logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Барои сафарбар кардан ба хизмати пулакӣ". Боздошти як нозири минтақавӣ бо гумони қаллобӣ

Аз як сокини Қубодиён 66 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати ӯ ягон амали муайянро иҷро накарда, ин маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.

Your tj

19:3723.05.2024

Нозири минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қубодиён Давлатзода С.Д. бо гумони қаллобӣ боздошт шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, Давлатзода моҳи октябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Э.А. даромад.

“Ӯ аз номбурда бо баҳонаи сафарбар намудани наберааш Э.М.А. ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ (хизмати алтернативӣ ё пулакӣ) маблағи 66 ҳазор сомонӣ талаб намуд”,- менависад Агентӣ.

Ин ниҳод менависад, Давлатзода С.Д. ваколати сафарбар намудани шаҳрвандро ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ надорад, вале бо вуҷуди ин дидаву дониста аз шаҳрванд Э.А. маблағи болозикрро мегирад.

“Аммо ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда тасарруф намуд”,- менависад Агентӣ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатзода С.Д. бо моддаи 247 (Қаллобӣ) қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Мувофиқи ин банди қонун гумонбарро ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробар ба 72 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Агентии мубориза бо коррупсия рӯзи 13 май аз боздошти Асомуддинов А.З. сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссарияти ҳарбӣ дар ноҳияи Темурмалик бо гумони гирифтани пора хабар дода буд.

Номбурда миёнаи моҳи августи соли 2023 барои ба рӯйхати хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузаронидани писари як сокини ин ноҳия аз 12 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст.

Читайте также

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

2 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

2 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

4 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

4 дня назад

Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад

4 дня назад