fbpx

Барои озори ҷавондухтари роҳгузар ронанда 10 рӯз ҳабс шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points

Ҳуҷуми малах ба 34 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон

Ҳуҷуми малах дар 34 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Хатлон нигаронкунанда мебошад.

Феълан баҳри нест кардани ин ҳашароти зарарасон 34 трактори дорупошӣ, 645 адад дорупошаки дастӣ, 6 автомошинаи дорупошӣ ва 840 нафар қувваи корӣ сафарбар гардидаанд, изҳор доштааст Дилшод Аҳмадов, масъули “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Дар феҳрасти минтақаҳои нисбатан осебпазир аз малах Аҳмадов ноҳияҳои Вахш, Шаҳритус, Данғара, Фархор, Қушониён ва Панҷро ном бурдааст.

Вай изҳор доштааст, ки аз ҳама бештар талу теппаҳои шаҳри Ҳисор таҳти ҳуҷуми малах қарор гирифтаанд.

Аз ҷумлаи мушкилоти мубориза бо ин зараррасонҳо он гуфта мешавад, ки ин ҳашарот тӯли се моҳ зарари худро расонда, пас ба тухмгузорӣ шуруъ мекунад.

“Асосан малахҳо тухмҳои худро дар ҷойҳои дастнорас мегузоранд, ки барои нест кардани онҳо мушкилот пеш меояд”, – омадааст дар матлаб.

Олимони соҳаи кишоварзӣ мегӯянд, нисбатан гарму камбориш омадани фасли сармои гузашта барои авҷи ҳар гуна касаливу афзоиши ҳашароти зараррасон мусоидат мекунад ва ӯ зарур медонад, ки тадбирҳо барои пешгирӣ таҳким бахшида шаванд.

Барои озори ҷавондухтари роҳгузар ронанда 10 рӯз ҳабс шуд

Дилшод Сатторови 24-сола, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ барои рафтори ношоиста нисбати ҷавондухтар дар шаҳри Душанбе ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанб хабар медищад, рӯзи 2 май як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли расми автомашинаи сабукрави тамғаи «ВАЗ-21010 аз мақомоти милитсия дархост намудааст, то нисбати ронандаи ҷавони ин автомашина чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

“Ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбати як ҷавондухтари роҳгузар беэҳтиромӣ ва дар қисмати қафои баданаш бо шаппотӣ зада, ӯро мавриди масхара қарор додааcт”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, зимни пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ иқрор намуда, сидқан изҳори пушаймонӣ кардааст.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Дилшод Сатторов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.

Тошиев аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ кард

Муовини раиси Девони Вазирон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев, ки роҳбари ҳайати ҳукуматии аломатгузории сарҳади ин кишвар бо давлатҳои ҳамсоя мебошад, дар робита ба масъалаҳои сарҳадӣ ҷаласа баргузор намуд.

Дар ҷаласа аъзои доимии ҳайати Ҳукуматии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон ширкат дошт.

Дар ин нишаст масъалаҳои марбут ба аломатгузории сарҳадҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

“Тошиев қайд кард, ки кори ҳайати ҳукуматӣ бо назардошти манфиатҳои Қирғизистон сурат гирифта, аз ҷумла гуфтушунидҳо бо ҳайатҳои кишварҳои ҳамсоя идома доранд”, – хабар медиҳад дафтари матбуотии Девони Вазирон.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянии қисматҳои дигари марзӣ мунтазам боиси таниши ҷонибҳо мегардад, ки баъзан ба даргирии мусаллаҳона ва хунрезиҳо мепечад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend