fbpx

Барои ивази шиносномаҳои “куҳна” бо шиносномаҳои навъи пластикӣ ҳамагӣ як моҳ монд

Барои гирифтани шиносномаи пластикӣ кадом намуди ҳуҷҷатҳо лозиманд?


-4
-4 points
Акс аз сомонаи Азия плюс

Тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 фурӯш ва аз нав бақайдгирии симкортҳо дар Тоҷикистон дар асоси шиносномаи шаҳрвандии навъи пластикӣ (ID) анҷом дода мешавад. Яъне шаҳрвандоне, ки  дорои шиносномаҳои куҳнаанд, уҳдадоранд, ки то 15-уми феврали соли 2022 шиносномаҳояшонро нав кунанд ва аз нав симкортҳои худро дар ширкатҳои мобилӣ ба қайд гиранд.

Ин амалиёт  бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2016 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” бақайдгирии симкортҳои мобилии шаҳрвандон бо шиносномаҳои пластикӣ ID, ҷорӣ карда шудааст.

Мутобиқи банди 3-и қарори  мазкур ба номи як шахс дар асоси шиносномаи  ID  танҳо доштани 2 SIM-корт аз тамоми ширкатҳои мобилӣ иҷозат дода мешавад.

Қарори ивази шиносномаҳо моҳи феврали соли 2019 роҳандозӣ шуд ва барои ин кор ба сохторҳои дахлдор то моҳи августи соли 2019 муҳлат доданд. Аммо дар ин муддат аксарият шиносномаҳояшонро иваз накарданд ва Ҳукумати кишвар муҳлатро то 15-уми феврали соли 2020 тамдид карда буд.

Вале дар ин муҳлат ҳам мардум натавонистанд шиносномаҳои худро иваз карда, симкортҳои худро дубора ба қайд гиранд. Аз ҳамин лиҳоз ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои ивази шиноснома то 15 феврали соли 2022 муҳлат дода шуд.

​Тавре мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, онҳое, ки телефони мобилӣ ва симкорт надоранд, вазифадор нестанд, ки шиносномаи куҳна ваё коғазии соли 1996-ро бо шиносномаи пластикӣ иваз кунанд. Тибқи қарори ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои мобилӣ бояд симкортҳои худро бо шиносномаҳои пластикӣ ё ID дубора сабтином намоянд.

 Барои гирифтани шиносномаи пластикӣ кадом намуди ҳуҷҷатҳо лозиманд ?

Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • Шиносномаи намунаи соли 1996.
  • Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
  • Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
  • Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ШМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).
  • Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
  • Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи Қарори ҳукумати кишвар гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 барои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон ва маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 ба таври ройгон мебошад. 

Малика Сафарзода 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-4
-4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
10
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
6
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend