улица Рудаки в Душанбе зимой

Барфу борон, шамол ва сардӣ. Обу ҳаво дар Тоҷикистон барои рӯзҳои охири ҳафта

Дар Тоҷикистон рӯзҳои охири ҳафта ҳаво сардтар шуда, боридани борону барф дар назар аст. Дар ин бора Маркази обуҳавошиносӣ хабар дод.

Боришот ва сардшавии ҳаво аз 15-уми декабр оғоз меёбад.

Дар шаҳри Душанбе

Рӯзҳои 15-16-уми декабр ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад.

Ҳарорати ҳаво 15-уми декабр шабона 2+4º гарм, рӯзона 7+9º гарм ва 16-уми декабр шабона 5-7º сард, рӯзона 2+4º гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

Рӯзҳои рӯзҳои 15-16-уми декабр борон ва барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10м/с дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад.

Ҳарорати ҳаво рӯзҳои охири ҳафта дар водиҳо шабона аз -1+4º то 2-7º сард, рӯзона аз 7+12º гарм то 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0-5º хунук то 8-13º сард, рӯзона аз 0+5º гарм то 0-5º сард мешавад.

Дар вилояти Суғд

Рӯзҳои охири ҳафта дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20м/с мевазад.

Ҳарорати ҳаво 15-уми декабр дар водиҳо шабона аз -1+4º то 2-7º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7º то 10-15º сард, рӯзона аз 1+6º гарм то 0-5º сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон

15-16-уми декабр борон ва барф меборад, дар баъзе  ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 19-24м/с мевазад.

Ҳарорати ҳаво 15-уми декабр дар водиҳо шабона аз 0+5º гарм то 3-8º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз -2+3º то 5-10º хунук, рӯзона 3+8º гарм ва 16-уми декабр дар водиҳо шабона аз 0+5º гарм то 3-8º хунук, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз -2+3º то 5-10º сард, 0-5º сард мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Рӯзи 15-уми декабр ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш мешавад ва 16-уми декабр дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад.

Ҳарорати ҳаво 15-16-уми декабр дар ғарби вилоят шабона аз 7-12º то 2-7º сард, рӯзона аз 1-6º сард то 1+6º гарм (дар н.Дарвоз шабона аз 3-5 сард то 2+4 гарм), дар шарқи вилоят шабона 22-27º сард (дар м.Булункӯл то 33-35º сард), рӯзона аз 10-15º то 4-9º сардмешавад.

Skip to toolbar