Барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Тоҷикистон Комиссияи махсус ташкил шуд

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз фурӯравии оғили чорво ва қисман зарар дидани баъзе манзили сокинон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хабар доданд.


Сарвазири Тоҷикистон дар Мастчоҳ бо оқибатҳои заминларза ошно мешавад

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора дар нашри махсуси барномаи “Ахбор” –и Телевизиони “Тоҷикистон” хабар доданд.

“Дар асоси супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми хисороти заминларза муайян карда мешавад”,- гуфта мешавад дар хабар.

Шаби 23 –юми март, соати 01:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Маркази ҷумбиши қишри замин 132 километрии қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 50 км қисми шимолу ғарбии ноҳияи Рашт ва 96 км шаҳри Хуҷанд, дар деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, умқи 11 км ба қайд гирифта шудааст.

Қувваи заминларза дар маркази он 5 – 6 балл, минтақаи Рашт 4 – 5 балл ва шаҳри Душанбе 3 – 4 баллро ташкил намуд.

Оқибатҳои харобиовари заминларза дар Тоҷикистон. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Маротибаи дуюм соати 07:53 дақиқа ба вақти маҳаллӣ зилзила бо қувваи 4,8 дараҷа ба амал омад. Маркази заминларза 6 км дуртар аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40 км бо қувваи 4 балл, дар шаҳри Душанбе 1 – 2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз фурӯравии оғили чорво ва қисман зарар дидани баъзе манзили сокинон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хабар доданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳо нашр намуданд. Гуфта мешавад, ки чандин чорвои сокинон зери деворҳо монда талаф ёфтаанд.

Ба иттилои расонаҳо шаби гузашта қисме аз мардуми Тоҷикистон хонаҳои худро тарк карда, дар берун монданд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми март, тахминан соати 21:50 ба вақти маҳаллӣ Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод. Маркази зилзила 268 км шарқу ғарбии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон буд. Қувваи заминларза дар маркази он 7 ва дар шаҳри Душанбе 5 баллро ташкил дод.