худро дуруст дарк созаду ғизои мувофиқро интихоб кунад ва тарзи ҳаёти солимро ба роҳ бимонад. Имрӯз ин ихтисос талаботи бештар аз пештарро дорад, зеро бисёр одамони сайёраи мо бо вазни зиёдатӣ, хастагии доимӣ ва дигар мушкилот гирифторанд, ки аксар вақт пайдоиши онҳо ба ғизои нодуруст ва тарзи ҳаёти камҳаракат алоқаманд мебошад, – фикр дорад мутахассиси ҷавон.

Баъзеҳо ба қаҳрамони мо мегуфтанд, ки ин соҳа барои Тоҷикистон мувофиқ нест, зеро мардум ба одатҳои ғизоии худ одат кардаанд ва тағйир додани он амри муҳол нест. Аммо нигоҳи Мӯҳсинҷон дигар аст. Агар одамон ба мушкилии саломатӣ рӯ ба рӯ шаванду роҳи дурусти ҳалли онро надонанд, пас ин мушкил боз ҳам калонтар мешавад.

“Мо бисёр мешунавем, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Вале, ҷавонони мо агар солим набошанд, чӣ гуна ояндаи миллатро солим нигоҳ медоранд? Дуруст аст, ки сармоягузорӣ ба саломатии ҷавонон сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст. Саломатӣ танҳо набудани беморӣ нест. Ин нерӯ, фикри равшан, қобилияти таҳсил, меҳнат ва тарбия кардани насли оянда аст”, – меандешад мутахассиси ҷавон.

Як рӯзи маъмулии донишҷӯ дар Олмон чӣ гуна мегузарад?

Рӯзи Мӯҳсинҷон дар Олмон барномаи муайян дорад, аммо ба гуфтаи ӯ, рӯзҳо якранг сипарӣ намешавад.

«Одатан рӯзамро бо наҳорӣ оғоз мекунам. Баъд, вобаста ба ҷадвал, ё ба донишгоҳ меравам, ё дар таҷрибаи амалӣ иштирок мекунам. Аммо танҳо бо дарсҳои аудитория маҳдуд намешавам. Қисми зиёди вақти худро ба омӯзиши мустақил мебахшам. Дар баробари таҳсилу кор, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол ҳастам. Наворҳои омӯзишӣ омода сохта, бо ин роҳ донишҳои андӯхтаамро ба дигарон дастрас мекунам. Агар донишам ба касе фоида расонад, худро хушбахт ҳис мекунам», – гуфт ӯ.

Яке аз аввалин чизҳое, ки Мӯҳсинҷонро дар Олмон мафтун кард, муҳити орому ботартиб ва фазои мусоиди ин кишвар барои зиндагӣ ва таҳсил буд.

«Муҳити таҳсил дар Олмон барои донишҷӯ чизи бисёр дода метавонад, пеш аз ҳама, озодии фикр ва муносибати эҳтиромомези омӯзгоронро. Дар ин ҷо донишҷӯ метавонад озодона андешаи худро баён кунад, савол диҳад ва ҳатто агар иштибоҳ ҳам кунад, касе ӯро таҳқир намекунад. Баръакс,устод кӯшиш мекунад сабаби хатоиро фаҳмонад ва барои беҳтар дарк кардани мавзӯъ кумак намояд. Ба назари ман, маҳз дар чунин муҳит инсон воқеан рушд мекунад», – бовар дорад ӯ.

Тасаввуроти нодуруст дар бораи ғизои солим

Ба назари Мӯҳсинҷон, яке аз хатоҳои маъмултарини бархеҳо дар ин аст, ки ғизои солимро бо парҳезҳои сахт ё маҳдудиятҳои зиёд баробар медонанд. Дар ҳоле, ки ғизои солим маънои гуруснагӣ кашидан ё пурра даст кашидан аз хӯрокҳои дӯстдоштаро надорад.

– Маҷбур кардан ба парҳезҳои хеле маҳдуд барои бисёриҳо ғайривоқеист. Боз чунин парҳез натиҷаи дарозмуддат намедиҳад. Инсон ба ғизои ҳаррӯзаи худ одат мекунад. Ҳатто завқу ҳисси таъм низ бо мурури замон ба ҳамин тарзи ғизохӯрӣ мутобиқ мешавад. Барои ҳамин, тағйири одатҳои ғизоӣ бояд тадриҷан ва оқилона сурат гирад, на якбора, – бовар дорад ҳамсуҳбти мо.

Ҳамчунин баъзеҳо фикр мекунанд, ки барои хӯроки солим доштан бояд маҳсулоти гаронарзиш харид. Вале дар асл, бо маҳсулоти оддӣ ва маҳаллӣ ҳам метавон ғизои мутавозин ташкил кард.

Хатари муроҷиат ба “мутахассиси ғизо”– и интернетӣ

Мӯҳсинҷон мегӯяд, имрӯз ҳар кас метавонад худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ «мутахассиси ғизо» муаррифӣ кунад, аммо набояд нодида гирифт, ки на ҳама тавсияҳо ба донишҳои илмӣ асосноканд. Дар таърих ҳолатҳое буданд, ки одамон аз сабаби пайравӣ ба парҳезҳои беасос ҳатто ҷони худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи Мӯҳсинҷон, дар Тоҷикистон низ чунин ҳолатҳо вуҷуд доранд.

«Баъзе мизоҷоне, ки пеш аз муроҷиат ба ман аз дигарон маслиҳат гирифта буданд, бо реҷаи ғизоии номутаносиб ва тавсияҳои нодуруст меомаданд. Ин нишон медиҳад, ки на ҳар маслиҳате, ки дар интернет нашр мешавад, барои саломатӣ муфид аст.

Пеш аз пайравӣ ба маслиҳатҳои ғизоӣ, одамон ба тахассус ва донишҳои илмии муаллифи онҳо таваҷҷуҳ бояд кунанд. Масъулияти асосии мутахассис ин аст, ки ба саломатии инсон зарар нарасонад. Аз ин рӯ, ҳар як тавсия бояд бар асоси илму таҷриба ва бо масъулият пешниҳод шавад», – гуфт мутахассиси ҷавон.

Воқеае, ки барои таъсиси блог сабаб шуд

Тамошои як навори кӯтоҳ дар Instagram сабаб шуд, ки Мӯҳсинҷон ба эҷоди муҳтавои омӯзишӣ ҷиддӣ машғул шавад.

«Дар он навор як нафар иддао мекард, ки диабети навъи якум ва дуюмро танҳо бо парҳез дар муддати кӯтоҳ табобат кардан мумкин аст. Ин маро хеле нигарон кард, зеро чунин иддаоҳо ба далелҳои илмӣ мувофиқат намекунанд», – ба доми шубҳа афтода буд ӯ.

Мӯҳсинҷон ба муаллифи навор навишт, ки чунин ваъдаҳо метавонанд одамонро гумроҳ кунанд ва беҳтар аст маълумоти илмӣ пешниҳод шавад. Аммо ба ҷойи посух, ӯро аз саҳифа маҳкам карданд. Баъдтар маълум шуд, ки барои чунин «барномаҳо» аз мардум маблағ низ мегиранд.

«Баъди ин ҳолат бори дигар фаҳмидам, кки ҷомеаи мо ба маълумоти дурусту боэътимод ниёзи бештар дорад. Аз ҳамон вақт тасмим гирифтам, ки донишҳои илмиро ба забони сода ба мардум расонам, афсонаҳоро аз ҳақиқат ҷудо кунам ва ба онҳо барои қабули қарорҳои дуруст кумак расонам», – ба ёд овард ҷавон.

Аввалин наворҳои Мӯҳсинҷон, баръакси интизораш чандон хуб пазируфтанашуданд.

«Баъзеҳо ҳатто аз саҳифаи ман хориҷ шуданд. Дӯстони деринаам ҳам мегуфтанд, ки ин кор беҳуда аст ва суханони нохуш мешунидам. Аммо медонистам, ки чаро ин роҳро интихоб кардаам ва корамро идома додам.

Вақте одамон аз муҳтавои ман дониш мегиранд, савол медиҳанд ва ҳатто бархеҳо тарзи зиндагии худро беҳтар мекунанд, мефаҳмам, ки заҳматҳоям беҳуда нест. Ин беҳтарин ангеза аст, то ки бештар омӯзам ва ба мардум хизмат кунам», – мегӯяд Мӯҳсинҷон.

Саволе, ки ба нутритсиолги ҷавон бештар медиҳанд?

Ба Мӯҳсинҷон мухотабони блогаш бештра бо чунин савол муроҷиат мекунанд: «Оё ин маҳсулот барои лоғар шудан хуб аст ё не?»
Дар посух ӯ ба онҳо мефаҳмонад, ки дар нутритсиология ба чунин савол ҷавоби содаи «ҳа» ё «не» вуҷуд надорад. Ҳар маҳсулотро наметавон танҳо “хуб” ё “бад” номид. Ҳама чиз ба миқдори истеъмол, тарзи ғизохӯрӣ, вазъи саломатӣ ва тарзи зиндагии инсон вобаста аст. Яъне, натиҷаи дилхоҳ бо як маҳсулоти алоҳида не, балки бо маҷмӯи одатҳои солим ба вуҷуд овардан мумкин.

«Бархе аз мизоҷон вазни худро кам карданд, иддае одатҳои ғизоии худро тағйир доданд ва гурӯҳи дигар беҳтар шудани саломатӣ ва сифати зиндагии худро эҳсос карданд. Беҳтарин далели самаранокии кори ман дар он аст, ки дар зиндагии одамон тағйироти мусбату воқеӣ ба вуҷуд меояд, на дар афзоиши шумораи мизоҷон, – изҳор дошт Мӯҳсинҷон.

Чӣ гуна як мизоҷ бе парҳези сахт 8 кг вазн партофт?

Мӯҳсинҷон аз як мизоҷаш мисол меорад, ки муддати тӯлонӣ барои кам кардани вазн талош мекард, аммо ба натиҷаи устувор намерасид.

«Мо аз парҳезҳои сахт оғоз накардем. Аввал одатҳои ҳаррӯза, тарзи ғизохӯрӣ ва реҷаи зиндагии ӯро таҳлил кардем. Баъд қадам ба қадам тағйироти хурд ворид намудем, то ин тарзи зиндагӣ барои ӯ иҷрошаванда бошад», – шарҳ дод мутахассис.

Чунин муносибат натиҷаи дилхоҳ дод.

– Мизоҷ тавонист тақрибан 8 килограмм вазн кам кунад. Муҳимтар аз ҳама, ин натиҷаро бе гуруснагӣ ва маҳдудиятҳои шадид ба даст овард. Муҳим рақамҳо нест, ҳадафи асосӣ ар ин аст, ки инсон одатҳои солимеро аз худ кунад, то ки тавонад онҳоро солҳои дароз нигоҳ дорад. Маҳз ҳамин гуна тағйирот натиҷаи устувор меорад», – ба ин бовар аст ҳамсуҳбати мо.

На футболист шудам на актёр, чунки…

Мӯҳсинҷон Ахмедов соли 2002 дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Ӯ то синфи 4 дар мактаби №14 таҳсил карда, баъд таҳсилро дар Литсейи физика ва математика ба номи Муҳаммад Осимӣ-и шаҳри Хуҷанд идома медиҳад.

Ба гуфтаи Мӯҳсинҷон, дар солҳои мактабӣ аз фаъолтарин хонандагон набуд. Оромтабиат буду бештар дар олами андешаҳои худ зиндагӣ мекард.

«Футболро хеле дӯст медоштам. Орзу доштам дар ягон даста бозӣ кунам, аммо чунин имконият насибам нашуд. Бо вуҷуди ин, муҳаббат ба футбол то имрӯз бо ман мондааст. Боз мехостам актёр шавам. Барои ҳамин забони туркиро меомӯхтам ва ният доштам ба мактаби актёрии Истанбул дохил шавам. Бо сабаби шароити молиявӣ ин орзуам амалӣ нашуд. Хати сарнавишт ба дигар самт бурд, ки аз он пушймон нестам”, – қисса кард ӯ.

Чӣ чиз дар Олмон донишҷӯи тоҷикро бештар ба ҳайрат овард?

Мӯҳсинҷон тибқи барномаи FSJ (Freiwilliges Soziales Jahr) ба коллеҷи Camphill Ausbildungen gGmbH, ки дар ноҳияи Бодензе (Фрикинген) – и Олмон ҷойгир аст, имкони таҳсил пайдо кард. Охири соли охири 2021 буд, ки ба ин кишвар рахти сафар баст. Аввалин рӯзҳои зиндагӣ дар Олмон барои Мӯҳсинҷон пур аз таассурот буданд.

«Аз ҳама бештар муносибати одамон нисбат ба якдигар маро ба ҳайрат овард. Онҳо ба калонсолон, кӯдакон ва умуман ба ҳар як инсон бо эҳтиром муносибат мекунанд. Инро на танҳо дар сухан, балки дар рафтори ҳаррӯза ҳам мебинед. Фарҳанги риояи қонун, масъулиятшиносӣ ва тартибу низом низ ҷаҳонбиниамро тағйир дод, – иқрор шуд вай.

Имрӯз Мӯҳсинҷон орзу дорад, ки донишҳои андӯхтаашро ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон истифода барад.

«Мехоҳам дар Тоҷикистон фарҳанги нави муносибат ба ғизо ба вуҷуд ояд. Фарҳанге, ки дар он қарорҳо бар асоси далелҳои илмӣ қабул мешаванд, на бар пояи афсонаҳо ё таблиғоти беасос”, – дар ҷамъбасти суҳбат гуфт қаҳрамони мо.

Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj

Skip to toolbar