logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Барои ҳамла ба муфтӣ 3 нафар маҳкум шудааст

Муҳаммадрофеъ Иззатуллозода барои ҳамла ба муфтӣ ба 26 соли зиндон, ду ҳамроҳи дигараш ба 13 ва 2 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Your tj

21:0813.02.2025

Рустам Мирзозода, раиси Суди Олӣ гуфт, дар робита ба ҳамла ба Саидмукаррам Абдулқодирзода раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон нисбати 3 нафар ҳукм содир шудааст.

Ӯ имрӯз, 13 феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммадрофеъ Иззатуллозода барои ҳамла ба муфтӣ ба 26 соли зиндон маҳкум гардидааст.

Мирзозода афзуд, ҳамлавар ба муфтӣ ду ҳамроҳи дигар доштааст. Яке Маҳмадҷон Шодихонов, ки ба муддати 13 сол ва дуввумӣ Қиёмиддин Файзуллоев, ки ба муҳлати 2 сол равонаи зиндон шудаанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Тибқи иттилои ӯ, ба Муҳаммарофеъ Иззатуллозода ҳамчун ҳамлагар ба муфтӣ бо моддаҳои 179 қисми 2, бандҳо “а” ва “в” (терроризм аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ аз ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ), 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 104 қисми 2 (одамкушӣ) ҷазо таъйин шудааст.

Раиси Суди Олӣ гуфт, ба Маҳмадҷон Шодихонов бо моддаи 36 қисми 5 (шарикони ҷиноят) ва 179 қисми 2 бандҳои “а”,”б” (терроризм аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) ва Қиёмиддин Файзуллоев бо моддаи 347 қисми 1 (хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин) Кодекси ҷиноятӣ ҷазо таъйин карда шудааст.

Тавре Рустам Мирзозода шарҳ дод, Иззатуллозода ва Шодихонов ҷиноятро пешакӣ байни ҳам карда бошанд ҳам, вале ҳангоми сӯиқасд аввалӣ танҳо буд, аз ин рӯ ҷазои ӯ бештар аст.

Рустам Мирзозода, раиси Суди Олӣ

Ӯ дар мавриди аз авбошӣ ба экстремизм гузаштани парванда гуфт, ҳангоми тафтишоти пешакӣ маълумоти нав пайдо шуд.

“Аксар вақт парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи дахлдор оғоз мегардад, вале ҳангоми тафтишоти пешакӣ маълум мешавад, ки дар баробари ин ҷиноят, ӯ боз ҷиноятҳои дигар содир намудааст. Масалан, одатан, ҳангоми тафтишот ҳар гуна китобу наворҳо пайдо мешаванд”,- шарҳ дод раиси Суди Олӣ.

Ҳамла ба Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 11-уми сентябр пас аз намози Аср дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз ҷониби як шахси ношинос сурат гирифта буд. Дар натиҷа муфтӣ аз пешониаш захм бардошт.

Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард ва бар зидди ӯ “парвандаи ҷиноятӣ” боз кардаанд. Дар бораи он ки ду нафари дигар кай ва чӣ гуна боздошт шуданд, маълумоте нест.

Комментарии (0)

Читайте также

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

13 часов назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

4 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

4 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

5 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

5 дня назад