Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:3514.10.2025
Ба таҳсил дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла миёни довталабони тоҷик, талабот зиёд аст. Вале на ҳама бо раванди қабул ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Амрико ошно аст.
Мо бо коршиноси самти таҳсил дар ИМА суҳбат кардем ва ба саволҳое, ки аксар вақт нафарони хоҳишманд барои таҳсил дар мактабҳои олии Амрико медиҳанд, посух дарёфтем.
Ба саволҳо Аниса Ҳоҷиева, ҳамоҳангсози барномаи EducationUSA дар Тоҷикистон, мушовир оид ба таҳсил дар ИМА посух медиҳад.
Бале, метавонад. Донишгоҳҳои Амрико шаҳодатномаи хатми мактабҳои Тоҷикистонро дар бораи хатми синфи 11 ҳамчун далели таҳсилоти миёна қабул мекунанд.
Ду давраи асосӣ вуҷуд дорад, ки донишҷӯ метавонад ба таҳсил оғоз кунад: семестри тирамоҳӣ (охири моҳи август) ва семестри баҳорӣ (нимаи моҳи январ).
Аксар вақт, донишҷӯёни бакалавр таҳсилро дар охири моҳи август оғоз мекунанд.
Дархост ба донишгоҳҳои ИМА бояд на камтар аз 6 моҳ пеш аз оғози таҳсили пешбинишуда пешниҳод карда шаванд.
Албатта, мӯҳлат метавонад фарқ кунад, аммо одатан ариза барои баррасӣ то моҳи январ фиристода мешавад.
Ҳамааш аз самти интихобкардаи таҳсил ва донишгоҳ вобаста аст. Агар самти интихобкардаи шумо имкон диҳад, ки таҳсилро дар семестри баҳорӣ оғоз кунед, пас бале, шумо метавонед.
Аввалан, шумо бояд малакаҳои забони англисии худро такмил диҳед. Донишҷӯёни хориҷӣ бояд ҳадди аққал дараҷаи B2 дошта бошанд.
Дуюм, шумо бояд дар мактабатон хуб таҳсил карда, дар ҳаёти ҷамъиятии он иштирок намуда ва берун аз он фаъол бошед.
Нишондодҳои таълимӣ ва муваффақият дар озмунҳо барои довталаб бартарии бузург аст, хусусан агар шумо хоҳед, ки аз донишгоҳ кӯмаки молиявӣ гиред.
Шуғли дӯстдошта доштан ё масалан, ба варзиш машғул будан хеле муҳим аст.
Ба бодиққат аз назар гузаронидани донишгоҳҳо аз синфи 10-ум оғоз кунед, то муайян намоед, ки шумо ба куҷо рафтан мехоҳед ва барои ин чӣ кор кардан лозим аст.
Дар миёнаи синфи даҳ тайёриро ба санҷишҳо ва имтиҳонҳо cap кунед, то ки то тирамоҳи соли оянда баҳои хуб ба даст оред.
Эссеи шумо бояд:
Мавзӯи эссеи бояд барои шумо муҳим бошад ва қисса бояд ҳақиқат бошад.
Мавзӯъҳои гуногун барои эссе мавҷуданд ва мувофиқи он талаботи иловагие ҳаст, ки бояд ба назар гирифта шавад, аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки эссе дар бораи шумо нақл кунад, на ин ки танҳо муваффақият ва дастовардҳои шуморо номбар намояд.
Ҳар қадар зудтар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст, зеро кафолат нест, ки шумо бори аввал аз санҷишҳо ва имтиҳонҳо барои гирифтани холҳои зарурӣ мегузаред ё не.
Агар имкон бошад, тавсия медиҳем, ки тобистон баъди гузаштан ба синфи даҳум имтиҳон супоред.
Дар донишгоҳҳои Амрико амалан имтиҳони дохилӣ вуҷуд надорад.
Танҳо агар ба ягон соҳаи эҷодӣ ё мусиқӣ дохил шудан хоҳед, ба шумо лозим меояд, ки портфолио пешниҳод кунед ё аз санҷиш гузаред.
Барои дохил шудан ба донишгоҳ шумо бояд фиристед:
Бале, имкон дорад. Донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд ба дастгирии молиявии донишгоҳ сазовор шаванд.
Кӯмакпулӣ метавонад қисман ё пурра бошад. Он дар асоси вазъи молиявии оилаи довталаб ё нишондодҳои таълимӣ ва муваффақияти ӯ дода мешавад.
Имкон дорад. Аксар вақт, гранти пурра маблағи таҳсил, хобгоҳ, хӯрок дар хобгоҳ ва суғуртаро фаро мегирад.
Бале, мегиранд. Одатан он аз 20 то 100 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аммо агар довталаб имкони пардохти ин маблағро надошта бошад, метавонад ба донишгоҳ муроҷиат намояд ва хоҳиш кунад, ки аз пардохти маблағ озод карда шавад.
Тақрибан 40% донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида ҳаққи қабули дархости довталабонро талаб намекунанд.
Ба ин савол ҷавоб додан душвор аст. Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои ИМА хеле фарқ мекунад.
Ягона фарқияти коллеҷи чорсола ва донишгоҳи чорсола дар он аст, ки дар донишгоҳ на танҳо дараҷаи бакалавр, балки магистр ва докторантура низ гирифтан мумкин аст.
Аммо, байни коллеҷи дусола ва коллеҷ ва донишгоҳи чорсола фарқияти калон вуҷуд дорад.
Пас аз хатми коллеҷи дусола (инчунин он Community College номида мешавад), шумо дараҷаи Associate Degree – дараҷаи шарикӣ мегиред, ки танҳо ба ду соли аввали таҳсили бакалаврӣ баробар аст.
Не, ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад.
Муҳим он аст, ки ҳангоми ба бакалавриат супоридани ҳуҷҷатҳо аттестат дар бораи маълумоти миёна ва ё ҳангоми ба магистратура супоридани дипломи бакалавр дошта бошед.
Бале, аксари донишгоҳҳои ИМА барои донишҷӯёни хориҷӣ хобгоҳ медиҳанд.
Дар Иёлоти Муттаҳида зиёда аз 4000 донишгоҳ ва коллеҷҳо мавҷуданд.
Дар умум, раванди ирсоли дархост дар аксари донишгоҳҳо хеле монанд аст. Аммо, дар байни ин муассисаҳои таълимӣ дар мавриди муҳлатҳои қабули довталабон, талаботи холҳо ва ғайра фарқ вуҷуд дорад.
Умуман чизе гуфтан хеле душвор аст. Ба шумо маслиҳат медиҳам, ки барои машварат ба мо муроҷиат кунед. Мо метавонем имкониятҳои донишгоҳеро, ки шумо ба он таваҷҷуҳ доред, муфассал таҳлил кунем.
Шумо метавонед барои машварати онлайнӣ ё офлайнӣ номнавис кунед:
Эзоҳ
EducationUSA шабакаи ҷаҳонии иборат аз 435 маркази иттилоотӣ ва машваратӣ дар 175 кишвари ҷаҳон мебошад, ки бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА фаъолият мекунанд.
Ташкилот ба таҳсилоти олӣ дар Иёлоти Муттаҳида тавассути пешниҳоди маълумоти дақиқ ва ҳамаҷониба дар бораи имкониятҳои таҳсил дар ҳама муассисаҳои аккредитатсияшудаи Иёлоти Муттаҳида мусоидат мекунад.
813 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад